Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии Амрико мешавад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 22-юми март эълом кард, ки Ҷон Болтонро мушовири амнияти миллӣ таъйин кардааст.

Доналд Трамп ҳамчунин аз фаъолиятҳои Ҳерберт Макмастер дар ин мақом, сипосгузорӣ кардааст. Генерал Ҳерберт Макмастер дар авохири моҳи феврали соли 2017 пас аз барканор шудани Майкл Флин, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед таъйин шуда буд. ​

Ҷон Болтон аз ин пеш борҳо хостори чораҳои сахт алайҳи Эрон ва Кореяи Шимолӣ шуда буд.

Мақоми мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико симати муҳиме дар Кохи Сафед мебошад ва дар стратегияи низомии ИМА ва сиёсати хориҷии он кишвар нақши муассир дорад. Ҷон Болтон дар ҳукумати Ҷорҷ Буши писар сафири Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид буд.

Доналд Трамп дар Твиттери худ навиштааст, "бисёр хушвақтам, ки эълон кунам, ки аз рӯзи нӯҳуми апрели соли 2018 Ҷон Болтон мушовири амнияти миллии нав хоҳад буд. Ман аз генерал Ҳерберт Макмастер барои хизматаш ва кори фавқулоддаша бисёр ташаккур мекунам. Мо ҳамеша дӯст хоҳем монд."

Ҷон Болтон ҳам дар мусоҳибае бо шабакаи хабарии Fox News дар вокуниш ба навиштаи Доналд Трамп дар Твиттер гуфтааст, "ин ифтихори бузурге аст. Хизмат ба кишвар ҳамеша мояи ифтихор аст ва дар шароити феълӣ ифтихори вижае мебошад."

Ҷон Болтон аз ин пеш борҳо хостори чораҳои сахт алайҳи Эрон ва Кореяи Шимолӣ шуда буд. Ҷон Болтон соли гузашта дар як мусоҳиба гуфта буд, ки ҳукумати Амрико бояд аз талошҳо барои "тағйири режим" дар Эрон ҳимоят кунад ва чунин сиёсатро "танҳо роҳи ҳалли даромузмуддат" барои муқобила бо "таҳдид"-ҳои ҳукумати Эрон дар Ховари Миёна хонда буд.

Ҷон Болтон гуфта буд, "ҳукумати оятуллоҳо хатари аслӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти Ховари Миёна аст. Сарнагун кардани ин ҳукумат бидуни шакк оромиш ва хушнудиро ба минтақа боз хоҳанд гардонд ва дар айни ҳол муҳимтарин хатар дар минтақаро аз байн хоҳад бурд."

Доналд Трамп ҳамчунин ду ҳафта пеш Рикс Тиллерсонро аз вазорати умури хориҷӣ барканор ва Майк Помпео, раиси Созмони истихбороти марказии Амрикоро ба ҷои ӯ таъйин кард. Раиси ҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфта буд, ки "дар бархе масъалаҳо" бо Рекс Тиллерсон "мувофиқ набуданд."

Вай яке аз нуқтаҳои аслии ихтилоф бо вазири хориҷии пешини Амрикоро тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон дониста ва гуфта буд, "вақте, ки ба тавофуқ бо Эрон нигоҳ мекунед, ба назари ман бисёр бад аст, вале аз назари ӯ (Тиллерсон) мушкиле надорад. Ман дар пайи бекор кардани созиш ё анҷоми коре дар ин замина будам, вале ӯ каме дигартар фикр мекард. Бинобар ҳамин мо андешаи муштарак надоштем."

Дар чанд моҳи гузашта Доналд Трамп дар мавридҳои ҳассос аз сиёсати хориҷии Амрико мисли бӯҳрони Кореяи Шимолӣ ё муносибат бо барномаи ҳастаии Эрон, тасмимҳои Рекс Тиллерсонро зери суол бурда буд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG