Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазои беш аз 2500 узбекистонӣ барои напардохтани "алимент"


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар се моҳи аввали имсол 2593 касро барои напардохтани "алимент" ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Сухангӯйи Додгоҳи олии Узбекистон Азиз Обидов гуфтааст, дар ин давра барои напардохтани "алимент" 35 кас ҷарима ва 2558 касро ҳабс карданд.

Ба гуфтаи Обидов, соли гузашта дар умум 8 ҳазору 517 кас барои напардохтани алимент ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буд. Аз ин миён, 160 кас ҷарима ва 8357 тани дигарро ба ҳабс гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG