Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷик роботе сохтааст, ки "одамро мешиносад"


Суннатулло Қосимов, ихтироъкори ҷавон
Суннатулло Қосимов, ихтироъкори ҷавон

Як ҷавон дар Душанбе робот сохтааст ва талош дорад, ки ба он зеҳни сунъӣ насб кунад.

Суннатулло Қосимов, ихтироъкори ҷавони тоҷик ва раҳбари маҳфили ихтирокорони ҷавон дар литсейи инноватсионии Душанбе пас аз 6 соли таҳсил дар Русия ба Тоҷикистон баргашта, дар 3 моҳ нахустин роботи пайвастшаванда бо зеҳни сунъиро сохтааст.

Роботи сохтаи ӯ мисли одам фармонҳоро иҷро мекунад ва номи афроде, ки бо ӯ гап задаанд, дар хотир мегирад.

Ӯ гуфт: “Аллакай биноиши вай кор мекунад. Одамро мешиносад. Мегӯяд, ки номи вай кист. Дар хотираи худ сабт мекунад. Ва дафъаи дигар, ки одамро дид, мегӯяд, ки номи вай кист ва бо вай чӣ сӯҳбатҳо дошт.”

Видеоро инҷо бинед:

Муаллифи аввалин роботи тоҷикзабон ба дастгирӣ ниёз доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Роботи сохтаи Суннатулло 70 дарсад омода аст. Барои сохтани ин робот 30 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст. Таҷҳизоти роботро аз Русия ва Чин харидааст. Мехоҳад ин робот дар соҳаҳои мухталиф истифода шавад.

“Роботҳо дар оянда дар соҳаи тиб, соҳаи маориф, дар соҳаи амният бисёр зарур ҳастанд. Агар мо роботҳои худамонро бисозем, вақте ки ватанӣ бошад, инҳоро мо бе ягон ташвиш метавонем, дар соҳаи амният, дар соҳаи тиби худамон истифода барем,”—гуфт ӯ.

Ин таҷрибаи сеюми роботсозии Суннатуло аст. Ду роботи аввал сохтаи ӯ ба зеҳни сунъӣ пайваст набуданд ва бо се забон гап зада, ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекарданд. Ҳамзамон бо сохтани робот дар маҳфилаш ба шогирдон тарзи сохтани роботҳоро меомӯзад. Шогирдонаш ҳам завқи ихтирокор шуданро доранд. Аз ҷумла, Муҳаммадсафо Файзализода, хонандаи синфи 5 як роботи хурд сохтааст, ки аз ҷо ба ҷое бор мебарад.

Ба қавли Сунатулло интернети босуръат, бунёди озмоишгоҳҳои махсус ва сармоягузорӣ метавонад ба комёбии ихтироъкороне мисли ӯ кумак кунад. Вай афзуд, ки бо пайдо шудани сармоягузор метавонад корҳои бузургтареро низ анҷом диҳад. Суннаттуло мехоҳад дар мактабҳои Тоҷикистон лабараторияҳое ташкил шаванд, ки хонандагон аз овони мактабхонӣ ба роботсозӣ машғул бошанд.

Раҳбарони идораҳои давлатии Тоҷикистон дар нишастҳои расмӣ аз зеҳни сунъӣ ё рушди технологияҳои муосир суҳбат мекунанд, вале масъалаи истифодаи дастовардҳои илмӣ ё ихтирои олимони тоҷик дар истеҳсолот ё дигар бахшҳои хидматрасонӣ борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст. Ҳадафи ниҳоии Суннатулло ҳамин аст, ки маҳсули дасташ кору зиндагии мардумро осон ва ба рушди иқтисод мусодат кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG