Манобеи амниятӣ ба "Машъал", бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 25-уми октябр дар Дараи Исмоилхони аёлати Хайбар-Пахтунхоҳ рух дод.
Сарвазири Хайбар-Пахтунхоҳ дар баёнияе ҳамларо тасдиқ кард, вале теъдоди кушташудагонро нагуфт.
Ба иттилои манобеи пулис, Таҳрики Толибони Покистон масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифтааст.
Амрико аз соли 2010 ин гурӯҳи тундрави исломгароро созмони террористӣ медонад.