Вай дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттер) чанд далели тасмимашро номбар кард. Аз ҷумла гуфт, ба сабаби он ки фарзандонаш шаҳрвандии Амрикоро доранд, зери фишор монд.
Истеъфои Зариф пас аз ду ҳафтаи он сурат гирифт, ки раисҷумҳури тозаинтихоби Эрон Масъуд Пизишкиён ӯро муовини худ интихоб кард.
Замоне ки Зариф вазири умури хориҷии Эрон буд, ба далели нақшаш дар имзои созиши ҳастаӣ миёни Теҳрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар соли 2015 маҳбубияти нисбӣ пайдо кард.
Аммо изҳороти ӯ дар минбарҳои байнулмилалӣ ба ҳимоят аз нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон танқидҳои зиёде дар пай дошт.
Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст, ба кори илм бармегардад ва ба сиёсати дохилии Эрон камтар тамаркуз хоҳад кард.