Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хошуқҷиро дар консулгарии Саудӣ нафасгир ва сипас пора-пора кардаанд" ВИДЕО


Додситони Истанбул рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми октябр ба таври расмӣ эълон кард, ки Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди ҳукумати Риёз, пас аз ворид шудан ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар ин шаҳр, тибқи як нақшаи аз қабл тарҳрезишуда кушта шуд ва сипас ҷасадаш қитъа-қитъа ва аз ин маҳал берун бурда шудааст.

Мақомҳои Арабистони Саудӣ то ҳанӯз нагуфтаанд, ки бо ҷасади Хошуқҷӣ чӣ карданд ва он дар куҷо аст.

Ирфон Фидон, додситони Истанбул дар баёнияе, ки ду рӯз пас аз мулоқоташ бо додситони кулли Арабистони Саудӣ содир кард, гуфтааст, ки "бо вуҷуди талошҳо ва нияти неки мо барои кашфи ҳақиқат", мулоқотҳои баргузоршуда бо Сауд Ал-Муҷиб "натиҷаи назаррасе" надоштааст.

Ин баёния нахустин таъйиди расмии Туркия дар мавриди қатл ва пора-пора кардани Ҷамол Хошуқҷӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ аст. Бо ин ҳол, Анқара ҳеҷ санаде ва ё наворҳои савтӣ ва видеоие, ки гуфта мешава аз ин ҳодиса дар ихтиёр дорад, мунташир накардааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Хошуқҷиро дар консулгарии Саудӣ нафасгир ва сипас пора-пора кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:18 0:00

Туркия хоҳони истирдоди муттаҳамон аст

Туркия ҳамзамон хоҳони истирдоди 18 муттаҳаме аст, ки Арабистони Саудӣ мегӯяд, дар робита бо қатли Хошуқҷӣ дастгир кардааст. Ҳукумати Арабистони Саудӣ ба таслими ин афрод ба Туркия мухолифат кардааст.

Лаҳзаи ворид шудани Хошуқҷӣ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул.
Лаҳзаи ворид шудани Хошуқҷӣ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул.

Қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, ки рӯзи 2-юми октябр рух дод, ба бӯҳроне байналмилалӣ барои Арабистони Саудӣ табдил шуд. Риёз муттаҳам аст, ки қасд дорад, то ҳақиқатҳо дар бораи ин парвандаро рӯпӯш кунад.

Арабистони Саудӣ гуфтааст, ки ин амалиёт кори "афроди худсар" буд ва мақомҳои ин кишвар, ба вижа Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар, нақше дар он надоштаанд. Дӯстони Хошуқҷӣ ва шуморе аз аъзои Конгресси Амрико ва бисёре аз таҳлилгарон дар расонаҳо, тарроҳи ин қатлро валиаҳд Муҳаммад бин Салмон мегӯянд.

Арабистони Саудӣ то ду ҳафта пеш нисбат ба сарнвишти Хошуқҷӣ ибрози бехабарӣ мекард. Сипас ривояти худро тағйир дод ва гуфт, ки вай дар як "даргирӣ бо мушт" дар дохили консулгарӣ кушта шудааст ва сипас гуфт, ки қатли вай бар асоси "барномарезии қаблӣ" будааст. Мақомҳои Арабистони Саудӣ то ҳанӯз нагуфтаанд, ки бо ҷасади Хошуқҷӣ чӣ карданд ва он дар куҷо аст.

Эрдуғон: Ҷасади Хошуқҷӣ куҷост?

Қазияи қатли Хошуқҷӣ равобити бе ин ҳам сарди Анқара ва Риёзро боз тиратар кард.
Қазияи қатли Хошуқҷӣ равобити бе ин ҳам сарди Анқара ва Риёзро боз тиратар кард.

​Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз мақомоти Арабистони Саудӣ хостааст, ки ҳувияти афроди маҳаллие, ки бо ин гурӯҳи террори Арабистони Саудӣ ҳамкорӣ доштанд ва ҳамчунин маҳали ҷасади ин рӯзноманигорро мушаххас кунанд. Саудиҳо қаблан гуфта буданд, ки ҷасадро ба як шахси маҳаллӣ супурдаанд.

Хошуқчӣ рӯзи 2-юми октябр баъди ворид шуданаш ба консулгарии Саудӣ дар Истамбул нопадид шуд. Ӯ мехост дар ин ҷо санадҳои заруриро барои омодагӣ ба издивоҷаш дарёфт кунад. Расонаҳои байналмилалӣ ҳамон замон аз қавли мақомоти Туркия хабар доданд, ки оқои Хошуқҷӣ дар дохили консулгарӣ шиканҷа ва сипас кушта ва ҷасадаш пора-пора карда шудааст.

XS
SM
MD
LG