Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташаббуси сулҳҷӯёни исроилӣ


Шаҳри Байтулмуқаддас
Шаҳри Байтулмуқаддас

Гурӯҳе аз сиёсатмадорони исроилӣ, аз ҷумла собиқ фармондеҳони ин кишвар тарҳи сулҳ бо фаластиниҳоро матраҳ намудаанд.

Ин санад, ки “Ташаббуси сулҳи Исроил” ном дорад, бо илҳом аз ошӯбҳои кишварҳои арабӣ таҳия шуда, ҳалли осоиштаи бунёди ду давлат: Исроилу Фаластинро дар бар мегирад.

Ба ақидаи муаллифони ташаббус пойтахти Фаластин Байтулмуқаддаси шарқӣ эълон шуда, қисме аз соҳили ғарбӣ ва минтақаи Ғазза таҳти тасарруфи онҳо хоҳад буд.

Санади иборат аз ду саҳифаро камаш 40 симои маъруфи исроилӣ имзо кардаанд, ки қисман баъди шӯришҳои мамолики араб ва барканоршавии раҳбарони Тунису Миср ва ноором гардидани Либия, Сурия ва Яман ба чунин хулоса омадаанд.

Ташаббуси исроилиро метавон посух ба ташаббуси сулҳи Ҷомеа ё худ Лигаи мамолики араб унвон дод, ки соли 2002-ум бори аввал дар миён гузошта шуда, соли 2007-ум бо каме дигаргуниҳо бори дуюм матраҳ гардидааст.

Ин санад рӯзи шашуми апрел дар Телабиб ба таври расмӣ муаррифӣ мешавад. Дар он Исроил ба ташкили ду давлат эҳтиром қоил буда, муаллифони санад интизор доранд, ки ба ин восита давлати яҳудӣ ба сулҳи давомдор бо фаластиниҳо ва ҳамсоякишварҳои араб даст хоҳад ёфт.

Дар лоиҳаи ташаббуси сулҳ омадааст, ки Исроил аз манотиқи ишғолшуда берун гашта, дар ҷавоб кафолати сулҳ, равобити ҳусни ҳамҷаворӣ ва хатми низоъро ба даст меорад. Дар идомаи ин санад омадааст, ки фаластиниҳо соҳиби давлати Фаластин шуда, Исроил давлати яҳудиҳо хоҳад буд, ки дар он тибқи эъломияи истиқлоли исроил ақаллияти араб аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ баҳраманд хоҳад буд.

Бар пояи ин ташаббус Созиши пеш аз соли 1967 эҳё шуда, дар соҳили ғарбии рӯди Урдун бо назардошти маҳаллаҳои яҳудинишин табодули кучаки заминҳо ба амал меояд, ки набояд беш аз 7 дар сади заминҳои умумиро ташкил диҳад.

Ҳамчунонм уаллифони ташаббус пешниҳод кардаанд, ки Байтулмуқаддас пойтахти ду давлат бошад. Маҳаллаҳои яҳудинишини ин шаҳр таҳти тасарруфи исроил ва маҳаллаҳои арабнишин зери назорати Фаластин қарор хоҳад гирифт. Бар пояи пешниҳоди матраҳшӯуда дар шаҳри қадимӣ мавзеъҳои муқаддаси яҳудиён таҳти тасарруфи Исроил ва масҷиди Ҳарами Шариф минтақаи озод эълон хоҳад шуд.

Бар пояи ҳамин ташаббус муҳоҷирони фаластинӣ ба истинои ҳолатҳои рамзӣ бояд фақат ба қаламрави давлати нави Фаластин баргарданд.

Ҳамчунон муаллифони ташаббус иброз доштаанд, ки тепааҳои Ҷолан, ки дар соли 1981 аз тарафи Исроил ишғол шудаанд, дар тӯли панҷ сол ба Сурия баргардонида шаванд.

Аснои сӯҳбат бо рӯзномаи “Ню Йорк Тамс” Данни Ятом собиқ раҳбари хадамоти иктишофи Исроил-Моссад гуфтааст, ки ошӯбҳои мамолики араб боиси пешниҳоди ин тарҳ шудаанд. Ӯ афзудааст, ташаббус як ишораи имконоти нав ва роҳи ҳал ба фаластиниҳову суриягиҳои мӯътадил аст.
XS
SM
MD
LG