Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани муовини "амир"-и вилояти Хуросон


Мақомоти афғон мегӯянд, ки як раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар вилояти Ҳилманд кушта шудааст.

Барои нахустин бо як ниҳоди амниятии афғон таъйид кардааст, ки як раҳбари гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистонро ҳадаф қарор додааст. Раёсати амнияти миллии Афғонистон бо нашри иттилоия дар ин робита гуфтааст, ки фармондеҳ Абдурауф, рӯзи душанбе бо панҷ тан аз афродаш дар вулусволии Каҷакии Ҳилманд кушта шуд.

Дафтари матбуоти Раёсати амнияти миллии Афғонистон ҳамчунин гуфтааст, ки Абдурауф, машҳур ба "Ходим", яке аз аҳдофи нерӯҳои амниятии афғон дар як моҳи ахир ба шумор мерафт. Ин дар ҳолест, ки рӯзи якшанбе сухангӯи вазорати умури дохилӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ҳузур надорад ва набояд расонаҳо дар ин бора таблиғот кунанд. Раиси ҷумҳури Афғонистон низ рӯзи якшанбе дар нишасти амниятии Мюнхен гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро ба минтақа ва ҷаҳон таҳдиди ҷиддӣ хонда буд. Вай гуфт, ки кишварҳои минтақа бояд ба ин қазия ҷиддӣ бархӯрд кунанд.

Дар ин ҳол, фармондеҳии амнияти Ҳилманд низ таъйид кард, ки субҳи рӯзи душанбе фармондеҳ Абдурауф бо панҷ тан аз ҳамдастонаш аз Вазиристони Покистон, дар як ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини нерӯҳои эътилоф, кушта шудааст. Набиҷон Муллохел, бар Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдурауф қаблан як гурӯҳи мусаллаҳи ниқобпӯшро дар ин вилоят раҳбарӣ мекард. Бо ин ҳол, фармондеҳи амнияти Ҳилмонд нуфузи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин вилоятро радд кардааст.

Созмони “Давлати исломӣ”, ки бо ишғоли сарзаминҳое дар Сурияву Ироқ эҳёи хилофати воҳиди исломиро ҳадафи муборизаи худ интихоб кардааст, ахиран Ҳафиз Саид Хонро “амир”-и “устон”-и “Хуросон” таъин кард. “Хуросон” дар “харита”-и ин созмон паҳнои бузурге иборат аз қаламрави ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистону Покистону Балуҷистону Ҳинд ва шарқи Эронро муттаҳид мекунад.

Ҳафиз Саид Хон аз фармондеҳони собиқи Таҳрики Толибон Покистон, як гурӯҳи низ ифротиест, ки чанд сол боз дар сарзаминҳои қабиланишин ва вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ бо нирӯҳои давлатии Покистон ба хотири истиқрори низоми Шариат дар ин кишвар меҷангад. Ҳафиз Саид Хон дар Таҳрики Толибон мақоми “амир”-и сарзамини қабиланишини Оракзайро бар дӯш дошт. Ин “амир”, ки 42 сол дошта, бо номи Мулло Саид Оракзай низ маъруф аст, масъулияти идораи танзимҳои “Давлати исломӣ” дар як паҳнои бузурге аз Осиёи Марказӣ то Ҳиндро бар ӯҳда мегирад.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи нирӯҳои он дар Ховари Миёна аз 1000 то 2000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони тоҷик танҳо дар ҷанги Сурияро то 300 нафар мегӯянд. Вале худи ин ҷангиён дар Интернет иддао доранд, ки шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ҷангҳои Ховари Миёна ба маротиб бештар аст.

Ахиран Замир Кобулов, намояндаи раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, гурӯҳҳои ҷангҷӯ барои убур ба Осиёи Марказӣ дар рӯбарӯи марзҳои Туркманистон ва Тоҷикистон ду платсдарм сохтаанд. Мақомоти Афғонистон дар ин авохир чандин бор аз таҷаммӯи ҷангиёни гурӯҳҳои мухталиф, аз ҷумла онҳое ки ба “Давлати исломӣ” байъат супурдаанд, дар манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар дод.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд,хабари таҷаммӯи ҷангиёни исломӣ дар марз бо ин кишвар бештар ба воҳима мемонад, вале Душанбе ба ҳар сурат, аз 28 декабр, яъне аз рӯзи хуруҷи комили нирӯҳои ҷангии НАТО аз Афғонистон, мизони ҳифозати 1370 километр марзи мустақимаш бо ин кишвари ҷангзадаро тақвият додааст.

XS
SM
MD
LG