Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Давлати исломӣ" аз имкони тавлиди силоҳи кимиёвӣ маҳрум шуд?


Пентагон мегӯяд, ки ҳалокати яке аз фармондеҳони «Давлати исломӣ» тавони ин гурӯҳ барои тавлид ва истифода аз силоҳи кимиёвиро заъиф хоҳад кард.

Низомиёни воломақоми амрикоӣ рӯзи 31 январ аз кушта шудани Абӯ Малик, яке аз фармондеҳони «Давлати исломӣ» бар асари бомборони шаҳри Мовсили Ироқ хабар дод. Аммо Абӯ Малик ҳарчанд фармондеҳи сатҳи миёна буд, ӯ масъули таҳияи силоҳи кимиёвиро бар ӯҳда дошт. Абу Малик замони қудрати раисиҷумҳури пешини Ироқ Саддом Ҳусейн дар корхонаи кимиёвӣ кор мекард ва соли 2005 ба шабакаи “Ал-Қоида” пайваста буд. Ӯ чанд моҳ пеш ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шуд ва коршиноси аршад дар умури силоҳи кимиёвӣ маҳсуб мешуд.

Низомиёни воломақоми амрикоӣ мегӯянд, ки ҳалокати Абу Малик тавонмандии “Гурӯҳи исломӣ” барои тавлид ва истифодаи силоҳи кимиёвиро барои чанд муддат заъиф мекунад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо. Абу Малик бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ рӯзи 24 январ кушта шуда буд ва хабар дар бораи ҳалокати ӯ баъди таъийд шудан аз чанд манбаъ интишор шуд.

Ҳафтаи гузашта ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” дар Мовсил ва атрофи он зарба заданд. Ба иттилои расмӣ, шурӯъ аз рӯзи 8 августи соли гузашта ҳавопаймоҳои ИМА ва дигар кишварҳои Эътилофи зидди “Давлати исломӣ” ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар Ироқу Сурия беш аз 2 ҳазор бор ҳамла карданд.

Аз ин пеш дар як нишахсти хабарӣ дар Пентагон контр-адмирал Ҷон Кирбӣ гуфт, ки амалиёт алайҳи гурӯҳи «Давлати исломӣ» шояд аз се то панҷ сол идома кунад. Ӯ иқрор кард, ки зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ситезаҷӯён дар Ироқу Сурия зиёд муассир набуданд.

ИМА моҳи августи соли гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз пешрафти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки бахши аъзами шимоли Ироқро таҳти назорат қарор дода буд, ба зарбаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ шурӯъ намуд. Сипас ба ин амалиёт кишварҳои зиёд, аз ҷумла, давлатҳои араб ва Халиҷи Форс ҳамроҳ шуданд. Дар ҳоле, ки баъзе аз аъзои Эътилофи таҳти фармони ИМА, аз ҷумла, Канада ва Бритониё ба ҳукумати Ироқ дар мубориза бо ситезаҷӯён кӯмаки фанниву низомӣ мекунанд, ҳавопаймоҳои кишварҳои чун Арабистони Саъудӣ ва Урдун мавқеъҳои “Давлати исломи”-ро дар Сурия ҳадафи бомборон қарор медиҳанд.

Рӯзи 2 декабр Пентагон хабар дод, ки рӯзҳои ахир ҳавопаймоҳои Эрон низ дар алоҳидагӣ ба мавқеъҳои ин гурӯҳ дар шарқи Ироқро бомборон карданд. Аммо Алии Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин бора гуфта буд, "ман намедонам манбаи ин хабар аз куҷост ва онро таъйид намекунам". Ба гузориши хабаргузории "Тасним", оқои Лориҷонӣ, афзудааст, "ки мо ба амрикоиҳо нуқтаи муштараке дар мубориза бо терроризм надорем."

Вале баъдан Иброҳим Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон, дар сӯҳбат бо рӯзномаи бритониёии "Гордиан" ҳамлаҳо ба мавқеъҳои “Гурӯҳи исломӣ” дар Ироқро таъид кард ва гуфт, ки ҳадаф аз ҳамлаҳо, "дифоъ аз манофеи дӯстони мо дар Ироқ буд”. Муовини вазорати умури хориҷии Эрон афзуд, "ҳар гуна амалиёти низомӣ барои кӯмак ба давлати Ироқ, вобаста ба дархости он давлат аст".

Алиризо Нуризода, таҳлилгари сиёсии муқими Лондон мегӯяд, “Сипоҳи Посдорони инқилоби исломӣ дар Ироқ аз ҳазор то ҳазору панҷсад мушовири низомӣ дорад, ки дар чанд пойгоҳ – дар Самарро ва наздикиҳои Бағдод мустақаранд ва нерӯҳое чун “Бадр”-ро тамрин медиҳанд ва онҳоро бо силоҳ таъмин мекунанд”. Мусоҳиби мо меафзояд, “аз нигоҳи ман, ин як амри табиӣ буд, зеро Эрон аз наздикшавии “Давлати исломӣ” ба марзҳояш ҳарос дорад ва аз ин рӯ хост, ки “илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ” ёбад. Ва чун нерӯҳои “Давлати исломӣ” дар Ҷолуллоҳ мустақар шуданд, ҳавопаймоҳои эронӣ он мавзеъро бомбборон карданд. Баъд аз ин зарбаҳои ҳавоӣ нерӯҳои шиаи ироқӣ тавонистанд, ки ин мавзеъро дубора таҳти назорат бигиранд”.

Ба иттилои вазорати дифоъи ИМА, фақат баъд аз рӯзи 9 январ барои маъракаи ҷангӣ зидди гурӯҳи «Давлати исломӣ» 1,3 миллиард доллар сарф шудааст.

XS
SM
MD
LG