Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ масъулияти ҳамла ба телевизиони Афғонистонро ба ӯҳда гирифт . ВИДЕО


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргталабона ба қароргоҳи телевизиони давлатии Афғонистон дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳорро бар дӯш гирифт. Рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи силоҳбадастон шаш нафар кушта ва камаш 24 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Солҳои ахир рӯзноманигорони афғон борҳо ҳадафи ҳамлаҳои ҷангҷӯён қарор гирифтаанд.

Тибқи иттилои расида, ҳамла ба телевизионро чаҳор силоҳбадаст амалӣ намудаанд, ки яке аз онҳо худро дар канори даромадгоҳ тарконидааст ва се ҳамлавари дигар дохили бино шуданд. Даргирӣ миёни ҳамлаварон ва нерӯҳои давлатӣ ҳудуди чаҳор соат давом кардааст.

Гулоб Мангал, раиси вилояти Ҷалолобод дар робита ба ин ҳодиса гуфт, "дар ин ҳамла 4 нафар ширкат доштанд, ки ҳамагӣ ба қатл расиданд. Мутаассифона, мо 6 касро аз даст додем, ки ду нафар афроди мулкӣ, ду нафар ходими телевизион ва ду нафари дигар афсарони полис буданд". Волии Нангарҳор ҳамчунон афзуд, ки дар ин амалиёт 17 ғайринизомӣ ва 7 афсари нерӯҳои амниятӣ, ҷароҳат бардоштанд.

Муҳаммад Шафиқ, муҳандиси телевизион дар бораи ин ҳодиса гуфт, "ман чанд лаҳза пеш аз ҳамла супориш гирифта, аз қароргоҳ берун шудам. Тамоми ҳамкоронам дар бино буданд. Баъдан занг задам, ҷавобе наомад. Телефонҳояшон ҳам хомӯш шуданд."

Чанд рӯз пеш ҳавопаймои бидуни сарнишини ИМА раҳбари гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" дар Афғонистонро ба қатл расонда буд. Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ", ки дар Афғонистон бо номи ДОИШ шинохта мешавад, дар вилояти Нангарҳор истеҳком гирифта, бар зидди нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон қиём кардааст.

Ҳамла болои телевизиони шаҳри Ҷалолободи Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:55 0:00

XS
SM
MD
LG