Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби исломӣ ҳукми С.Адолатовро маҳкум кард


Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳкумияти раҳбари ин созмон дар Бадахшон Саодатшоҳ Адолатовро "парванди сохтакорона" хонд ва аз мақомот тақозо кард, ки ӯро раҳо намоянд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо пахши як баёния ба 5 сол маҳкум шудани раиси бахши вилоятии ҳизб дар Бадахшон Саодатшоҳ Адолатовро «парвандаи сохтакорона» номид ва аз мақомот хост, ҳукми ӯро бознигарӣ кунад.

Додгоҳи ноҳияи Ванҷ рӯзи 30 июл Саодатшо Адолатов-раиси бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшонро ба панҷ сол ҳабс маҳкум кард. Мақомот вайро барои барангехтани адовати динӣ гунаҳкор медонанд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба 5 сол маҳкум шудани раиси бахши вилоятро як амали интиқомҷӯёна ва иғвогарона аз ҷониби баъзе аз мақомоти ҳукумати кишвар хондааст. ҲНИТ аз мақомоти Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки парвандаи Саодатшоҳ Адолатов бознигарӣ шуда, ҳукми 5 соли зиндон бекор карда шавад.

Дар баёния аз ҷумла омадааст, ки «ҲНИТ бо тааасуф изҳор медорад, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамчун намояндаи расмии як давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд аз равишу услубҳои асримиёнагии ҳисоббаробаркунӣ бо мухолифин истифода менамоянд ва солҳои охир ин раванд тақвият меёбад.»

Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар баёнияи худ аз раҳбарияти кишвар даъват кардааст аз ин раванди номатлуб ҷилавгирӣ кунад, то бархе афрод ва ниҳодҳо Тоҷикистонро ба як кишвари дорои ҳокимияти комилан худкомаи саркӯбгар табдил надиҳанд.

Саодатшоҳ Адолатов
Саодатшоҳ Адолатов

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки бо ҷурми барангехтани низои динӣ дар нисбати Адолатов ҳукм содир намудан мухолифи адолат мебошад, зеро Адолатов афродеро, ки мехостанд мардумро бо иддаои «зуҳури имом Маҳдӣ» ба гумроҳӣ кашанд, мухолифат кардааст.

Ин гурӯҳе, ки ба таблиғи «зуҳури имом Маҳдӣ» машғул ҳастанд, тавонистаанд шуморе аз сокинони ин минтақаро ба хотири "омода кардани худ ба зуҳури қарибулвуқуъи имом Маҳдӣ" омода кунанд ва барои ин аз молу мулк ва зиндагии рӯзмарраи худ даст кашанд.

ҲНИТ дар идомаи баёнияи худ аз мақомот даъват кардааст, ки «аз таъқибу фишорҳо алайҳи дигарандешон даст кашида, пеши роҳи болоравии рӯҳияи эътирозӣ ва норозигии мардум аз сиёсатҳои ахири ниҳодҳои давлатиро алайҳи ҳизбу ҳаракатҳо ва афроди оддӣ бигиранд.

Саодатшоҳ Адолатов бо аломатҳои ҷиноятӣ бар асои моддаи 189-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми «барангехтани кинаву адовати динӣ", инчунин "тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин" айбдор дониста мешавад.

Саодатшоҳ Адолатов, раҳбари собиқи созмони ҳизби мухолифи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Бадахшон рӯзи 14-уми апрел аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуд. "Ховар" -- хабаргузории давлатии Тоҷикистон рӯзи 15 апрел хабар дод, ки Саодатшоҳ Адолатов аз тарафи кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллӣ дар ноҳияи Ванҷ бо гумони барангехтани кинаю адовати динӣ миёни ҳамдеҳагонаш боздошт шудааст. Боздошти Адолатов бар асоси шикояти 30 нафар аз сокинони деҳаҳои Мотравн ва Вразни ҷамоати Язгулом ба мақомоти зирабт сурат гирифтааст. Ҳамчунин наздик ба як моҳ пеш аз боздошти ӯ дар нашрияи расмии Тоҷикистон -- "Ҷумҳурият" дар борааш мақолаи танқидие ба нашр расида, дар он Адолатов ба ҳамкорӣ бо яке аз раҳбарони Ҳаракати Исломии Узбакистон Ҷумъаи Намангонӣ муттаҳам мешуд.

Саодатшоҳ Адолатов дар моҳи августи соли 2013 раҳбари бахши ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуд. То ӯ ин бахшро Муслима Броимшоева ва пештар Сабзаалӣ Ризоев сарварӣ мекарданд. Ризоев дар ҷараёни амалиёти ҳарбӣ дар Хоруғ дар моҳи июли соли 2012 кушта шуд ва мақомот то ҳанӯз омилони куштори ӯро ошкор ва муҷозот накардаанд.

XS
SM
MD
LG