Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси тоҷик ё мусалмон будан дар мулоқоти Кабирӣ бо ҷавонон


Мавзӯи ҷанҷолии мазкур, ки рӯзҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе аз расонаҳои Тоҷикистон зиёд дида мешавад, ба мулоқоти рӯзи шанбеи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ бо ҷавонон ҳам «сироят кард».

Дар мулоқоти маъмулӣ бо гурӯҳе аз ҷавонон дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе Муҳиддин Кабирӣ, шанбеи 1-уми март бо ҷавонон суоли «тоҷик астӣ ё мусалмонро?» ба баҳс кашид. Муҳиддин Кабирӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, аслан худро тоҷики мусалмон медонад, аммо гоҳҳо метавонад ба тоҷик буданаш афзалият диҳад ва гоҳ метавонад ба мусалмон буданаш.

Вай афзуд: «Вақте баҳси миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ мешавад, ман аввал тоҷикам. Масалан мегирем, баҳсе, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба миён омад. Дар он тарафи марз ҳам бародарони қирғизи мо мусалмонанд, вале ман ҳамчун тоҷик ва Тоҷикистон барои манфиатои давлату миллатам омода ҳастам бо онҳо вориди баҳс шавам ва аз миллати худам дифоъ кунам. Аммо масъала масъалаи ақидати ва исломӣ бошад, мани тоҷик арзишҳои исломиямро боло мегузорам.»

Дар баҳсе, ки миёни як гурӯҳи ҷавонон ва раҳбари ҲНИТ сурат гирифт, ҷавонон низ ба суоли «тоҷикам ё мусалмон» посухҳои гуногун доданд. Аҳмадхӯҷа Давлатов, як ҷавони тоҷик дар суҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, дин ва тоҷик будан барояш дар муқобили ҳаманд. Зеро тоҷик будан ба унвони дасти рост аст ва мусалмон будан ба унвони дасти чап: «Оне як тараф мезананд, ки тоҷик будан авлавияташ бештар аст аз мусалмон будан, гумон мекунам ҳуввияти
миллии худро беҳтар медонанд. Аммо аз арзишҳои динӣ бехабар аст. Вале оне, ки ба ҷониби дин бештар майл мекунад ва бартарият медиҳад арзишҳои исломиро хуб медонад аммо ҳувввияти милли худро намедонад.»

Аммо ин дар ҳолест, ки ба назари бархе аз ҷавонон, аслан ин суоли мантиқӣ нест. Зиёратшоҳ Киромиддинов, як донишҷӯй тоҷик мегӯяд, ки мо мусалмон ҳастем, аммо шиори тоҷик будани худро набояд фаромӯш кунем. Зеро ҳама миллатҳои ғайр моро чун тоҷик мешиносанд. Вай афзуд: «Он нафаре, ки ба худаш ба қавле парол мемонад, нодуруст аст. Аммо ҳар тавре набошад, ман гумон мекунам мо тоҷик ҳастем.»

Изатулло Неъматуллоев бошад барин бовар аст, ки ба миён омадани чунин баҳс миёни ҷомеа саривақти буда, талаби замон аст. Зеро вақти он расидааст, ки ин арзишҳо ҷо ба ҷогузорӣ шаванд: «Ҳарчизе, ки асл аст, бояд ҳамон дар зеҳни мардум ҷо карда шавад. Бояд мардум дар ин масъала тасаввуроти дақиқ ҳам дошта бошанд. Аз назари ислом ҳам нигарем, арзишҳои миллие, ки дар муқобили арзишҳои исломӣ нестанд, худ аз худ онҳо воло гузошта шудаанд ва ба ҳама қобили қабул аст.»

Ҳарчанд дар ин баҳс нафарони зиёд аз қишрҳои гуногуни ҷомиа ширкат доштанд, аммо бештари онҳо ин гуна баҳсҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо бемантиқ унвон мекарданд. Бештари онҳое, ки дар баҳс ширкат карданд, зоҳиран ҳаводорони Ҳизби наҳзати исломӣ буданд, чун дар баҳсҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳое ҳам бисёр дида мешаванд, ки аввал ба ҳувияти миллӣ сипас ба мазҳаб таъкид мекунанд. Таъкиде, ки ҷавонони мазҳабӣ аз он хушашон намеояд.
XS
SM
MD
LG