Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 захмӣ. ДИИШ масъулияти ҳамлаи Лондонро бар дӯш гирифт


Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо нашри хабарномае масъулияти ҳамлаи рӯзи 15-уми сентябр дар як метрои шаҳри Лондон, маркази Бритониёро бар дӯш гирифтааст. Пулиси Лондон мегӯяд, як дастгоҳи пинҳоншудае, ки субҳи ҷумъа дар истгоҳи "Парсонс Грин"-и метрои Лондон ба кор даромад, беш аз бист нафарро захмӣ кард.

  • Ба қавли пулис, дар бадани баъзе маҷрӯҳон осори сӯхтор дида мешавад. Дар пайи бесарусомониҳои баъд аз таркиш бархе зери по монда, осеб дидаанд. Вазъияти маҷруҳон муътадил буда, аз марги касе гузориш нашудааст.
Содиқ Хон, мири шаҳри Лондон, гуфтааст, ки ҷустуҷӯи пайи омилони ин ҳамла оғоз шудааст.

Гузоришҳои аввалияи матбуоти Бритониё мегӯяд, маводи тарканда дар дохили як сумкаи сафеде буд, вале пулис гуфт, ки ин мавод пурра натаркидааст. Як шоҳиди ҳодиса ба хабаргузории Reuters гуфт, вақте дар истгоҳи "Парсонс Грин" қарор дошт, садои гӯшхарошеро шунид ва баъдан дид, ки сӯхтор ба амал омад.

Пулиси Бритониё як ҷавони ҳаждаҳсоларо бо гумони даст доштан дар ҳамлаи рӯзи ҷумъа боздошт кардааст. Мақомот рӯзи 16-уми сентябр гуфтанд, ки ин ҷавон дар шаҳри соҳилии Довер дастгир гардид. Ҷузъиёти бештар дар даст нест ва мақомоти расмӣ низ нагуфтаанд, ки оё гумонбарони дигарро ҷустуҷӯ доранд, ё на.

Тереза Мей, нахуствзаири Бритониё, рӯзи ҷумъа, пас аз баргузории нишасти изтирорӣ дар як мусоҳибаи видеоӣ гуфт, "пулис ва идораҳои хадамоти амниятӣ тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то чигунагии комили ин ҳамлаи буздилонаро дарёбанд ва онҳоеро, ки масъулаш ҳастанд, шиносоӣ кунанд."

Тереза Мей
Тереза Мей

Ҳамла дар лаҳзаҳое рух дод, ки мусофирони зиёд дунболи кору таҳсил шитоб доштанд. Истгоҳи "Парсонс Грин"-и метрои Лондон дар ҷануби ғарби шаҳр ва дар минтақаи Уимблдон ҷойгир аст. Нахуствазири Бритониё гуфт, барои ҷилавгирӣ аз такрори чунин рӯйдод чораҳои амниятӣ дар шабакаи нақлиёти Лондон бештар хоҳад шуд.

Ӯ афзуд, "таҳдиди терроризм, ки ба он рӯ ба рӯ ҳастем, ҷиддист, аммо ба таври муштарак ва кори муштарак онҳоро шикаст хоҳем дод."

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи ҷумъа дар сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар мавриди ҳодисаи Лондон гуфт, "ин ҳодисаи ногувор аст. Ин гуна рӯйдодҳо идома дорад ва мо бояд бисёр ҳушёр ва бисёр маҳкам бошем. Шояд мо ба қадри кофӣ маҳкам нестем."

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Бино ба гузоришҳо, раиси ҷумҳур Трамп ба дунболи ҳамлаи Лондон бо нахуствазири Бритониё Тереза Мей низ телефонӣ суҳбат карда, таассуфашро нисбат ба ин ҳодиса баён намудааст.

Содиқ Хон, мири шаҳри Лондон, гуфта буд, ки ҷустуҷӯ дар заминаи пайи омилони ин ҳамла оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG