Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ "Тора Бора"-ро аз Толибон гирифт


Бар асоси гузориши расонаҳо, ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", бахшҳое аз минтақаи кӯҳистонии "Тора Бора" (Тура Бура - توره بوړه​ ) дар вилояти Нангарҳор воқеъ дар шарқи Афғонистонро тасарруф кардаанд.

Як истгоҳи радиоии вобаста ба ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" бо номи "Радиои Хилофат", рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми июн эълом кард, ки парчами ин гурӯҳ бар фарози маҷмуае аз туннелҳо ва ғорҳо дар минтақаи "Тора Бора" дар вилояти Нангарҳор, насб шуд. Қаблан гурӯҳи Толибон аз ин маҷмӯа истифода мекарданд.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки ҷанг дар ин минтақа ҳамчунон идома дорад.

Дар ҳамин ҳол, шуморе аз манбаъҳои огоҳ ва манобеи маҳаллӣ ҳам таъйид карданд, ки контроли "Тора Бора" ва минтақаҳои атрофи он, ба дасти гурӯҳи "Давлати исломӣ" афтодааст. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки дар рӯзҳои ахир садҳо хонавода дар ин минтақа маҷбур шудаанд, хонаву кошонаи худро тарк кунанд. Дар ҳамин ҳол, Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки ҷанг дар ин минтақа ҳамчунон идома дорад.

Тибқи бархе гузоришҳо, теъдоде аз аъзои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон ба ду ҳазор тан расидааст. Аммо вазорати дифои Афғонистон ин гузоришҳоро рад карда ва таъкид мекунад, ки ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ин кишвар аз 600-700 ҷангӣ, бештар нест.

Вилоятҳои Кунар, Нуристон ва шуморе аз минтақаҳо дар шарқи Афғонистон аз ҷумлаи манотиқе ҳастанд, ки гумор менарад ҷангиёни ДИИШ дар онҷо ҷобаҷо шудаанд.

Вазорати дифои Афғонистон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир нерӯҳои низомӣ ва амнияти давлатӣ дар ҳудуди 20 вилояти Афғонистон дар набард бо ҷангиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳастанд ва аз пешравии ин нерӯҳо, ҷилавгирӣ кардаанд.

Ҷангиёни гурӯҳи "Ал-Қоида" бо раҳбарии Усома бин Лодин пас аз ҳамлаҳои хунбори 11-и сентябри соли 2001, замоне ки аз сӯи нерӯҳои амрикоӣ таҳти таъқиб қарор гирифтанд, муддате дар ҳамин шабакаи ғорҳо ва тунелҳо дар минтақаи кӯҳистонии Тора Бора воқеъ дар вилояти Нангарҳори Афғонистон паноҳ гирифтанд. Дар ҳамлаи маргбори Ал-Қоида ба бурҷҳои Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк ва бинои вазорати дифои Амрико дар Вошингтон дар соли 2001, ҳудуди се ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG