Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи "Анас" - эмиссари тоҷики ДИИШ


Гурӯҳи ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ"
Гурӯҳи ҷангиёни тоҷики "Давлати исломӣ"

Ҷавони тоҷике, ки дар сафарбар намудани беш аз сад шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурия ва Ироқ гумонбар дониста мешавад, дар Русия нопадид шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон Анӯшервон Азимов, сокини 26-солаи деҳаи Тутқавули шаҳри Норакро аз эмисарони гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) медонанд, ки бо тахаллуси “Анас” маъруф буда, ба гуфтаи мақомот, беш аз сад тоҷикистониро ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ сафарбар намудааст.

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, 40 дарсади аз Сурия ва ё аз роҳи сафар ба ин кишвар ба ватан баргаштаҳо иқрор шудаанд, ки онҳо бо ташвиқи “Анас” ном ҷавони тоҷик дар Маскав ба ин роҳ рафтаанд.

Ин мақом мегӯяд, ним соли пеш шахсияти“Анас” ба мақомот маълум шуд. Ӯ он замон дар Русия қарор дошт, аммо пас аз эълони ҷустуҷӯяш аз ин кишвар нопадид шудааст.

Манобеи Озодӣ мегӯянд, “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимов давоми ду соли ахир ба ташвиқ, ҷалб ва сафарбар кардани ҷавонон ба сафи гурӯҳи тундгарои ба ном “Давлати исломӣ” машғул будааст. Ҳангоми сафарбар кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷангҳои Сурия ва Ироқ “Анас” бардурӯғ изҳор медоштааст, ки худи ӯ низ пас аз як моҳ ба онҷо сафар мекунад.

"Ӯ пас аз ташвиқ ва мағзшӯии ҷавонон ба онҳо чиптаи ҳавопаймои самти Русия - Туркия гирифта, инчунин тариқи интернет то марзи Сурия онҳоро раҳбаладӣ мекардааст. Ҳоло худаш дар куҷо қарор дорад, маълум нест," -гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Нурулло Миралиев, як сокини шаҳри Норак мегӯяд, писари 24-солаи ӯ ҳам маҳз бо ташвиқи Анӯшервон Азимов ба Ироқ рафтааст. Ин мард мегӯяд, писарашро ҳанӯз соли 2014 Анӯшервон ба Ироқ фиристодааст. Пас аз огоҳ шудан, ки писари ӯро Анӯшервон Азимов ба Ироқ фиристодааст, ин мард ба мақомот шикоят бурдааст.

Саидҷаъфар Мирзошоев, як сокини дигари шаҳри Норак, ки бо ташвиқ ва маблағгузории“Анас“ ба Сурия рафта ва баъдан ҳангоми бозгашт дар Маскав боздошт мешавад, зимни мурофиа дар додгоҳи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гуфтааст, шоҳид буд, ки ба ҷуз ӯ, ду тани дигар аз сокинони Норак бо исмҳои Миралиев Миралӣ ва Назаров Тоҷиддин бо ташвиқ ва маблағгузории Анӯшервон ба Сурия рафтанд.

Мирзошоев дар додгоҳ гуфтааст, Анӯшервон “худаш дар шаҳри Москва ба мардикорӣ дар сохтмонҳо машғул буда, доимо ба масҷиди Новокузнетский ва Проспект Мира барои намозгузорӣ рафта, ба тоҷикон дар мавриди иштирок кардан дар ҷиҳод, дар ҷангҳои зидди давлати Сурия ташвиқот мебурд.”

Мирзошоевро додгоҳи Исмоили Сомонӣ ба хотири ҳамкорӣ бо тафтишот ва сидқан пушаймон шудан аз кирдорҳояш 5 сол зиндон кард.

Алимаҳмад Ғуломов, масъули бахши Кумитаи кор бо дини шаҳри Норак рӯзи 11-уми апрел Радиои Озодӣ гуфт, аз замоне ки хабар ёфтанд, Анӯшервон Азимов бо ин кор машғул аст, аз сокинони муҳоҷири ин шаҳр хоҳиш карданд, то ба доми фиреби ӯ наафтанд.

"Ин ҷавон падар надорад ва бо модараш низ чанд вақт боз тамос намегирад. Мо барои огоҳӣ кору нақшаҳои ӯро ба ҷавонон фаҳмонидем, то эҳтиёт бошанд. Дар тамоми Норак ташвиқот мебарем, то ба доми Анӯшервон ва Анӯшервон баринҳо наафтанд," - гуфт ӯ.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд. Ин созмон, ки бино ба ҳисобҳо, то 20 000 ҷангҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои мухталифро низ зери парчами сиёҳаш дар Сурияву Ироқ ҷамъ овардааст, дар ҳоли ҳозир яке аз хатарноктарин гурӯҳҳои террористии ҷаҳон дониста мешавад.

Пешмаргаҳои курд алайҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд
Пешмаргаҳои курд алайҳи "Давлати исломӣ" меҷанганд

“Давлати исломӣ” масъулияти як силсила ҳамлаҳои террористӣ дар гӯшаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла масъулияти ҳамлаҳои моҳи ноябри Порисро, ки 130 кушта ба ҷо гузошт, ва ҳамлаҳои рӯзи 22 март дар фурудгоҳ ва метрои Брюсселро, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 30 нафар шуд, бар дӯш гирифтааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилоферо ташкил додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 ба ин сӯ мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Аксари ин шаҳрвандон аз Русия бо даъват ва маблағгузории эмиссарҳое, мисли Анӯшервон Азимов то хоки Сурия ва Ироқ расидаанд.

Мақомот “Анас” ва ё худ Анӯшервон Азимовро аз хатарноктарин эмиссарҳои тоҷики гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” медонанд.

XS
SM
MD
LG