Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 дарсади тоҷикистониҳо - "ДИИШ душмани асосӣ аст"


Гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз таҳдидҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад
Гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз таҳдидҳо ба Тоҷикистон маҳсуб мешавад

Бар асоси як таҳқиқоти созмони Gallup 15 дарсади аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро "душмани асосӣ" ё "хатари асосӣ" ба амнияти кишвар донистаанд.

Созмони таҳқиқотии Gallup дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки 15 дарсади аҳолии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро хатари асосӣ ба амнияти кишвар хондаанд. Хулосаи ин гузориш рӯзи 4 апрел дар торнамои Gallup рӯи чоп омад ва мегӯяд, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ 9 дарсади аҳолии Қазоқистон низ "Давлати исломӣ"-ро "душмани асосӣ" барои кишвари худ арзёбӣ кардаанд.

Аммо дар ин пажӯҳиш назари сокинони кишварҳои дигари минтақа - Узбакистону Қирғизистон ва Туркманистон - дар бораи хатари "Давлати исломӣ" оварда нашудааст.

Бар асоси таҳқиқоти созмони Gallup 52 дарсади сокинони Украина ва 48 дарсади аҳолии Гурҷистон Русияро хатари ҷиддӣ ба амнияти кишварашон хондаанд. Баръакси ин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус аз Русия ба унвони шарикони аслии худ ном бурда ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти кишварҳояшон донистаанд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Масъулони бархе аз созмону марказҳои пажӯҳишии Тоҷикистон мегӯянд, ки солҳои охир дар мавриди таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишвар пажӯҳиш ё назарсанҷии хосе анҷом надодаанд. Вале Музаффар Олимов, раиси Маркази иттилоотию таҳлилии "Шарқ", рӯзи 5 апрел ба Озодӣ гуфт, ба хулосаҳои пажӯҳиши созмони Gallup дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ ба амнияти Тоҷикистон мувофиқ аст.

Ба қавли ӯ, “агар дар ин рӯзҳо дар миёни сокинони Тоҷикистон дар мавриди хатарҳо ва таҳдидҳои эҳтимолӣ ба амнияти кишвар пажӯҳиш ё назарсанҷӣ гузаронда шавад, бештари мардум аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ном хоҳанд бурд.”

Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон низ зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ дар ҳафтаи гузашта фаъолиятҳои созмони тундрави «Давлати исломӣ»-ро таҳдиде ба бақои Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил хонда буд. Ӯ тарҳи «Хуросони бузург» - ба ном «вилоят» дар «хилофат»-и «Давлати исломӣ»-ро як хатари умда барои Тоҷикистону кишварҳои дигари минтақа номида ва гуфт, ҳадафи асосии «Хуросони бузург» ноором кардани кишварҳои мусулмонии пасошӯравист.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қисматҳое аз қаламравҳои Сурия ва Ироқро ишғол ва дар сарзаминҳои таҳти тасарруфаш эълони ба ном “хилофат” кардааст. Ҷангҷӯёни ин созмон бо бархӯрди бераҳмонаи худ нисбат ба асирон ва дигарандешон, аз ҷумла бо зинда ба зинда сӯзондану гӯрондани асирон ном баровардаанд.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз афзоиши шумори шаҳрвандони тоҷик дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳҳои тундрав ва асосан ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. То имрӯз дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ гузориш шудааст.

XS
SM
MD
LG