Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти Аҳмадинажод ба доираи боварии "Раҳбари олӣ"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъд аз моҳҳо хомӯшӣ раисиҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дубора дар саҳна намудор шудааст ваё ба назар мерасад, дар пайи талоши бозгашти дубора аст.

Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи 1-уми апрел дар Хузистон, саҳнаи ҷангҳои Эрону Ироқ, минтақае ки ҳафтаи пеш раҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Хоманаӣ дар онҷо мардумро ба муқовимат дар баробари Ийолоти Муттаҳида даъват карда буд, суханронӣ кард. “Мо танҳо дар ҳоле оромиш пайдо мекунем, ки парчами шаҳидон дар болои Кохи Сафед мавҷ бизанад,”- овардааст хабаргузории тундрави Басиҷ аз қавли Аҳмадинажод.

http://basijnews.ir/jihad_and_resistance/1393/01/12/index.html:id=805617

Хабаргузорӣ макони суханронии Аҳмадинажодро бо ду далел - зуҳури як ҳафтаи пеши Хоманаӣ ва ин ки нахустин қурбониёни ҷанги солҳои 80-и Эрону Ироқ дар ин сарзамин хуфтаанд, пураҳамият донистааст.

Як рӯз пеш аз он, Аҳмадинажод дар маросими мотами мазҳабии 31- уми март зоҳир шуд. Ба мушоҳида расид, ки ӯ наздик ба Хоманаӣ нишаста буд. Ин дар ҳолест ки танҳо шарикони наздик ва мақомоти баландпояи Эрон аз имтиёзи наздик будан бо раҳбари олӣ бархӯрдоранд. Дар ин маросим танҳо як мақоми расмӣ - собиқ вазири адлияи Эрон Ҳошими Шаҳрудӣ ҳузур дошт ва дар байни Хоманаӣ ва Аҳмадинажод нишаста буд. Аксҳои ин маросим, ки дар сомонаи раҳбарӣ олӣ нашр шудаанд, метавонанд ин пайғомро дошта бошанд, ки сарфи назар аз ихтилофи назарҳои қаблӣ ва мавқеъгириҳое, ки собиқ раисиҷумҳурро аз хайли шарикони Хоманаӣ берун кард, ӯ ҳанӯз ҳам ба доираи афроди мавриди эътимоди раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломӣ шомил аст.

http://farsi.khamenei.ir/photo-album?id=26039#203873

Ҳусейн Бостонӣ, таҳлилгари бахши форсии ББС мегӯяд, имкон надорад, ки ба Муҳаммади Хотамӣ, раисҷумҳури собиқи Эрон иҷозат бидиҳанд, ки дар мазҳари ом дар паҳлӯи раҳбари олӣ бинишинад. Муҳаммад Хотамӣ, ки раҳбари ислоҳотталаб арзёбӣ мешуд, ҳеҷ гоҳ ба Хоманаӣ, ки аз мавқеи тундравонаи Аҳмадинажод дар баробари Ғарб пуштибонӣ мекард, наздик набуд.

http://www.rferl.org/content/Khamenei_Ahmadinejad_Its_Complicated/2219194.html

Аҳмадинажод бо зоири тоҷик Абдулазиз Раҷабов. Акс аз феврали соли 2013
Аҳмадинажод бо зоири тоҷик Абдулазиз Раҷабов. Акс аз феврали соли 2013
Ба бовари Бостонӣ, Хоманаӣ метавонад Аҳмадинажодро ҳамчун аҳроми фишор бар алайҳи ҳукумати нав истифода кунад, ки тундравҳо онро ба гузашт дар баробари Ғарб ва Ийолоти Муттҳаида муттаҳам мекунанд. Хабаргузории Басиҷ навиштааст, ки сафари Аҳмадинажод ба ҷануби Эрон як бахши мураххасии Наврӯзии ӯ буд. Хонаводаи Аҳмадинажод ва Ғуломҳусайн Илҳом, сухангӯи давлат дар даври аввали раёсати Аҳмадинажод дар ин сафар ӯро ҳамроҳӣ карданд.
XS
SM
MD
LG