Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозгарони ироқӣ консулгарии Эрон дар Наҷафро ба оташ кашиданд


Манбаъҳои интизомӣ дар Ироқ шоми чаҳоршанбеи 27-уми ноябр аз ҳуҷуми эътирозгарони ироқӣ ба консулгарии Эрон дар шаҳри Наҷаф хабар доданд. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", манбаъҳои амниятии Ироқ мегӯянд, эътирозгарон пас аз ворид шудан ба консулгарии Эрон дар Наҷаф, тамоми биноро ба оташ кашиданд.

Тибқи ин гузориш, кормандони консулгарии Эрон дар Наҷаф ҳангоми ҳодиса дар ин бино ҳузур надоштанд ва чанд соат қабл онҷоро холӣ карда буданд. Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ талош карданд бо истифода аз гази ашковар ва тирандозӣ, монеи ҳамлаи эътирозгарон ба консулгарӣ шаванд. Дар ин байн ду нафар аз эътирозгарон ва ҳамлакунандагон ба консулгарӣ дар бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ кушта шудаанд.

Дар пайи ин ҳодиса дар шаҳри Наҷаф муқаррароти сахти рафту омад ҷорӣ карда шудааст ва мақомоти ин шаҳр эълон карданд, ки рӯзи панҷшанбе ҳамаи идораҳои давлатӣ таътил мебошанд.

Эътирозгарони ироқӣ пеш аз ин ҳам ба консулгарии Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳри Карбало ҳамла карда буданд. Онҳо бар ин боваранд, ки ниманизомиёни вобаста ба Эрон омили саркӯби эътирозҳои соли гузаштаи Басра ҳастанд. Дар ин саркӯбҳо ҳудуди 30 кушта шуда буд. Эътирозгарони Басра консулгарии Эрон дар ин шаҳро низ ба оташ кашиданд.

Вазорати умури хориҷии Ироқ дар баёнияе ҳамла ба консулгарии Эрон дар Наҷафро маҳкум кард. Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Ироқ, ки аз сӯи хабаргузории расмии он кишвар нашр шуд, гуфта шудааст, ки ин ҳамла "бо ҳадафи тахриби робитаҳои таърихӣ байни Ироқ ва Эрон ва низ бо дигар кишварҳо анҷом шудааст".

Вазорати умури хориҷии Эрон ҳам ба ин ҳодиса "шадидан" эътироз карда ва хостори "бархӯрди қотеъ" бо ҳамлаварон шудааст. Тибқи гузоришҳо, сафири Ироқ дар Теҳрон дар робита ба ин ҳодиса ба вазорати умури хориҷии Эрон даъват шудааст.

Дар эътирозҳои ахири Ироқ ҳам дастикам 340 нафар кушта шуданд. Ин густурдатарин эътироз аз замони сарнагунии ҳукумати Саддом Ҳусейн дар соли 2003 аст. Эътирозгарон хоҳони барканории табақаи ҳоким ҳастанд ва онҳоро фосид ва таъминкунандаи манфиатҳои қудратҳои хориҷӣ медонанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз мардуми ин кишвар бинобар бекории густурда ва набуда хадамоти умумӣ, мисли тандурустӣ ва маориф, дар вазъияти бисёр баде зиндагӣ мекунанд.

Аммо мақомоти Эрон ин тазоҳуротро ба кишварҳои мухолиф, аз ҷумла Амрико, Арабистони Саудӣ ва Исроил нисбат додаанд. Аз ҷумла, Саид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон эътирозҳо дар Ироқро "тавтеаи хориҷӣ" номидааст.

Ҳамла ба консулгарии Эрон дар Ироқ дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран Ҳусейн Шариатмадорӣ, мудири масъул ва намояндаи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар рӯзномаи "Кайҳон" наздик ба усулгароён, дар ёддоште ҷудогона хостори тасарруфи сафорати Амрико дар Бағдод тавассути эътирозгарни ироқӣ шуд.

XS
SM
MD
LG