Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаъфарӣ: 70%-и Талъафар аз ДИИШ озод шуд


Шаҳри Талъафар, Ироқ

Иброҳим Ал-Ҷаъфарӣ, вазири умури хориҷии Ироқ, рӯзи 26-уми август гуфт, ки нирӯҳои давлатӣ 70 дарсади шаҳри Талъафари вилояти Найнаворо аз таҳти итоати ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” озод кардаанд. Бино ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Ҷаъфарӣ дар як нишасти матбуотӣ бо ҳамтои фаронсавии худ дар Бағдод гуфт, “бо хости Худо бахши боқимонда ба зудӣ озод хоҳад шуд”.

Мавсил, Талъафар ва бахшҳои дигаре аз Ироқ дар соли 2014 ва дар авҷи пешравиҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар канори бахшҳое аз Сурия таҳти назорати ин гуруҳ қарор гирифта буд.

Генерал Абдуламир Ёруллоҳ, масъули бозпасгирии Талъафар, низ дар изҳороте рӯзи шанбе гуфт, нирӯҳои давлатии Ироқ маркази шаҳрро ишғол кардаанд. Амалиёти озодсозии шаҳри Талъафар, ки аз охирин пойгоҳи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Ироқ гуфта мешавад, ҳафтаи гузашта оғоз шуд.

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, рӯзи 20-уми август бо эълони амалиёти заминии нирӯҳои амниятӣ барои бозпасгирии шаҳри Талъафар хитоб ба ҷангҷӯён гуфта буд, “интихобе надоред – ё таслим мешавед, ё мемиред”. Мақомоти ироқӣ тахмин мезаданд, ки дар ҳудуди Талъафар аз 1400 то 1600 ҷангҷӯи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” ҳузур дошта, аксари онҳо хориҷианд.

Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ
Иброҳим ал-Ҷаъфарӣ

Пештар аз он Стефан Таунсенд, фармондеҳи аршади нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод гуфта буд, нирӯҳои низомии Ироқ ба таври густарда омодаи амалиёт ҳастанд. Генерал Таунсенд, ки масъули ироаи кумак ва ҳимояти артиши Амрико ба нирӯҳои низомии ироқист, гуфт, “наметавонам бигӯям, ҳамаи худрав ва силоҳҳои осебдидаро иваз кардаем”, аммо афзуд, “ҳама чиз ба андозаи кофӣ дар омодагӣ қарор дорад”.

Эътилофи ба раҳбарии Амрико дар ҳоли ҳозир машғули анҷоми амалиёти ҳавоӣ алайҳи ҷангҷӯёни ДИИШ дар Ироқу Сурия аст. Ҳамчунин, аз нирӯҳои низомии Ироқ ва шуморе аз шибҳанизомиёни суриягӣ дар набардҳои заминӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунад.

Шаҳри Талъафар пас аз Мавсил дувумин шаҳри сераҳолии вилояти Найнавост ва дар 150-километрии марзи Сурия, дар миёни яке аз роҳҳои калидии мавриди истифодаи ДИИШ, қарор дорад.

Амалиёти бозпасгирии Талъафар аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” баъди озодии шаҳри Мавсил сурат гирифт. Амалиёт барои бозпасгирии Мавсил дувумин шаҳри бузурги Ироқ моҳи октябри соли гузашта оғоз шуда ва то моҳи июли имсол идома кард.

Мавсил, Талъафар ва бахшҳои дигаре аз Ироқ дар соли 2014 ва дар авҷи пешравиҳои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар канори бахшҳое аз Сурия таҳти назорати ин гуруҳ қарор гирифта буд. Талъафар бо аҳолии 200-ҳазорнафарӣ то ишғоли шаҳр аз тарафи ДИИШ низоъҳои мазҳабии байни шиаву сунниҳоро аз сар гузаронд.

Рӯёрӯиҳо соли 2003, баъди вуруди нерӯҳои хориҷӣ бо раҳбарии Амрико ба Ироқ шадидтар шуд. Теъдоде аз фармондеҳони маҳаллии Талъафар, ки дар шаҳр фаъолият мекарданд, баъдан фармондеҳони аршади ҷиҳодиҳо шуданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG