Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Ироқ кушта шуд


Муҳаммад Убайд аз соли 2004 бо Радиои Озодӣ кор мекард.
Муҳаммад Убайд аз соли 2004 бо Радиои Озодӣ кор мекард.

Як сарбози горди раёсати ҷумҳурии Ироқ, Муҳаммад Бадавӣ Убайд ал-Шамморӣ, мудири дафтари Радиои Озодӣ дар Бағдодро куштааст.

Ҳодиса рӯзи шанбе дар маҳаллаи Ҷадрия дар назди биное, ки Радиои Ироқи Озод, бахше аз Радиои Озодӣ дар он дафтар дорад, сурат гирифтааст.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки миёни Муҳаммад Бадавӣ Убайд ал-Шамморӣ ҳангоми убури мошинаш аз назди дарвозае, ки посбонӣ мешавад, дар бораи ҳаққи гузаштан аз инҷо бо сарбози курд, ки ӯ ҳам дар мошин будааст, раду бадале сурат гирифтааст ва сарбози курд аз нерӯи пешмаргаи Горди раёсати ҷумҳурӣ аз туфанг ба сӯи Муҳаммад Убайд тир андохта ва ба дохили қароргоҳашон фирор кардааст. Аммо танҳо баъди мудохилаи Нурӣ ал-Моликӣ нахуствазири Ироқ ӯро дастгир кардаанд.

Нерӯҳои пешмарга, масъулияти посбонии қароргоҳеро бар дӯш доранд, ки ба дафтари Ҷалол Толибонӣ, раиси ҷумҳури курди Ироқ мутааллиқ аст ва дар он бар изофаи қароргоҳҳои раиси ҷумҳур, идораи дигар ширкату қароргоҳҳои хусусӣ ҷой гирифтаанд. Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, дар маҳалли ҳодиса бо аъзои хонаводаи хабарнигори Радиои Озодӣ мулоқоти кӯтоҳе карда ва ба онҳо ваъда додааст, ки қотил ҷазои сазовор хоҳад гирифт.

Фаъолони матбуот баъди тирандозӣ дар маҳалли ҳодиса тазоҳурот карданд. Муҳаммад Убайди 46-сола, ки аз соли 2004 бо тахаллуси Ҳасан Рашид барои Радиои Ироқи Озод кор мекард ва аз соли 2006 раиси дафтари ин радио дар Бағдод буд. Ӯ ҳамсару се фарзанд дошт. Муҳаммад Убайд моҳи октябри соли 2013 дар 15-умин солгарди таъсиси Радиои Ироқи Озод гуфта буд:

“Бо боварӣ метавонам бигӯям, ки пас аз 7 соли кор дар Радиои Ироқи Озод ман аз ин радиои воқеъӣ фаҳмидам, ки озодии баён чӣ маънӣ дорад. Ман таҷрибаи 20-солаи хабарнигорӣ дорам ва дар бисёре аз расонаҳо кор кардаам. Аммо ман озодии воқеъии суханро аз Радиои Озодӣ ва бар асоси меъёрҳои касбии он фаҳмидам.“

Муҳаммад Убайд унвонҷӯи бахши журналистикаи Донишгоҳи Ал-Мустансирияи Бағдод буд ва чанд китоб ҳам ба забони арабӣ навиштааст,аз ҷумла “Тағйири исломи сиёсӣ дар Ироқ” ва “Воқеъияту Чолишҳои Матбуоти Ироқ” ҳосили қалами ӯст.
XS
SM
MD
LG