Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 57 нафар дар таркишҳои Бағдод


Пулис ва манбаъҳои бемористонӣ дар Ироқ мегӯянд, ки рӯзи шанбе дар таркишҳои мошинҳои бамгузоришудаи дар минтақаҳои шианишини Бағдод, ҳади ақал 57 нафар кушта ва 150 тани дигар захмӣ шудаанд.

Дар як ҳамлаи интиҳории дигар дар шимол-шарқи Ироқ низ 10 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", ба гуфтаи ин манобеъ, бозорҳо ва хиёбонҳои серодам дар Бағдод ҳадафи 9 ҳамлаи ҷудогона қарор гирифтааст. Ин силсилатаркишҳо ҳамоҳанг шуда ва монанд ба таркишҳои рӯзи сешанбе буд, ки дар онҳо низ 50 нафар кушта шуданд.

Дар соли ҷорӣ Ироқ шоҳиди афзоиши хушунатҳо будааст. Бар асоси оморҳои Созмони Миллали Муттаҳид, дар моҳи июн дастикам 1000 нафар дар ин хушунатҳо кушта шуданд, ки пурталафоттарин моҳ аз соли 2008 то кунун арзёбӣ шудааст. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", гуруҳҳои мусаллаҳи суннӣ моҳҳои ахир ҳамлаҳои худро бештар карданд.

Манбаъҳои бемористонӣ ҳамчунин гуфтаанд, ки рӯзи шанбе дар як ҳамлаи интиҳорӣ дар 180 километрии шимоли Бағдод дастикам 10 нафар кушта ва 45 тан захмӣ ба ҷой гузошт. Таркиши ду худрави бамгузоришуда дар шаҳри Носирия дар 300 километрии ҷануб-шарқи Бағдод низ дастикам чаҳор кушта ва ҳашт захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Таркишҳои ахир нишондиҳандаи бадтар шудани вазъияти амниятӣ дар Ироқ аст. Гурӯҳи нозир бар хушунатҳо дар Ироқ эълом кардааст, ки аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 4000 нафар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Даргириҳои фирқаӣ дар Сурия танишҳоро дар Ироқ бештар карда ва гузоришҳо аз он ҳикоят дорад, ки гуруҳҳое чун Ал-Қоида дар ҳоли ҷазби бештаре аз суннимазҳабони норозӣ дар Ироқ ҳастанд. Дар ҳамин замина, Масъуд Боризонӣ, раиси иқлими Курдистони Ироқ рӯзи шанбе эълом карда аст, ки курдҳои Ироқ омодаанд барои дифоъ аз курдҳои Сурия ва муқобила бо гуруҳҳои мусаллаҳи исломгаро, иқдом кунанд.
XS
SM
MD
LG