Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи мардуми Эрон аз созиши Вена


Соате баъди интишори хабари тавофуқи ҳастаӣ, садҳо сокини Теҳрон ва дигар шаҳрҳои Эрон ба хиёбонҳо рехтанд ва ба ҷашну пойкӯбӣ шурӯъ карданд.

Бо ин ки хабари ба натиҷа расидани музокироти ҳастаӣ каме пас аз зӯҳри рӯзи 14 июл дар Эрон мунташир шуд, мардум баъд аз ифтор ба хиёбонҳо баромаданд ва аз тавофуқи ҳастаӣ дар Вена истиқбол карданд. Тибқи иттилои Радиои Фардо, ширкаткунандагони дар ин шодмониҳо шиорҳое ба забон меоварданд ва ба вижа аз Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон пуштибонӣ мекарданд.

Дар миёни онҳое, ки аз тавофуқи Эрон ва кишварҳои гурӯҳи шашгона – ИМА, Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Олмон барои лағви таҳримҳои иқтисодии болои ин кишвар истиқбол мекарданд, шаби 14 ба 15 июл инчунин даъватҳо ба хатми боздошти хонагии се тан аз раҳбарони Ҷумбиши «Сабз» ба забон оварда шуд. Баъди интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 дар Эрон се раҳбари эътирозгар - Мирҳусейн Мусавӣ, Заҳро Раҳнавард ва Маҳдии Каррубӣ дар боздошти хонагӣ ба сар мебаранд.

Ҳайатҳои намояндагии шаш қудрати ҷаҳонӣ ва Эрон дар музокироти ҳастаӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена-пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ба таври расмӣ эълон кард, ки ин созиш баъд аз бештар аз даҳ соли музокирот рӯзи 14 июл ба даст омадааст. Музокирот дар марҳилаи ниҳоӣ 18 рӯз давом дошт.

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷаи Эрон пеш аз ин суханони Могеринӣ гуфт, ки ин созишнома “таърихист” ва роҳи бурд-бурди ҳали масъала мебошад. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед ба Когресси кишвараш ҳушдор дод, ки агар Конгресс дар бораи пешгирӣ аз иҷрои муваффақиятомези ин созишнома санаде ба тасвиб расонад, вай ба ҳар тасмими Конгресс дар ин бора вето хоҳад гузошт. Тоҷикистон аз имзои ин созишномаи Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ истиқбол кард.

XS
SM
MD
LG