Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қосим Сулаймонӣ: "Баҳри Сурх дигар барои амрикоиҳо амн нест"


Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон.
Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии исломии Эрон.

Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон, раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трампро таҳдид намуда ва гуфтааст, "баҳри Сурх дигар барои амрикоиҳо амн нест". Ӯ ҳамчунин хитоб ба раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, "ман худам ба танҳоӣ дар муқобилат меистам."

"Сипоҳи Қудс ҳарифи шумо аст"

Дар идомаи вокунишҳои мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ ба изҳороти ахири раиси ҷумҳури Амрико, Қосим Сулаймонӣ рӯзи панҷшанбеи 26-уми июл дар як суханронӣ дар Ҳамадон бо ишора ба ин ки "дар шаъни раиси ҷумҳури мо нест, ки ҷавоби Трампро бидиҳад", таҳдид кард, ки "Сипоҳи Қудс ҳарифи шумо аст."

Ҷанги лафзӣ байни мақомҳои Эрон ва Амрико бо гуфтаҳои Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд, ки ҷанг ва сулҳ бо Эронро "модари ҷангҳо ва модари сулҳҳо", хонда буд.

Доналд Трамп чанд рӯз пеш дар "Твиттер"-и худ хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ навишт, ки ҳаргиз Амрикоро таҳдид накунад, вагарна ба оқибатҳои рӯбарӯ хоҳад шуд, ки дар тӯли таърих камтар кишваре онро таҷриба кардааст". Гуфтаҳои оқои Трамп посухе буд ба суханони Ҳасани Рӯҳонӣ, ки ба Амрико ҳушдор дода буд, "бо думи шер бозӣ накунад". Қосим Сулаймонӣ дар суханони рӯзи панҷшанбеи худ суханони раиси ҷумҳури Амрикоро "сабук" хонд.

Ҳамла ба киштиҳои борбари Саудӣ дар баҳри Сурх

Амрико номи нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдоронро дар радифи "гурӯҳҳои пуштибони терроризм" қарордода ва фармондеҳи ин нерӯ Қосим Сулаймонӣ низ шомили таҳримҳои вазорати молияи Амрико аст.

Қосим Сулаймонӣ дар суханрониаш бо ишора ба ин, ки "ҳеҷ шабе нест, ки мо бихобем ва ба шумо фикр накунем", таҳдид кард, "баҳри Сурх, ки амн буд, имрӯз дигар барои ҳузури Амрико амн нест."

Гуфтаҳои Қосим Сулаймонӣ як рӯз пас аз ҳамлаҳои шӯришиёни гурӯҳи Ҳусиҳои Яман ба ду киштӣ дар Боб Ал-Мандеб дар ҷануби Баҳри Сурх, эрод шудааст. Дар он ҳамла ду киштии борбари Арабистони Саудӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ва ба яке аз онҳо осеби ҷузъӣ расид.

Зарфияти борбардории ҳар як аз ин киштиҳо ҳудуди 2 миллион бушка нафт аст ва бинобар изҳороти эътилофи минтақавӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ, ҳамлаи шӯришиён "наздик буд ба як фоҷеаи муҳитзистӣ сабаб шавад."

Идомаи ҷангии лафзии Амрико ва Эрон

Ҷанги лафзӣ байни мақомҳои Эрон ва Амрико бо гуфтаҳои Ҳасани Рӯҳонӣ оғоз шуд, ки ҷанг ва сулҳ бо Эронро "модари ҷангҳо ва модари сулҳҳо", хонда буд.

Дар посух ба ин суханон, Доналд Трамп дар ҳушдоре бо лаҳни шадид, аз раиси ҷумҳури Эрон хост, ки мутаваҷҷеҳи паёмадҳои таҳдидаш алайҳи Амрико бошад. Бо ин ҳол Доналд Трамп як рӯз баъд аз омодагиаш барои музокира барои расидан ба “тавофуқи воқеӣ” бо Эрон хабар дод.

Дар муқобил, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки ҳукумати Амрико тасаввури "музокира дар сояи таҳдид"-ро барои ҳамеша фаромӯш кунад.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузориҳо гузориш доданд, ки Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико қарор аст дар рӯзҳои оянда нишасте дар бораи Эрон дар Кохи сафед баргузор кунад.

Аз сӯи дигар, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти Сенат гуфт, ки фишорҳои Амрико тайи панҷ моҳи гузашта бар рафторҳои Эрон таъсир гузоштааст.

XS
SM
MD
LG