Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба ашъори муаллифи "Аз ин Авасто" то "Охири Шоҳнома", ки 30 сол пеш даргузашт


Ахавони Солис дар Тоҷикистон ҳам шуҳрат дошт.

Аз даргузашти як шоири маҳбуб дар Эрон ва ҳам Тоҷикистон 30 сол сипарӣ шуд. Меҳдии Ахавони Солис рӯзи 24-уми августи соли 1990 даргузашт ва фавти ӯро талафоти азиме барои адабиёти навини форс медонанд.

Шодӣ намонду шӯр намонду ҳавас намонд,

Фарёд аз он кунанд, ки... фарёдрас намонд.

Меҳдии Ахавони Солис бо тахаллуси М-Умед, яке аз чеҳраҳои барҷастаи шеъру адаби форсӣ, дар навҷавонӣ бо шеъри классики форсӣ ошно ва сипас бо сурудани ғазалу қасида вориди дунёи шоирӣ шуд. Ошноӣ бо адиби дигари маъруф Нимо Юшич симои дигаре ба М-Умед бахшид.

Нодири Нодирпур шоири дигари ошно барои тоҷикон ва ҳамнасли Ахавони Солис дар бораи ӯ мегӯяд: "Ҳунари М-Умед дар таркиби шеъри куҳан ва сабки нимоӣ аз сӯги ӯ бар гузаштаи Эрон маҷмӯае ба вуҷуд овард, ки хоси худи ӯ буда ва асари амиқ дар ҳамнаслон ва наслҳои баъдӣ гузоштааст."

Симини Беҳбаҳонӣ шоири дигари тавонои эронӣ, Меҳдии Ахавони Солисро шоири сиёсие номидааст, ки "чандон гароише ба сиёсат надоштааст".

Худи М-Умед гуфтааст: "Ман ба гузашта ва таърихи Эрон назар дорам. Ман уқдаи адолат дорам. Гаҳ-гоҳ фарёду хашме ҳам доштаам."

"Аз ин Авасто" то "Охири Шоҳнома"

Ахавони Солис тақрибан 5 моҳ пеш аз маргаш ба даъвати Хонаи фарҳангҳои ҷаҳон дар Берлин ба Олмон рафтааст. Шаҳроми Мириён, ҳоло хабарнигори Радиои Фардо дар Берлин, аз Ахавони Солис пурсидааст, агар касе бихоҳад, бо нигоҳ ва дидгоҳи шоиронаи ӯ ошно шавад, мутолиа ва хондани кадом китоби худро пешниҳод мекунад.

Шоир чунин посух додааст: "Касе ба ман руҷуъ кунад, як китобро дар васф бигӯям. Масалан, ман аз “Зимистон” то “Аз ин Авасто” тавсия мекунам. Бар изофаи “Охири Шоҳнома”. Махсусан “Аз ин Авасто”-ро тавсия мекунам. Агар ба таври мутлақ бигӯям, “Охири Шоҳнома”-ро."

Алиакбари Саидии Сирҷонӣ, нависандаву шоири дигари эронӣ ва дӯсти деринаи Ахавони Солис пас аз чанд рӯзи даргузашти адиб ба Шаҳроми Мириён гуфтааст: "Агар мо ба 40-50 соли ахир бино бошад, ки панҷто шоири хуб интихоб кунем, Ахавон ҳатман яке аз панҷто аст. Ахавон огаҳиаш аз адабиёти классик ва шеъри куҳани форсӣ боис шуда буд, роҳеро интихоб кунад, ки мақбули ҳам навписандҳо ҳам қадимиписандҳо, ё суннатиҳо бошад."

Меҳдии Ахавони Солис дар охирин сафараш ба Олмон дар Донишгоҳи шаҳри Кёлн, дар ҳузури ҳаводоронаш ба шеърхонӣ пардохт ва дар лобалои сурудаҳо аз сензура дар Эрон ҳам гуфт:

"Сари кӯҳи баланд, оҳуи хаста, шикаста даступо ғамгин нишаста,

Шикасти даступо дард аст, аммо на чун дарди дилаш, к-аз ғам шикаста.

Ин шеър борҳову борҳо чоп шудааст. Будааст вазъе ки масалан гуфтаанд, фазл бифармоед, ин як ду байташ набошад. Гуфтам, хеле хуб."

Гулрухсори Сафӣ, шоири тавонои тоҷик, ки соли 1990 дар Фаронса бо Меҳдии Ахавони Солис мулоқот доштааст, дар яке аз мусоҳибаҳояш доир ба адибони шинохтаи Эрон, аз ҷумла Ахавони Солис гуфтааст: "Ин шоирон ба ғайр аз пешаи худ дигар ба ҳеч коре даст назаданд. Ҳеч кадомашон дар ягон идора кор накардаанд. Ягон нафари инҳо тамаъ надошт. Ҷоиза ҳам надошт. Онҳо фақат ба гуфтани шеър машғул буданд."

Ахавони Солис, ки соли 1928 дар шаҳри Машҳади Эрон ба дунё омадааст, дар байни аҳли фарҳангу шеър дар Тоҷикистон низ шуҳрат дошт. Ӯ 24-уми августи соли 1990 дар 62-солагӣ даргузашт ва ӯро дар канори оромгоҳи Фирдавсӣ дар шаҳри Машҳад ба хок супурданд.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG