Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лоиқ. Шоири миллат, шоири хуршеду дарё...


Имрӯз ҳазорону ҳазорон боз девони шеъри Лоиқро мекушоянд. Аммо, ангор, дафтари шеъри ӯ ҳамеша, чи айёми буданаш ва чи баъди рафтани андӯҳбораш, дасти ба даст будааст. Наслҳое бо ин шеър ба воя расиданд ва наслҳое ба воя мерасанд.

Шеъри ӯ ҳам шиори рӯз мешуд ва ҳам бехгӯшии ошиқон, ҳам бо он орифон ба муроқиба мерафтанд ва ҳам нозирону носеҳон бозмеистоданд, ки боре ба худ бингаранд. Шеъри ӯ ба дили ҳама мерасад ва ҳар хонандае дар он ба дарди худ даво ва пурсиши худ посух пайдо мекунад.

Аз даргузашти ӯ ин ҳама сол мегузарад ва аммо шеъраш ӯро зинда медорад. Ба гунае, ки худаш пешгӯӣ карда буд:

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт...
Дилам рӯзе агар аз дарди шеъру ишқ мемирад,
Ало, ишқи ҷаҳоноро, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ало, девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.


Падидории Лоиқ Шералӣ дар адабиёти тоҷик, дар солҳои 60-уми садаи 20 баёнгари равише буд, ки бо ҳимояти чеҳраҳои маъруфи вақт Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Мирсаид Миршакар созмон ёфт ва шеъру адаби тоҷикро ба сӯйи шукуфоӣ савқ дод.

Шоирони саршиносе монанди Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Бозор Собир, Гулназар ва дигарон натиҷаи ҳамин талоши пешкисватон аст. Аммо шоири шинохта Ҳақназар Ғоиб мегӯяд, қадами Лоиқ ба адабиёт шабеҳи тундаре дар осмони соф буд ва пас аз рафтанаш ӯ аз худ як мактаби хоси сухангустарӣ ба мерос гузошт.

Ин дӯсти Лоиқ меафзояд, дар сароғози роҳ Лоиқ даъвои шоирӣ надошт: "Он кас мегуфтанд, ки ман ҳеҷ вақт даъвои шоирӣ надоштам, вале вақте ки дар донишгоҳ таҳсил мекардам ва дар маҳфили шоирони ҷавон иштирок кардам, нохост, барои худ кашф намудам, ки ман ҳам шоирам."

Мӯъмини Қаноат, шоири шаҳири тоҷик, гуфта буд, ки Лоиқ дар майдони шеър доди сухан дод: "Ман намедонам, ки шахсан ман то куҷо дар шеър даст ёфтаам, вале медонам, ки Лоиқ дар шеър дасти комил ёфта буд."

Лоиқ Шералӣ 20-уми майи соли 1941 дар рустои Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакент ба дунё омада, ибтидо Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва баъдан риштаи таъриху забони донишкадаи омӯзгории Душанберо хатм кардааст. Сипас ҳамчун рӯзноманигор дар расонаҳои ҳамагонӣ кор карда, бо ном бароварданаш ҳамчун шоир сарбадили маҷаллаи адабии “Садои Шарқ” ва аз соли 1989 раиси Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) буд.

Маҷмуаҳои ашъораш «Сари сабз», «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо»(1972), «Ташнадил»(1974, бо ҳуруфи форсӣ), «Хоки ватан»(1975), «Марди роҳ» (1978), “Торҳои борон” (ба забони русӣ, 1979), «Хонаи дил» (1982), «Хонаи чашм» (1986), “Варақи санг” мавриди истиқболи пуршӯри хонандагонаш шудаанд. Охирин китобе, ки дар зинда буданаш мунташир шуд, «Фарёди бефарёдрас» падидаҳои ваҳшатангези ҷанги хонагии Тоҷикистонро бозтоб додааст.

Лоиқ Шералӣ 30 июни соли 2000, дар 59-солагӣ ва авҷи камолоти эҷодиаш аз дунё рафт. Баъди маргаш, “Куллиёт”-и Лоиқ соли 2003 дар Хуҷанд, соли 2005 дар Теҳрон ва соли 2008 нашри комилтари он дар Душанбе ба чоп расид.

Адиби тоҷик Абдулҳамиди Самад мегӯяд: “Устод Лоиқ дар миёни шоирони тоҷик, бештар ормонҳои миллиро суруда тавонист, нишонрас ва мондагор суруда тавонист. Ҳадафи аслии шоирии Лоиқ аз тасвиру тавсифи чизҳои зоҳиран зебо иборат нест, манзури ӯ тасвири зулфи печону хами абрӯву теғи нигоҳу мисли инҳо нест, манзури шоирии устод Лоиқ ифшои дарду армонҳои миллӣ аст.

Аммо ба назари пажуҳишгарони ашъори Лоиқ, вақте ки ӯ аз дарду армони халқи худ сухан мегӯяд, дардҳои тамоми одамизодро бозгӯ мекунад. Шеъри Лоиқ аз қолаб ва маҳдудаҳои давру замонӣ ва чаҳорчӯби арзишу ормонҳои як миллати худи ӯ берун рафтааст. Лоиқ ба ин маънӣ мегӯяд :

Таърих ба пуштораи ман чун боре,
Фарзанди тамоми одамизодам ман!


Пажуҳишгарони ашъор ва шахсияти Лоиқ бар инанд, ки ҳарчанд қисмати умдаи фаъолияти эҷодии вай дар давраи шӯравӣ сурат гирифта, дафтарҳои шеъри зиёде ба дасти нашр дод, аммо аз онҳо ин чиз рӯшан ба назар мерасад, ки идеологияи хушки шӯравӣ ба дилу зеҳни табиатан озоди Лоиқ Шералӣ роҳ наёфта, ба наҳве изҳори норизоиятӣ аз он ва садоқати худро ба ҳақиқати зиндагӣ ва шеър ҳифз кардааст.

Ононе, ки бо Лоиқ пайванду наздикӣ ва дӯстӣ доштаанд, мегӯянд, дар вуҷуди ӯ чизе маснӯъӣ набуд. Ба қавли Фарзона, шоираи тоҷик, ин озодагии ботин дар зоҳири устод Лоиқ ҳам ба чашм мехӯрд: "Устод Лоиқ айни муъҷиза буданд, тамоми шеърашон ҳам омада, нозилшуда - дар ҳолати бехудӣ мегуфтанд он ҳарфҳоро. Ва ҳаргиз халале, берабтие, номавзуние на дар зоҳир, на дар ботини устод ман мушоҳида накардаам. Дирӯз мутаваҷҷеҳ шудам, ки бисёр олимон бештар калимоти арабиро дар сӯҳбатҳояшон истифода мебаранд ва бо ҳамин гӯё каломи худро оро медиҳанд, ҳарфу нутқи худро муҷаҳҳаз мекунанд. Аммо устод Лоиқ ба тоҷикии ноб сӯҳбат мекарданд. Калимотеро, ки халқ истифода мекунад, аммо вақте сӯҳбат мекунед аз зеҳн гум ва аз хотир фаромӯш мешавад, устод дубора зинда мекарданд. Бисёр одӣ, бисёр маъмулӣ ва бисёр содда суҳбат мекарданд."

Ба гуфтаи пайвандон ва дӯстонаш, Лоиқ мехост шеърҳои худро аз нигоҳи асолат ва ҷавҳари шеърият ва ҳақиқату самимияти баён бознигарӣ кунад. Аммо чун ин кор анҷом наёфта, даргузашт.

Ҳолдонҳои Лоиқ мегӯянд, ӯ дар давраи поёни умраш бар асари фишори ҳаводиси Тоҷикистон, ки ба дилу рӯҳи ӯ асар мегузошт, сахт афсурда ва андӯҳгин буд. Ин ғами бепоён дар шаърҳои ахирашро ошкоро эҳсос мешавад. Қалбу рӯҳи Лоиқи Шералӣ ба мисли асбоби набзнависи табибон буд, ки ҳама дарду ормони халқи худро ба шакли шеър рӯи коғази сафед дармеёвард. Ӯ худаш мегуфт, ки «мадду ҷазри зиндагӣ аз синаи ман бигзарад.» Аммо ҷисми соҳиби ин рӯҳ ва дили қавӣ буд, ки ба дардҳо ва ҳамлаҳои рӯҳониву маънавии замонааш тоб наёвард ва дар синни панҷоҳунӯҳсолагӣ Лоиқ бар асари фишори хуни мағзи сар дунёи пуршӯрро тарк гуфт...

Баҳриддин Алавӣ, корманди пажуҳишгоҳи забон ва адабиёт дар шаҳри Душанбе, таҳиягари куллиёти Лоиқ: "Ҳаводиси солҳои ахири Тоҷикистон ҳам ба афкор ва рӯҳияи устод Лоиқ таъсири амиқ гузошт. Устод дар ашъори солҳои ахир дардҳо ва назарҳои худро нисбат ба замон ва ҳаводиси рӯзгоре, ки мо дорем, баён кардааст. Ҳодисаҳоеро мо дидем, ки ҳанӯз ҳам одам бовар намекунад чунин ҳаводис дар Тоҷикистон иттифоқ уфтод. Фоҷиаҳоеро мо дидем, ки одамон бидуни ҳадаф ҳамдигарро мекуштанд, гӯшҳои ҳамдигарро мебуриданд, ҳама ҷо дуздӣ, ғорат, одамрабоӣ... Замон ончунон ошуфта буд, ки касе ба фарёди касе намерасид. Ба ҳамин ҷиҳат номи китоби устод низ «Фарёди бефарёдрас» аст. Вале устод то охирин лаҳза аз шеъру шоирӣ даст накашид ва медонист, ки агар забонашро буранд, бо имову ишора сухан гӯянд, ва агар дастонашро бибуранд, бо баданаш бихазад ва агар хунаш берун бирезад, бо хунаш дар девор шеър бинвисад. Ҳамин тавр, устод Лоиқ аз рисолати шоирии худ, ки гуфтани дардҳои замона аст, то охирин лаҳзаи умр фуругузор нашуд."

Ортиқи Қодир, ҳунарпеша, ровӣ ва дӯсти шоир меафзояд, ҳамин дард, эҳсоси ватанпараварӣ ва ҳубби ватан ва фарёди бефарёдрасаш риштаи умри шоирро нобаҳангом гусастанд: «Устодро воқеан ҳамин дарди миллат то бистари марг бурд ва бояд ки дар дардномаи устод, яъне «диагноз»и ӯ навишта мешуд: дарди миллат кушт!»

Шарҳҳоро бинед (18)

XS
SM
MD
LG