Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марям Мирзохонӣ "Ҷоизаи Нобел"-и математикаро соҳиб шуд


Ҷоизаи беҳтарин риёзидони ҷаҳон дар соли 2014 ро ба Марям Мирзохонӣ раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ супурд.
Ҷоизаи беҳтарин риёзидони ҷаҳон дар соли 2014 ро ба Марям Мирзохонӣ раиси ҷумҳури Кореяи ҷанубӣ супурд.

Марям Мирзохонии 37-сола аз Эрон нахустин зане дар ҷаҳон шуд, ки як ҷоизаи мӯътабар дар риштаи риёзиро ба даст меорад.

Марям Мирзохонӣ, риёзидон ё математики эронӣ ба унвони яке аз чаҳор барандаи Ҷоизи байналмилалии Fields Medal, мӯътабартарин ҷоизаи риёзиёти ҷаҳон шинохта шуд. Ӯ нахустин зане аст, ки ин ҷоизаро дарёфт мекунад.

Дар миёни риёзидонҳои барҷастаи дарёфткунандаи медал аз Кунгураи байналмилалии риёзидонҳои соли ҷории милодӣ, Марям Мирзохонӣ, риёзидони ҷавони эронӣ барои дастовардҳояш дар сатҳҳои ҳандасаи римонӣ (сохторҳои мураккаби риёзӣ, ки бо рақамҳои печида ҳал мешавад) ва фазои модулии он муваффақ ба дарёфти медали Фиелдс шуд.

Кунгураи риёзидонҳои ҷаҳон эълон кардааст, ки ёфтаҳои Марям Мирзохонӣ "уфуқҳои наве"-ро дар риштаи тахассусии худ кушода аст. Марям Мирзохонӣ устоди риёзиёт дар Донишгоҳи Станфорд аст. Ӯ нахустин зане аст, ки Ҷоизаи ФЛАД ро аз худ кардааст, Албатта Марям Мирзохонӣ пештар низ дар солҳои 1994 ва 1995 дар олимпиадаҳои математика медалҳои тилло гирифта буд. Ин ҷоизаро онҳое мегиранд, ки синнашон ба 40 нарасидааст.

Марям Мирзохонӣ дар даврони зиндагиаш дар Эрон давраи мутавасситаро дар мактаби Фарзонагони Теҳрон гузаронд. Ӯ таҳсили худро дар риштаи риёзиёти Донишгоҳи санъатии Шариф идома дод ва аз ин донишгоҳ соҳиби диплом шуд. Ин нобиғаи риёзӣ баъдҳо аз Донишгоҳи Ҳарвард дараҷаи докторӣ ба даст овард.

Мирзохонӣ пеш аз тадрис дар Донишгоҳи Станфорд, таҷрибаи пажӯҳиш дар "Муассисаи риёзии куллӣ" ва таҷрибаи дарс гуфтан дар Донишгоҳи Принсетонро низ доштааст.

Ба ҷуз Марям Мирзохонӣ, се риёзидони дигар низ дар маросими ифтитоҳи Кунгураи риёзидонҳои соли 2014 Ҷоизаи Филдро дарёт карданд. Артур Алива, Манҷул Бҳаргава ва Мартин Ҳайрер-- се донишманди дигар ҳастанд, ки дар баробари Марям Мирзохони соҳиби ин ҷоиза шудаанд.

Артур Алива риёзидони фаронсавӣ, Манҷул Бҳаргава шаҳрвандии Амрико ва Канадаро дорад ва Ҳайрер низ аз Австрия мебошад ва дар яке аз донишгоҳҳои Бритониё дарс мегӯяд.

XS
SM
MD
LG