Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паланге дар Эрон соҳиби дандони тилоӣ шуд.


Iran -- Rika - Iranian panther, July 23, 2013.
Iran -- Rika - Iranian panther, July 23, 2013.

Паланги 12-солаи боғи ҳайвоноти Теҳрон бо номи Рико, ки чанд вақт инҷониб аз дарди дандон азият мекашид, моҳи гузашта як амалиёти ҷарроҳиро пушти сар намуда, соҳиби дандони тилоӣ шуд.

Имон Меъмориён-байтори боғи ҳайвоноти Теҳрон, мегӯяд,

Рико ягона паланги нари эронӣ дар тамоми боғҳои ҳавоноти Эрон аст. Муддате буд, ки дандони ашки поёни Рико аз тарафи рост соида шуд ва дандони ашки поёнаш аз тарафи чап шикаст. Бар илова ин дандонҳои соидаву шикаста варам карда, Рикоро азият медоданд. Дар сурати аз назорат дур шудани ин раванд ҳаёти рико бо таҳдид мувоҷеҳ шуда метавонист.”



Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин байтори эронӣ илова кард, ки баъди муоинаи дақиқ домпизишкону табибони дандонсози Донишгоҳи Теҳрон барои Рико рӯкаши тилоии дандон ( коронка) таҳия намуда, дар рафти се амалиёти ҷарроҳӣ ибтидо канали дандонҳоро поккорӣ карда, сипас рӯи ду дандони ашки ин паланг рӯкашҳои тилоиро насб карданд.

Меъмориён мегӯяд, чунин амалиёти насби рӯкаши сунъӣ барои ҳайвонҳои ваҳшӣ дар қаламрави Эрон барои аввалин бор сурат гирифт. Ӯ меафзояд, ки қаблан дар Африқо ва Амрико ба юз-палангҳои африқоӣ чунин дандонҳои тилоӣ насб карда буданд, вале он натиҷаи мусбат надоштааст.
XS
SM
MD
LG