Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мӯҳсини Меҳрдодро пас аз 14 соли иқомат аз Тоҷикистон рондаанд. САДО


Мӯҳсини Меҳрдод

Мӯҳсини Меҳрдод, шаҳрванди Эронро баъд аз 14 соли кору зиндагӣ аз Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Ӯ ҳоло дар Қирғизистон аст ва талош дорад, ба назди пайвандонаш ба Олмон биравад. Мӯҳсини Меҳрдод охири ҳафтаи гузашта дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз бозгашт ба ватанаш, Эрон, метарсад, чун дар онҷо ба "ҷосусӣ ба нафъи Амрико" муттаҳам кардаанд.

Мӯҳсини Меҳрдод рӯзи 19-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро 1-уми декабри соли 2019 аз Тоҷикистон рондаанд ва шикояташ дар бораи бознигарии қарори додгоҳ бенатиҷа анҷомидааст.

Мақомоти Тоҷикистон қазияро расман шарҳ намедиҳанд, аммо пештар шаҳрванди Эронро ба риоят накардани қоидаи иқомат айбдор намуданд ва гуфта мешавад, як сабаби ронда шуданаш аз Тоҷикистон низ ҳамин будааст.

Мӯҳсини Меҳрдод, зимни сӯҳбат гуфт, пеш аз ихроҷ шудан афроди ношинос ӯро дар Душанбе латту кӯб кардаанд. "Намедонам, кӣ буданд ва то ҳол барои ман муаммост. Дар Тоҷикистон аккосӣ мекардам, дигар ҳеч", - мегӯяд Мӯҳсини Меҳрдод.

Ихроҷи як шаҳрванди Эрон аз Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
Линки мустақим

Ҳамсӯҳбати мо дар Бишкек ба Комиссариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон муроҷиат кардааст, то барои дарёфти паноҳандагии муваққатӣ ба ӯ ёрӣ кунанд. Ҳамсари Мӯҳсини Меҳрдод дар Олмон мақоми паноҳандагӣ доштааст ва ӯ мехоҳад, ба он ҷо равад.

Радиои Озодӣ бо дафтари Комиссариати СММ дар умури паноҳандагон тамос гирифт, вале дар он ҷо гуфтанд, иттилоот доир ба паноҳҷӯён махфӣ аст ва танҳо бо дархосткунанда дар миён гузошта мешавад.

Мӯҳсини Меҳрдод тобистони соли 2019 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, наметавонад ба Эрон баргардад, зеро дар он ҷо ба зиндагияш хатар таҳдид мекунад.

"Бори охир соли 2009 ба Эрон рафта будам. Дар фурудгоҳ маро дастгир карданд ва чанд муддат дар боздошт будам. Ба ман иттиҳоми масхараомези ҷосусӣ заданд. Дар Эрон аз ман пурсиданд, ки чаро дар назди сафорати Амрико дар Тоҷикистон дида шудам ва ё ба фалон намоишгоҳ рафтам ё бо фалониҳо додугирифт доштам?" -- гуфт ӯ.

Радиои Озодӣ дар бораи сарнавишти шаҳрванди Эрон ҳанӯз моҳи июни соли 2019 иттилоъ дода буд, замоне ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба ӯ амр дод барои риоят накардани қоидаҳои иқомат ҷарима супурда, қаламрави Тоҷикистонро тарк кунад.

Дар қарори додгоҳ навишта шудааст: “Шаҳрванди Эрон санаи 24-уми майи 2019 худро дар кӯчаи Мичурин сабти ном кард, вале бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон дар биное дар кӯчаи Шевченко ба зиндагӣ идома дод”.

Он замон дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфта буданд, Мӯҳсини Меҳрдод дар ҳақиқат қоидаҳои иқоматро риоят накардааст.

Бар тибқи қонунгузорӣ, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати 10 рӯз пас аз омадан расман худро дар идораи умури дохилӣ сабти ном кунад, ва дар сурати тағйири ҷойи зист мақомотро дар ҷараён гузорад.

Бино ба омори расмӣ, соли 2019 дар Тоҷикистон 3 ҳазор паноҳанда ба сар мебурданд, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Эрону Ироқ, Украина ва Узбекистон ҳастанд. Аксарияти онҳо, яъне 2 ҳазору 600 нафарро шаҳрвандони Афғонистон ташкил медиҳанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (11)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG