Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ихроҷи як шаҳрванди Эрон аз Тоҷикистон


Шаҳрванди Эрон аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, қарори ихроҷи ӯро бекор кунад
Шаҳрванди Эрон аз Додгоҳи шаҳри Душанбе хостааст, қарори ихроҷи ӯро бекор кунад

Як шаҳрванди Эрон аз мақомоти Тоҷикистон дархост дорад, ки қарори ихроҷ ё депортатсияи ӯро бекор кунанд, чун дар кишвараш "ҳабсу шиканҷа интизор аст".

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе рӯзи 29-уми майи имсол қарор кард, ки Муҳсин Меҳрдоди 49-сола бояд ҷарима ва аз ҳудуди Тоҷикистон ихроҷ шавад. Вайро ба поймол кардани қоидаҳои будубош гунаҳкор донистаанд.

Дар қарори додгоҳ, ки нусхааш рӯзи 9-уми июн ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, "ин шаҳрванди Эрон санаи 24-уми май худро дар кӯчаи Мичурин сабтином кард, вале бар хилофи қонунгузории Тоҷикистон дар биное дар кӯчаи Шевченко ба зиндагӣ идома дод".

Вале Муҳсин Меҳрдод ба бегуноҳии худ пойфишорӣ дорад ва аз рӯи қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят кардааст. Ин шаҳрванди Эрон мегӯяд, чаҳордаҳ сол боз дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад ва дар ин муддат боре ҳам ба нақзи қоидаҳои будубош муттаҳам нашуда буд.

"Дар Душанбе иҷоранишин будам ва ҳеҷ гоҳ мушкили санад надоштам. Рӯзи 20-уми май хонаро иваз кардам ва як кӯча поинтар кӯчидам. Баъди се рӯз намояндагони мақомот дарамро кӯфта ва гуфтанд, ки қонуншиканӣ кардаам", -- нақл кард ӯ.

Ин шаҳрванди Эрон мегӯяд, баробари кӯчидан ба манзили нав аз соҳибхона хост, ки ҳамроҳаш ба идораи бақайдгирӣ раванд ва ӯро сабтином кунанд. Аммо ба гуфтаи Меҳрдод, "соҳибхоназан бо сабаби марги шавҳараш натавонист саривақт ин корро анҷом диҳад".

Муҳсини Меҳрдод мегӯяд, қарори ихроҷ барояш хеле сангин аст, чун ба иддаои ӯ, дар Эрон ба ҷосусӣ ба фоидаи Амрико муттаҳам асту наметавонад баргардад. Иддаое, ки тасдиқи дурустии он дар ҳоли ҳозир аз манобеи дигар имконнопазир аст.

Ӯ гуфт: "Бори охир соли 2009 ба Эрон рафта будам. Дар фурудгоҳ маро дастгир карданд ва чанд муддат дар боздошт будам. Ба ман иттиҳоми масхараомези ҷосусӣ заданд. Дар Эрон аз ман пурсиданд, ки чаро дар назди сафорати Амрико дар Тоҷикистон дида шудам ва ё ба фалон намоишгоҳ рафтам ё бо фалониҳо додугирифт доштам?"

Ин шаҳрванди Эрон иддао дорад, ки бо мушкилие аз дасти мақомоти Эрон халос ёфт ва намехоҳад дубора ба доми онҳо афтад.

Мақомот: "Қарори ихроҷ дуруст аст"

Муҳсини Меҳрдод дар ҳоле аз қарори ихроҷаш норозигӣ мекунад, ки масъулони идораи муҳоҷирати Тоҷикистон қарори додгоҳро дуруст медонанд.

Дар Раёсати Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, Муҳсини Меҳрдод дар ҳақиқат қоидаҳои Тоҷикистонро дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ поймол кардааст. Ҳамсуҳбати мо дар ин идора афзуд, тибқи тартиби қонунгузории Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ бояд то даҳ рӯзи ворид шудани худ ба кишвар расман худро дар қайд гузоранд. Аммо масъулини Хадамоти муҳоҷират гуфтанд, дар ҳолати тағйири ҷойи зист дар Тоҷикистон бояд фаврӣ мақомот огоҳ карда шаванд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, Муҳсини Меҳрдод бояд аввал худро дар ҷойи нав ба қайд мегузошт ва сипас ҷойи зисти қаблиашро тарк мекард.

“Агар ҷонашон дар хатар аст, чаро паноҳандагӣ намехоҳанд?”

Муҳсини Меҳрдод, ягона шаҳрванди хориҷӣ нест, ки аз қарори додгоҳҳои Тоҷикистон барои ихроҷ аз кишвар норозигӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт хонаводаи Муҳаммад Ҳаким Хуррам, як шаҳрванди Афғонистонро, ки аз Тоҷикистон ҳаққи паноҳандагӣ хоста буд, ба риоят накардани меъёрҳои иқомат гунаҳкор донист ва амр дод, ӯро аз Тоҷикистон берун кунанд. Ин оила қарори ихроҷи худро ноодилона номиданд.

Мушкилоти шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон бо мақомоти тоҷик тақрибан якгуна аст ва қарори додгоҳҳо низ барояшон тақрибан айнан содир мешавад. Мақомоти тоҷик мегӯянд, Тоҷикистон бар асоси қавонини байналмилалӣ ба онҳое, ки дар ватани худ ба ҷонашон хатар таҳдид мекунад, ҳаққи паноҳандагӣ медиҳад. Вале ба иддаои масъулини Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе шаҳрвандони хориҷӣ тартиби ин корро баъзан риоя намекунанд. Дар навбати худ шаҳрвандони хориҷӣ аз печида будани ин муқаррарот дар Тоҷикистон шикоят доранд.

Дар Тоҷикистон бино ба омори расмӣ ҳудуди 3 ҳазор паноҳҷӯ зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Эрону Ироқ ва Украинаву Узбекистон ҳам ҳастанд. Дар ин миён бештарини онҳо, зиёда аз 2 ҳазору 600 нафар аз Афғонистон ҳастанд, ки аз ҷангу хунрезӣ гурехта, ба Тоҷикистон омадаанд.

Афроди огоҳ мегӯянд, шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам паноҳандагон, Тоҷикистонро ҳамчун пул барои рафтан ба кишвари севум истифода мебаранд.

Тоҷикистон, ки бузургтарин мизбони паноҳҷӯён дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, тарҳи қонуни афви хориҷиён ва афродеро таҳия кардааст, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд. Қаблан як мақоми расмии огоҳ аз ин санад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, тарҳ комилан омода аст ва “ҳоло дар вазорату идораҳо мувофиқа мешавад.”

XS
SM
MD
LG