Пайвандҳои дастрасӣ

Моҳмунир -- маъюбе, ки ҳам мерақсад ва ҳам "моделер" аст. ВИДЕО


Моҳмунир Надим.

Моҳмунир Надим, як духтари маъюби эронӣ аст, ки ҳамакнун дар Бразилия ба сар мебарад. Ӯ дар чаҳордаҳсолӣ дар як садамаи автомобилӣ як пои худро аз даст додааст.

Дар як мусоҳибаи видеоӣ ба Радиои Фардо - бахши эронии Радиои Озодӣ, Моҳмунир достони зиндагии худ ва берун шуданаш аз Эронро қисса кард. Моҳмунир мегӯяд, ки панҷ сол пеш аз Эрон хориҷ шуд ва ҳамакнун дар шаҳри Сан-Паулои Бразилия зиндагӣ мекунад,

Ӯ гоҳе бо асо ва гоҳе ҳам бо пойи сунъӣ (протез) берун меравад. Мегӯяд, вақте дар Эрон буд, ҳеҷ кас намедонист, ки вай аз пойи сунъӣ истифода мекунад, зеро дар он кишвар ҳама бадани занон пӯшида аст. Моҳмунир ҳоло дар ин ҷо метавонад ҳар гоҳе шакли "протезаш"-ро тағйир бидиҳад – гоҳе онро мисӣ кунад, гоҳе нуқраӣ ва гоҳе ҳам тиллоӣ.

Мегӯяд, дар инҷо, озодона метавонад киштисаворӣ кунад, дар рақси дастаҷамъӣ "самбо" (рақси маъмул дар Амрико Лотинӣ) ширкат кунад ва ҳам "моделер" ё тарроҳ бошад.

Моҳмунир истифодаи вожаи “маъюб” барои худро дӯст намедорад ва худро як тарроҳ ё “моделер” меномад. Мегӯяд, ки вақте ба шеваҳои гунонуни ороиш занон дар Бразилия нигоҳ мекунад, Эрон ба ёдаш меояд, ки мақомҳо пӯшиши занонро ба таври ҷиддӣ назорат мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG