Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сунниҳои Эрон мегӯянд, Irancell ҳазрати Умарро таҳқир кард


Симкарти Irancell
Симкарти Irancell

Irancell, яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Ирон бо пахши як паёмаки барои сунниҳо таҳқиромез худро таҳти фишори ҷиддӣ қарор дод.

Ин ширкат ба хотири имтиҳони муштариҳояш ба онҳо чистон фиристод ва пурсид, “кадом қозӣ дар аҳди ҳазрати Алӣ фирефтаи шайтон шуда буд?” ва ҳамзамон барои интихоб ду посухи эҳтимолиро пешниҳод кард, ки яке аз онҳо халифа Умар ал-Хаттоб буд. Баҳси нақши Ҳазрати Умар дар ислом аз баҳсҳоест, ки асрҳо боз дар байни шиаву сунниҳо давом дорад.

Ба думболи ин ва дар пасманзари норозигии мардум, додситони вилояти Систону Балуҷистон, як минтақаи фақрзадаи Эрон, ки макони ҷомеъаи бузурги сунниҳои ин кишвар аст, алайҳи Irancell парванда боз кардааст.

Ҳазрати Умар яке аз чаҳор хулафои рошиддин аст, ки баъд аз вафоти пайғамбари Ислом ҳазрати Муҳаммад ҷойгузини ӯ шуданд. Ба ҷои паёмбар ибтидо Абӯбакри Сиддиқ ва баъди фавти ӯ Умар ал-Хаттоб, мулаққаб ба Форуқ халифа интихоб шуданд. Хулафои рошиддин иборатанд аз ҳазрати Абӯбакр, ҳазрати Умар, ҳазрати Усмон ва ҳазрати Алӣ. Аммо ба назари шиаҳо, баъд аз вафоти пайғамбар мебоист ҳазати Алӣ ҷойгузини ӯ мешуд ва хилофати се нафари пеш аз ӯ барҳақ набуд. Дар ҳоле ки сунниҳо ҳар чаҳор халифаро эҳтиром ва эътироф мекунанд.


Овезаи сериали арабии "Умар"
Овезаи сериали арабии "Умар"
Паёмаки Irancell хашми ақалиятҳои суннии Эронро ба бор овард ва онҳо маъракаи бойкот кардани ин ширкати мобилиро пеш гирифтанд. То ҳол маълум нест, ки чӣ теъдоди сунниҳо дар Ирон ба сар мебаранд. Тибқи баъзе маълумотҳо, сунниҳо 10 дар сад аз тақрибан 80 миллион аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Сунниҳо ҳамеша шикоят доранд, ки ҳуқуқашон дар ин кишвар поймол мешавад ва Ҷумҳурии исломии мабнӣ бар арзишҳои мазҳаби шиъа сунниҳоро ба ҳошия рондааст.

Сунниҳои Эрон мегӯянд, Irancell бо ин паёмак ба эҳсоси мазҳабии онҳо зарба зад. Онҳо бо боз кардани саҳифае дар Facebook, таҳти номи “Бойкоти Irancell “ гуфтаанд, ин ширкат на танҳо ҳазрати Умарро таҳқир кард, балкӣ фарҳанг ва тамаддуни Эронро таҳқир кард, ки асрҳо боз чунин рафтори зиштро надида буд.

Баъзе шаҳрвандон дар вилоятҳои Сиистон, Балуҷистон ва вилояти Курдистон, як минтақаи дигари суннишини Эрон, ба нишони эътироз алайҳи Irancell симкартҳои онро хароб карданд. Якчанд раҳбари ҷомеъаи сунниҳо аз ин ширкати телефонӣ талаб карданд, ки расман маъзаратхоҳӣ кунад.

Мавлавӣ Абдулҳамид, рӯҳонии саршиноси сунниҳои Ирон дар намози ҷумъаи гузашта дар Зоҳидон аз Irancell даъват кард, ки на танҳо аз сунниҳо, балки аз шиъаҳо низ узрхоҳӣ кунад, зеро ба гуфтаи ӯ, ин рафтор барои ҳамаи мардуми боимон таҳқир аст. Қонунгузорони суннӣ дар парлумони Эрон низ аз мақомоти адлияи кишвар даъват кардаанд, ки ба ин масъала бархӯрди ҷиддӣ сурат бигирад.

Irancell дар вокуниш ба ин эътирозҳо гуфтааст, ки он танҳо як истифодабарандаи ин чистонҳо буд ва масъулияти аслӣ бояд бо ширкати “Калиди Тиллоӣ” бошад, ки чистонро омода кардааст.

Дар навбати худ, ширкати “Калиди Тиллоӣ” ин чистони зиддунақизро “иштибоҳи нохост” унвон кард ва аз ҳама мусалмонҳо даъват кард, ки узри самимиашро бипазиранд.

Аммо ба назар мерасад, ин узрхоҳӣ барои раҳоии ширкат аз иттиҳом кумак накард. Ахиран додситони Зоҳидон, пойтахти Систон ва Балуҷистон Irancell - ба таҳқири сунниҳо ва ноором кардани ҷомеъа муттаҳам кард.
XS
SM
MD
LG