Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Доналд Трамп ба ҳамла ба нафти Арабистони Саудӣ


Доналд Трамп

Раиси ҷумҳур Доналд Трамп гуфт, Амрико омодаи посух додан ба ҳамлаест, ки рӯзи 14-уми сентябр тавлидоти нафти Арабистони Саудиро ним баробар кам кард.

Ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар Твиттер навишт: "Ба таъминоти нафт аз Арабистони Саудӣ ҳамла шуд. Мо дар бораи масъули ҳамла далел дорем, омодаи ҳамла ҳастем. Мунтазири тасдиқи он ҳастем ва мунтазири ҳарфи Бритониё ҳастем, ки бовар доранд, сабаби ҳамларо медонанд."

Пештар аз ин Доналд Трамп гуфт, дастур додааст, "дар сурати зарурат" аз захираҳои стратегии нафти Амрико барои ба эътидол овардани вазъ дар бозорҳо истифода баранд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, дар ин анборҳо 630 миллион бушка нафт нигаҳ дошта мешавад ва раиси ҷумҳурони Амрико дар гузашта дар замонҳои бӯҳронӣ ва дар сурати тарс аз афзоиши якбораи қимати нафт аз он истифода бурдаанд."

Рӯзи 16-уми сентябр бо оғози харидуфурӯш қимати нафти хоми Брент 19 дар сад афзоиш ёфт ва ба тақрибан 72 доллар барои ҳар бушка расид. Дар бозори Амрико қимати нафт 15 дар сад боло рафт ва ба 63 доллару 34 сент расид. Дар ҳамлаҳо ба ду таъсисоти нафтии Арабистони Саудӣ дар рӯзи 14-уми сентябр, тавлиди нафти кишвар дар як рӯз то 5.7 миллион бушка камтар шуд.

Ширкати азими нафтии "Арамко" гуфт, ин нисфи тавлидоти рӯзонаи кишвар аст. Хабаргузории "Ройтерс" ва нашрияи “Волл Стрит Ҷорнал” навиштанд, ки тавлидоти нафт дар ҷаҳон дар маҷмӯъ 5 дар сад кам шудааст. Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтанд, рӯзи 16-уми сентябр сеяки тавлидот барқарор карда мешавад.

Ҳамлаи бесобиқа

Як мақоми амрикоӣ ба хабарнигори “Ройтерс” гуфтааст, ҳамла аз самте омадааст, ки аз он бармеояд, Эрон дар паси он бошад. Ба қавли ӯ, мумкин аст, мушаки идорашавандаро истифода карда бошанд, на ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки ошӯбгарони ҳусӣ мегӯянд, ба кор бурдаанд.

Эрон иддаои Амрикоро дар бораи даст доштанаш дар ҳамла рад кард ва ҳушдор дод, ки нерӯҳои заминӣ ва баҳрии Амрико дар минтақа дар миқёси ҳадафи мушакҳояш қарор доранд. Пештар аз баёнияҳои мақомоти баландпояи Эрон, Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико, Эронро ба ҳамлаи бесобиқа ба “таъминоти ҷаҳонии нафт” муттаҳам кард.

Помпео дар Твиттер навишт: “Теҳрон дар паси тақрибан 100 ҳамла ба Арабистони Саудӣ меистад ва бо ин ҳол Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳур ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон вонамуд мекунанд, ки дипломатияро пеш гирифтаанд.”

Аббос Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, иддао дар бораи даст доштани кишвараш дар ҳамлаҳоро рад кард. Ӯ дар як баёния гуфт: “Ингуна ҳарфҳо маҳкум аст, ғайриқобили пазириш ҳаст ва аз беху бун беасос.” Ба қавли ӯ, иддао дар ин бора баҳонае барои “амалҳои оянда” ба зидди Эрон аст.

Эрон омодаи ҷанг?

Як фармондеҳи баландрутбаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон гуфт, кишвараш омодаи ҷанг аст. Амиралӣ Ҳоҷизода гуфт: "Ҳама бояд бидонанд, ки тамоми пойгоҳҳои Амрико ва киштиҳои ҷангиаш дар атрофи Эрон дар масофаи 2-ҳазоркилометрӣ қарор доранд, ки мушакҳои мо ба онҳо мерасанд."

Аз моҳи марти соли 2015 эътилофи ба раҳбарии Саудӣ ба зидди ошӯбгарони ҳусӣ дар Яман меҷанганд, ки Эрон аз онҳо ҳимоят мекунад. Ин ошӯбгарони шиамазҳаб, шаҳри Санъо, пойтахти Яман ва дигар минтақаҳои ин кишвари фақиртарини арабӣ дар ҷаҳонро дар даст доранд. Дар ин ҷанг дар Яман ҳазорон нафар кушта шудаанд.

Таъсири пасту болоравии қимати нафт ба Тоҷикистон

Иқтисоди Тоҷикистон ба ҳар гуна такон ва талотум дар иқтисоди ҷаҳонӣ осебпазир аст ва таъсири боло рафтани қимати нафт, бешак ба он ҳам мерасад. Русияву Қазоқистон, воридкунандагони аслии нафту газ ба Тоҷикистон ҳастанд. Дар гузашта ҳар дафъа, ки қимати нафт ва сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло равад, бо назардошти афзоиши хароҷот барои нақлиёт қимати дигар молу маҳсулот ҳам боло меравад.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG