Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон рӯзи 21-уми июл гуфт, ҳаргуна музокирот бо Амрико “хатои возеҳ” аст, зеро рӯи Иёлоти Муттаҳида наметавон ҳисоб кард.
Ӯ рӯзи 21-уми июл ҳангоми мулоқот бо намояндагони вазорати умури хориҷии Эрон гуфтааст, “Банда батакрор хотирнишон мекардам, ки рӯи ҳарф ва ҳатто имзои амрикоиҳо наметавон, ҳисоб кард, бинобар ин музокира бо Амрико ҳеҷ фоида надорад”.
Давлати Эрон қарори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро, ки моҳи май кишварашро якҷониба аз созиши атомии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ хориҷ кард, башиддат интиқод кардааст.
Ҳафтаи гузашта Оятулло Алии Хоманаӣ ва дигар ҳалқаҳои муҳофизакор дар Эрон гуфтанд, муҳим нест, дигар Эрон ба тааҳудоташ ба созиши соли 2015 содиқ монад. Эрон гуфт, ки тавлиди ураниумро идома медиҳад ва қарор аст, ба зудӣ як таъсисоти дигари атомиро барои ба кор андохтани сентрифугаҳои нави ғанисозии ураниум такмил кунад.
Алиакбар Солеҳӣ, муовини раиси ҷумҳури Эрон, ҳамзамон раиси Оҷонси атомӣ гуфт, кишвараш ба созиши атомӣ пойбанд аст ва афзоиши фаъолияҳои атомӣ дар ҳамон ҳадди маҳдуд аст, ки созиш иҷоза додааст.
Эрон ҳамчунин ба зидди қарори Доналд Трамп, рӯзи 18-уми июл ба Додгоҳи Байналмилалии Мунсифа шикоят бурд.
Эрон мегӯяд, ки тамоми фаъолиятҳои атомиаш барои ҳадафҳои осоишта аст, вале ба ақидаи Амрико, Теҳрон саъй дорад, пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад.
Доналд Трамп, аввали моҳи июл дар нишасти НАТО гуфт, ки кишвараш таҳримот ба зидди Эронро зиёдтар мекунад ва ӯ интизор дорад, ки музокиракунандагони эронӣ дар як марҳилаи мушаххас ба ӯ занг мезананд ва мегӯянд, “Биёед созиш кунем ва мо созиш мекунем”.
Аммо вазорати умури хориҷии Эрон дар посух гуфт, агар Доналд Трамп мехоҳад, баъди хуруҷи Амрико аз созиши байналмилалӣ музокира кунад, пас бояд “худаш занг бизанад” зеро дигар раҳбарони олии Эрон ҳеҷ гуна майле барои музокирот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико надоранд.
Бар асоси созиши атомие, ки Эрон бо Амрико, Чин, Фаронсаву Русияву ва Олмону Бритониё имзо кард, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва бахусус Амрико таҳримоти иқтисодӣ ба зидди онро сабук карданд. Даст кашидани Амрико аз созиш, маънии бозгашти таҳримоти иқтисодии нафасгиркунанда барои иқтисоди Эрон аст.