Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Дарди иқтисодии Эронро бештар кунед"


Мақомоти Амрико иддао карданд, ки афзоиши таҳримҳо боиси фишор ба Эрон ва бурузи эътирозҳои хиёбонӣ мешавад ва, ба қавли президент Доналд Трамп, ин “дарди” иқтисодӣ метавонад Теҳронро водор кунад, ки бо Вашингтон созиш кунад.

Дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел шоми 12 июл, ки ду рӯз маҳаллаи баргузории ҷаласаи НАТО буд, Трамп гуфт, “медонам, ки эрониҳо мушкили зиёд доранд ва иқтисоди онҳо дар ҳоли рукуд аст. Вале ман ба шумо ҳаминро мегӯям, ки рӯзе онҳо ба ман занг зада мегӯянд, ки “биёед, созиш мекунем”. Ҳоло онҳо мушкили зиёдро пушти сар мекунанд”, гуфт Трамп.

Трамп ва котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар ҷараёни нишасти НАТО дар пойтахти Белгия аз муттафиқони аврупоии худ тақозо карданд, ки фишори иқтисодӣ болои Эронро афзоиш диҳанд ва аз таҳримҳои ИМА пуштибонӣ кунанд. Таҳримҳои иқтисодии Амрико қарор аст 4 ноябр мавриди иҷро қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG