Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи ғайримаъмулии Эрон барои муқобила бо душмани абарқудрат


Тамрини низомии артиши Эрон дар Исфаҳон дар моҳи январи соли 2019

Пеш аз ҳамлаҳои мушакӣ ба нерӯҳои ба раҳбарии Амрико дар Ироқ, Эрон барои муқобила бо душмани қудратмандаш, ки артиши бузургу муҷаҳҳазе дорад, солҳо омодагӣ гирифтааст.

Бино ба гузориши Пажуҳишгоҳи Байналмилалии Мутолеоти Стратегӣ артиши Эрон 500 ҳазор сарбоз, аз ҷумла 125 ҳазор нерӯи вижаи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломиро дар ихтиёр дорад. Аммо таҳримҳои байналмилалӣ ва маҳдудиятҳо дар хариди аслиҳа хариди муҳимоти ҷангӣ ва бахусус аслиҳаи пешрафтаро барои Эрон сахт кардааст.

Барои ҷуброн кардани ин нокифоятӣ Эрон бо истеҳсоли мушакҳои баллистикӣ, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва таъсиси шабакаи ниманизомиён дар Ироқу Сурия ва Лубнон ва Яман роҳи ғайримаъмулии муқобиларо пеш гирифт. Ҳадафаш аз ин осеб расондан ба рақиб ва бе набард дар майдони маъмулии ҷанг будааст.

Як фармондеҳи собиқи Бритониё, ки нахостааст, номаш бурда шавад, ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтааст, “аз назари ҷанги маъмулӣ онҳоро комилан мешикананд. Муҳимоти артиши онҳо пароканда, бисёр кӯҳна ва қадимӣ аст. Онҳо тамоми пули худро барои ҳамлаҳои ғайримустақим харҷ кардаанд. Аз ин ҷиҳат бисёр хуб омода шудаанд.”

То рӯзи 7-уми январ ин стратегияи Эрон пеши роҳи муноқишаи мустақим бо Амрикоро гирифт, ки соли 2018 аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ шуд ва танишҳо байни ду тараф авҷ гирифт.

Рақиби Эрон дар минтақа Арабистони Саудӣ чанде пеш шоҳиди вайроние шуд, ки ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон қодир ба он ҳастанд. Соли гузашта чунин ҳамла ба як полоишгоҳи азими нафти Арабистони Саудӣ, тавлиди нафти кишварро ним баробар кам кард ва содироти нафт ба бозорҳои ҷаҳониро 5 дар сад коҳиш дод. Амрикову Саудӣ гуфтанд, ки ҳамла кори дасти Эрон аст, вале Теҳрон ин иддаоро рад кард.

Эрон дар Ховари Миёна бузургтарин захираи мушакҳои баллистикиро дорад. Қисме аз онҳо дар заминаи мушакҳои қадимаи “Скад” сохта шудаанд, ки то 750 километр парвоз мекунанд. Бақияро дар заминаи мушакҳои Но Донги Куриёи Шимолӣ офаридаанд, ки қодир ба парвоз дар масофаи 2000 километр ҳастанд ва то ба Исроилу Аврупо мерасанд. Ин арзёбии Оҷонси Дифои Иттилоотии Амрико аст, ки соли гузашта дар ин бора гузорише нашр кард.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ қаиқҳои мусаллаҳ бо мушак ва киштиҳои хурди зериобӣ дорад, ки метавонад ба зидди киштиҳои ҷангии Амрико ва ё нафткашҳо ба кор барад ва содироти нафт аз Халиҷи Форсро ба ҳам бизанад. Амрико мегӯяд, танҳо дар соли гузашта Эрон ба шаш киштӣ ҳамла кардааст.

"Бисёр заиф, вале аз дигар ҷиҳат қавӣ"

Ҷереми Бинн, муҳаррири ҳафтаномаи низомии Jane's Defence Weekly ба хабарнигори “Ройтерс” гуфтааст: “Агар ба киштиву тонку ҳавопаймоҳои ҷангиашон бингаред, Эрон бисёр заиф ба назар мерасад, вале агар ба мушакҳои киштишикан, мушакҳои балластикӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мисли инҳо бингаред, онҳо қудратманд ба назар менамоянд.”

Ба гуфтаи коршиносони низомӣ, Эрон метавонад, сипоҳи ҳавопаймоҳои бесарнишинашро барои ҷосусӣ истифода кунад ва ё бо маводи тарканда муҷаҳҳаз карда, барои ҳамла ба кор барад. Ҳусейн Ориян, таҳлилгари низомӣ, ки 18 сол дар Сипоҳи баҳрии Эрон кор кардааст, мегӯяд: “Дар воқеъ Эрон дар Халиҷи Форс ба киштиҳои бузург ва ба новҳои ҷангӣ эҳтиёҷ надорад. Қаиқҳои баландсуръат ва қаиқҳои мушакдор кори онҳоро карда метавонанд.”

Қосим Сулаймонӣ, генерали эронӣ, ки дар зарбаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Бағдод кушта шуд, фармондеҳи Қудс, як воҳиди Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ буд. Воҳиди мазкур масъули амалиёти пинҳонии низомии Эрон дар хориҷ аст ва бо нерӯҳои мусаллаҳ ва ниманизомиёни ҳампаймони Эрон дар Ироқу Сурия ва Лубнон аз наздик ҳамкорӣ мекунад.

Раҳбарони Эрон гуфтанд, ки барои марги Сулаймонӣ дар рӯзи 3-юми январ аз Амрико ниқор мегиранд. Сулаймонӣ барои аксарияти эрониҳо қаҳрамони миллӣ, вале дар назари ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ “як шарири хатарнок” буд.

Ӯро рӯзи чаҳоршанбе 8-уми январ дар зодгоҳаш Кирмон дафн карданд. Дар маросими видоъ бо Сулаймонӣ дар Теҳрон садҳо ҳазор нафар ширкат доштанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, Сулаймониро барои он куштанд, ки нерӯҳои зердасти ӯ ҳамла ба таъсисоти Амрико дар минтақаро тарҳрезӣ мекарданд, ҳарчанд то кунун далелеро барои собит кардани иддао наовардаанд.

Вакилони Ҳизби Демократ дар Конгресси Амрико ва баъзе аз довталабони мақоми раиси ҷумҳури Амрико гуфтаанд, ки шиддат гирифтани низоъ метавонад, сабаби ҷанги васеъ дар Ховари Миёна шавад. Гуруҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамроҳ бо гуруҳҳои ниманизомиёни содиқ ба Эрон қавл додаанд, ки ниқори Сулаймониро аз амрикоиҳо мегиранд.

Амрико дар баробари дигар нерӯҳои хориҷӣ дар Ироқ 5 ҳазор сарбоз дорад. Онҳо ба нерӯҳои Ироқ дар ҷанг бо гуруҳи ба ном “Давлати исломӣ” кумак мекунанд. Нерӯҳои Амрико ҳамчунин дар пойгоҳҳо дар Кувайт, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ҷойгиранд. Ал-Убайд бузургтарин таъсисоти низомии Амрико дар Қатар аст. Дар Баҳрайн қароргоҳи фармондеҳии Сипоҳи Панҷуми Баҳрии Амрико ҷойгир шудааст.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG