Раҳбари Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон таҳдид кард, ки маконҳои мавриди ҳимояти Амрикоро “оташ мезанад”.
Генерал Ҳусейн Саломӣ, ки рӯзи 7-уми январ дар маросими дафни генерал Қосим Сулаймонӣ дар Кирмон ва дар ҳузури ҳазорҳо нафар суханронӣ мекард, мушаххасан нагуфт, кадом маконҳоро дар назар дорад, вале шиори “марг ба Исроил”-ро ба забон овард.
Қосим Сулаймонии 62-сола рӯзи 3-юми январ дар фурудгоҳи байналмилалии Бағдод бар асари ҳамлаи амрикоиҳо кушта шуд ва ин ҳодиса боис ба болоравии таниш дар равобити Амрико ва Эрон шуд.
Маросими дафни генерали эронӣ бо ширкати ҳазорҳо нафар баргузор шуд ва дар натиҷаи талотуми издиҳом 30 нафар зери по монда, ҷон бохтаанд. Полис гуфт, дар маросими видоъ бо Сулаймонӣ, ки рӯзи 6-уми январ дар Теҳрон баргузор шуд, миллионҳо нафар ба хиёбонҳо баромаданд.