Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоии тарафдорони зиндониёни сиёсӣ дар Теҳрон.ВИДЕО


Ораш Содиқӣ ва Алӣ Шариатӣ.
Ораш Содиқӣ ва Алӣ Шариатӣ.

Тибқи гузоришҳо аз пойтахти Эрон, кормандони пулис дар Теҳрон субҳи рӯзи душанбеи 2 январ монеи таҷаммуи гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ва шаҳрвандон дар муқобили зиндони Эвин шуданд. Ин эътирозгарон дар робита ба вазъи зиндониёни сиёсӣ, ки гуруснанишинӣ кардаанд, дар наздикии ин зиндон ҷамъ омаданд.

Муҳаммад Нуризод, фаъоли сиёсӣ ва аз мунтақидони ҳукумати Эрон дар канали "Телеграм"-и худ навишт, ки эътирозгарон ибтидо дар муқобили зиндони Эвин ҷамъ омада буданд, аммо кормандони пулис онҳоро ба пароканда карданд. Дар идомаи эътирозгарон дар шоҳроҳи Чамарон ва зери як пул дар паҳлӯи зиндон ҷамъ омаданд.

Ораш Содиқӣ.
Ораш Содиқӣ.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки эътирозгарон дар ҳоли ҳаракатанд ва шумораи зиёде аз онҳо калимаҳои "Ораш ва Гулрух"-ро рӯи дастони худ навиштаанд. Бархе аз онҳо низ аксҳое аз Ораш Содиқӣ ва Гулрух Иброҳимӣ ва дигар зиндониёни сиёсӣ ва ақидатӣ, аз ҷумла Муҳаммад Алӣ Тоҳирӣ, бунёдгузори "Ирфон ҳалқа"-ро дар даст доранд.

Дар ин наворҳо кормандони пулис аз эътирозгарон мехоҳанд, ки наистанд ва ба ҳаракати худ идома бидиҳанд. Бино ба аксҳои мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ҳаракати эътирозӣ бидуни ҳеҷ гуна хушунат баргузор шудааст. Бархе аз торнамоҳои хабарӣ навиштанд, ки беш аз 800 тан барои озодии Ораш Содиқӣ, Муҳаммадалӣ Тоҳирӣ ва Алӣ Шарифӣ дар баробари зиндони Эвин таҷаммуъ карда буданд.

Таҷаммӯи гурӯҳе аз фаъолони маданӣ ва шаҳрвандон дар назди зиндони Эвин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00

Дар рӯзҳои гузашта дар бархе аз шабакаҳои иҷтимоӣ, барои таҷаммӯи рӯзи душанбе дар баробари зиндони Эвин барои эътироз ба вазъияти Ораш Содиқӣ, даъватҳо нашр шуда буд. Дар ин хабарнома эълом шуда буд, ки Ораш Содиқӣ дар ҳафтодумин рӯзи гуруснанишинии худ, "саломатиаш ба мушкил дучор шудааст". Бар асоси ин хабар, "масъулони додсарои Эвин бар хилофи дастури додситонӣ бо монеъ шудан барои васиқаи Гулрух Иброҳимӣ, аз озодии вай пешгирӣ кардаанд.

Ораш Содиқӣ аз 71 рӯз пеш дар эътироз ба боздошти Гулрух Иброҳимӣ, ҳамсари худ даст ба гуруснанишинӣ зада буд. Амир Раисиён, вакили мудофеи Ораш Содиқӣ рӯзи якшанбеи 1 январ дар саҳифаи "Твиттер"-и худ навишта буд, ки васиқаи 500 миллион тумании Гулрух Иброҳимӣ супурда шуд ва бо анҷоми корҳои идорӣ, ӯ то рӯзи сешанбеи 3 январ озод мешавад. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, пас аз озодии Гулрух Иброҳимӣ, Ораш Содиқӣ барои табобат ба бемористон мунтақил хоҳад шуд.

Алӣ Шариатӣ.
Алӣ Шариатӣ.

Алӣ Шариатӣ, яке аз зиндониёни дигар низ аз 42 рӯз пеш гуруснанишинӣ эълон карда буд. Вай ба сабаби ширкат дар таҷаммӯе дар назди парлумон дар эъътироз ба масъалаи асид ё тезобпошӣ дар Исфаҳон, барои "иқдом алайҳи амнияти миллӣ", маҳкум шуда буд. Мутаҳҳар Порсӣ, ҳамсари Алӣ Шариатӣ дар мусоҳибае бо вебсайти "Зайтун гуфтааст", ки ҳамсараш рӯзи шанбеи 31 декабр беҳуш шуда ва дар "дараҷаи қанди баданаш 42 ва фишори хунаш низ баланд шудааст". Вай таъкид кардааст, ки ҳамсараш, ки аз 40 рӯз пеш дар дармонгоҳи зиндони Эвин бистарӣ аст, тавони роҳ рафтан надорад ва гурдаи чапаш ба шиддат дард мекунад ва дар ҳоли аз байн рафтан аст.

Дар ҳамин ҳол, Илёс Ҳазратӣ, намояндаи Теҳрон дар парлумони Эрон дар номае ба раиси қувваи қазоия хостор он шудааст, ки ин ниҳод ба вазъияти Ораш Содиқӣ ва Алӣ Шариатӣ расидагӣ кунад ва ҳаққи зоеъшудаи онҳоро баргардонад.

Зиндони Эвин.
Зиндони Эвин.

Алӣ Муттаҳарӣ, Маҳмуд Содиқӣ ва Аҳмад Мозанӣ -- се намояндаи дигари Теҳрон дар парлумони Эрон ва Раҳматуллоҳ Ҳофизӣ, узви Шӯрои шаҳри Теҳрон низ дар "Твиттер"-ҳои худ дар бораи вазъияти Ораш Содиқӣ ибрози нигаронӣ карда ва хостаанд, ки ба вазъи ӯ расидагӣ сурат бигирад.

Баҳром Порсоӣ, сухангӯи Ҷиноҳи Умед дар парлумон, низ хабар додааст, ки масъалаи гуруснанишинии Ораш Содиқӣ дар нишасти рӯзи якшанбеи 1 январи ин фраксион матраҳ шудааст. Вай бо ишора ба муроҷиати шуморе аз намояндагони парлумон ба додгоҳи инқилоби Теҳрон барои пайгирии масъалаи гуруснанишинии зиндониёни сиёсӣ, эълом кард, ки "ваъдаи мусоидат дар ин робита дода шуда" аст.

Дар солҳои гузашта шумораи зиёде аз зиндониёни сиёсӣ дар Теҳрон даст ба гуруснанишинӣ задаанд ва теъдоде аз онҳо, аз ҷумла Ҳудо Собир ва Акбар Муҳаммадӣ бинобар дарёфт накардани кӯмакҳои муносиби тиббӣ дар замони гуруснанишинӣ, ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG