Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ресторанҳои муҷаллал барои ашрофзодаҳо ва менюҳои бидуни нарх


Рӯзномаи "Эрон" чопи Теҳрон дар гузорише аз тарабхонаҳои "шик" ё муҷаллали он шаҳр ва пардохти 450 ҳазор туман (ҳудуди 14 доллар) барои ворид шудан ва феҳристи ғизои бидуни нарх, навиштааст, ки бо вуҷуди нархҳои баланд, ин ресторанҳо "муштарии собит" ё ҳамешагӣ доранд ва ҳар чӣ "қимат болотар бошад", майли онҳо барои харҷ кардан бештар мешавад.

Ин рӯзномаи дар шумораи рӯзи сешанбеи 29-уми августи худ дар матлабе бо унвони "Менюҳои беқимат барои муштариҳои VIP" навиштааст, ки муштариёни "пулдор"-и ин тарабхонаҳо "пулро бе чуну чаро пардохт мекунанд."

Пеш аз ин низ гузоришҳое дар бораи ба фурӯш гузоштаи гамбургери 250-туманӣ ё 8 долларӣ, ки бо "маводи хос ва гарон пур мешавад" ва низ яхмоси 150 ҳазор туманӣ ё 5 долларӣ, ки аз ҷумлаи нақшу нигораш варақаи нозук аз тилло аст, мунташир шуда буд.

Нависандаи гузориш, ки муштариёни ин гуна тарабхонаҳоро VIP номидааст, навиштааст, "муҳим" будани ин афрод танҳо ба сабаби "пулдор" буданашон аст ва ба ҳамин далел, "метавонанд ҳар вақт дилашон хост роҳии яке аз ин гуна тарабхонаҳо шаванд ва барои як вақт ғизо хӯрдан, чизе ҳудуди маоши якмоҳаи як корманди оддиро харҷ кунанд."

Маҷид, яке аз муштариёни ин тарабхонаҳо ба хабарнигори "Эрон" гуфтааст, ки дар ин фазо "одам эҳсоси оромиш мекунад. Ҳис мекунӣ фарқ дорӣ. Дақиқан ҳамин аст. Ҳисси хос будан медиҳад." Вай, ки барои эҳсоси "хос будан" бояд танҳо барои вуруди як нафар ба ин тарабхонаи "шик" ё муҷаллал, 450 ҳазор туман (ҳудуди 14 доллар) ҳаққи ворид шудан пардохт кунад, изофа кардааст, ки ба хотири меҳмонҳояш ба инҷо омадааст.

Маҷид ҳамчунин гуфтааст, ки "вақте 450 ҳазор туман барои ворид шудан медиҳед, ҳатман бароятон муҳим нест, ки қимати ғизо чӣ қадар аст. Онҳо пешниҳод медиҳанд ва шумо интихоб мекунед. Дар меню қимате дида намешавад. Барои ҳеҷ чиз. На пешғизо, на ғизои аслӣ ва на чизи дигар."

Вай бо ишора ба ин, ки ин тарабхонаҳо бо вуҷуди қиматҳои баланд, "муштариҳои собите доранд" афзудааст, ки "вақте чунин ресторане меравед, бояд бидонед қарор аст пули зиёде харҷ кунед. Чизе ҳудуди ду миллион туман ё беш аз 60 доллар барои се нафар."

Он тавр, ки рӯзномаи "Эрон" навишт, ин тарабхонаҳо умдатан дар шимоли Теҳрон қарор доранд ва ҳар кадом барои ҷазби муштариён "сабку сиёқ"-и вижае доранд. Бар асоси ин гузориш, бештари муштариёни ин гуна тарабхонаҳо "дӯст доранд ғизояшонро дар муҳите хос ва хилват тановул кунанд. Дӯст надоранд вақти ғизо хӯрдан касе ташвишашон диҳад ва хушашон намеояд садои дигаронро бишнаванд."

Ба ҳамин сабаб, вуруди кӯдакони зери 10-сола низ барои парҳез аз барҳам хӯрдани сукути ин гуна ресторанҳо, мамнӯъ, аст. Мудири дохилии яке аз ресторанҳои муҷаллали шимоли шаҳри Теҳрон ба рӯзномаи "Эрон" гуфтааст, ки муштариҳо "дӯст доранд ин пулро харҷ кунанд. Гоҳе ҳар чи қимат болотар меравад, майлашон барои харҷ кардан бештар мешавад."

Вай иллати боло будани нархи ғизоҳо дар ин гуна ресторанҳоро низ истифода аз "маводи дараҷаи як" ва "маҷмӯае аз хадамот ва имконот", унвон кардааст. Ӯ афзудааст, ки "агар муштарӣ аз қиматҳо норозӣ бошад, метавонад аз ресторани дигаре, ки аз ҷиҳати кайфият хуб аст ва қимати муносибтаре дорад, истифода кунад."

Гузоришгари "Эрон" ба унвон намуна ба қимати яке аз саладҳои "пуртарафдор"-и яке аз ин тарабхонаҳо ишора кардааст, ки наздик ба чаҳорсад ҳазор туман қимат дорад. Бар асоси ин гузориш, муштариён дар сурати супориши ин салад, пеш аз супориши ғизои аслӣ, 450 ҳазор туман барои ворид шудан ва 400 ҳазор туман барои ин салад, харҷ кардаанд.

Пеш аз ин низ гузоришҳое дар бораи ба фурӯш гузоштаи гамбургери 250-туманӣ ё 8 долларӣ, ки бо маводи хос ва гарон пур мешавад" ва низ яхмоси 150 ҳазор туманӣ ё 5 долларӣ, ки аз ҷумлаи нақшу нигораш варақаи нозук аз тилло аст, мунташир шуда буд.

Бурҷи Милоди Теҳрон.
Бурҷи Милоди Теҳрон.

Хабаргузории "Форс" ҳудуди шаш сол пеш дар бораи ин навъи яхмос, ки дар Бурҷи Милоди Теҳрон савдо мешуд ва қарор буд қимати он 400 ҳазор туман бошад, матлабе нашр карда буд. Гулрухсор, масъули ресторани "Гурдон"-и Бурҷи Милоди Теҳрон дар гуфтугӯ бо ин хабаргузорӣ гуфта буд, "ду грам тиллои хӯрокӣ дар ин яхмос истифода мешавад..... ки фақат дар Олмон тавлид мешавад ва бояд вориди кишвар кунем."

"Форс" бо интиқод аз фурӯши ин яхмос дар Бурҷи Милод навишта буд, "истифода аз ин бурҷ фақат махсуси аъён ва ашрофзодаҳост ва афроди маъмулӣ ҳатто як бор ҳам наметавонанд аз ин ресторан истифода кунанд. Ин дар ҳоле аст, ки харҷи бунёди миллиардии ин бурҷро мардум пардохт кардаанд."

Ҳамон замон рӯзномаи амрикоии Washington Post дар гузорише аз Теҳрон навишт, ки дар тарабхонаи "Гурдон"-и Бурҷи Милод бархе аз сарватмандони эронӣ яхмос бо рӯпӯши тиллоӣ бо қимати 300 ҳазор туман ё 9-долларӣ мехӯранд. Хабарнигори ин рӯзнома дар гузориши худ афзуда буд, дар ҳоле иддае дар Теҳрон яхмоси тиллоӣ мехӯранд, ки эрониёни фақир ба шиддат ба нони шаби худ муҳтоҷанд.

XS
SM
MD
LG