Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, дар даргириҳои Ғазза даст надорад


Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон.
Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон.

Ҳукумати Эрон иттиҳомот дар мавриди дахолати ин кишвар дар даргириҳои Ғазаро «беасос» донист.

Дар ҳоле, ки мақомҳои мухталифи Эрон ҳимояти ин кишвар аз Ғазаро таъйид кардаанд ва Ҳамос низ аз Теҳрон барои ҳимоят, пуштибонӣ кард, вазорати умури хориҷии Эрон муттаҳам шудани кишвараш аз сӯи Фаронса барои даст доштан дар даргириҳои Ғазаро «беасос» хондааст.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ин матлабро рӯзи чаҳоршанбе ноябр зимни радди изҳороти вазири умури хориҷии Фаронса дар мавриди даст доштани кишвараш дар даргириҳои Ғаза, баён дошт.

Вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи чаҳоршанбе гуфта буд, ки мушакҳои Эрон аз Ғаза ба сӯи шаҳрвандони Исроил партоб мешаванд. Вай Эронро ба доштани «ниятҳои бад» дар баробари Лубнон, Сурия, Ироқ ва Ғаза муттаҳам кард ва гуфт, ки Ҷумҳурии исломӣ бинобар фиристодани мушакҳои дурпарвоз ба ин кишварҳо, «масъулияти бузурге» дар баробари даргириҳои минтақа дорад.

Оқои Меҳмонпараст дар баёнияе зимни «маҳкум кардан»-и ин изҳороти мақоми фаронсавӣ, Исроил ва кишварҳои ғарбиро омили ноамнӣ ва бесуботӣ дар минтақа донист ва ин кишварҳоро муттаҳам ба «ҷинояти ҷангӣ» алайҳи мардуми Фаластин кард.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар ҳоле изҳороти вазири умури хориҷии Фаронсаро рад кардааст, ки рӯзи чаҳоршанбе Муҳаммад Ҷаъфарӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон изҳор карда буд, ки кишвараш фановарии сохти мушак ба Ғаза фиристодааст. Вай дар айни ҳол «ҳар гуна созиш»-ро ба «зарари Ғаза» донист ва гуфт, ки мардуми Ғаза «то охирин қатраи хунашон» дар муқобили режими Исроил «муқовимат хоҳанд кард.»

Алии Лориҷонӣ, раиси парлумони Эрон низ гуфтааст: «Ифтихор мекунам, ки кӯмаки мо ба мардуми Фаластин ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ доштааст.»

Ҳамчунин Холид Мишъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос низ дар ҳамин рӯз дар нишасти хабарие аз Эрон ба хотири «мусаллаҳсозии муқовимат» дар навори Ғаза ташаккур кард.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дар ҷараёни як ҳафтаи даргирӣ миёни нерӯҳои исроилӣ ва Ҳамос, 155 фаластинӣ кушта шуданд. Ассошиэйтед пресс шумори кушташудагони фаластиниро 161 тан эълом кардааст. Тибқи гузоришҳо, аз ҷониби Исроил низ панҷ тан ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG