Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳонгирӣ гуфт, кишварҳои минтақа рӯзгори хуше нахоҳанд дошт, агар...


Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ
Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон, ҳушдор дод, агар дахолате аз кишварҳои атроф дар нооромиҳои ахир ошкор шавад, “рӯзгори хуше дар минтақа нахоҳанд дошт.”

Тазоҳурот дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ларза овард ва сабаби саркӯби тазоҳургарон ва қатъи дастрасии саросарӣ ба Интернет дар тамоми кишвар шуд. Тазоҳурот, ки баъди 15-уми ноябр ва пас аз боло бурдани қимати бензин ва маҳдудият дар фурӯши он сар зад, дар 100 шаҳр паҳн шуд ва ҳоло ба гуфтаи мақомоти Эрон комилан фурӯ нишастааст.

Ҳукумати Эрон душманони хориҷӣ ба шумули Амрико, Арабистони Саудӣ, Исроил ва “унсурҳои ҷиноӣ”-ро омилҳои тазоҳурот ва нооромиҳо дар Эрон номид. Ин кишвар дар як даҳсолаи гузашта шоҳиди чунин нооромӣ нашуда буд. Баёнияҳои Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ дар ин бора дар хабаргузориҳои Форс ва ИРНА нашр шудааст. Ӯ гуфтааст: “Баъзе аз кишварҳои минтақа бояд бидонанд, ки агар сари нахе аз дахолати онҳо дар барангехтани нооромиҳо ошкор шавад, рӯзгори хуше дар минтақа нахоҳанд дошт.”

Баъд аз онки раиси ҷумҳур Доналд Трамп Амрикоро аз созиши атомии қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон хориҷ кард, Арабистони Саудӣ ва Исроил хостаанд, ки зидди Эрон чораҳои сахттар андешида шавад. Бар асоси созиши соли 2015, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кард ва таҳримоти иқтисодии нафасгиркунанда ба зидди онро сабуктар карданд.

Дафтари Масъули Ҳуқуқи Башари Созмони Милал ва дигар гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ гуфтаанд, ки дар натиҷаи тазоҳурот дар ҳафтае, ки гузашт даҳҳо нафар кушта ва бисёре дигар аз тазоҳургарон маҷруҳ шудаанд. Афроди зиёди дигареро ҳам дастгир кардаанд. Созмони Афви Байналмилал рӯзи 23-уми ноябр гуфт, ки теъдоди ҳалокшудагон дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ ба 115 нафар расидааст.

Қатъи дастрасӣ ба интернет ва иттилоот, ҷамъоварии хабару гузориш аз Эронро мушкил кард ва мақомоти кишвар гуфтаанд, омор дар бораи қурбониён “бофта” аст. Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 23-уми ноябр аксҳоеро намоиш дод, ки ҳазорон нафар бо тарафдорӣ аз ҳукумат дар чанд шаҳри кишвар раҳпаймоӣ кардаанд.

“Нетблокс” як созмони мустақили тарафдори озодии Интернет гуфт, ки дастрасӣ ба Интернет дар Эрон якбора 66 дар сад боло рафтааст, ки аломати дигарбора боз кардани дастрасӣ ба Интернет аст. Ин созмон дар Твиттер хабар дод, ки “Дастрасӣ ба Интернет дар Эрон баъди як ҳафтаи қатъ шудан дар авҷи тазоҳуротҳо барқарор шудааст.”

Мақомоти Эрон гуфтанд, ки то рӯзи 22-уми ноябр тақрибан 100 “раҳбар”-и тазоҳургаронро дастгир кардаанд. Хабаргузории Форс рӯзи 23-уми ноябр аз қавли Парвиз Тавассулизода, раиси Қувваи қазоия дар вилояти Кирмоншоҳ гуфтааст: “Тамоми нерӯҳои Посдорони Инқилоби Исломӣ, Басиҷ, пулис ва артиш дар зери назорат даровардани вазъ нақши фаъоле иҷро карданд. “

Соли 2017 ҳам дар Эрон мушкилоти иқтисодӣ сабаби тазоҳурот шуд ва дар он замон мақомот таҳдид карданд, ки мумкин аст, баъзе аз тазоҳургарон ба қатл маҳкум шаванд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG