Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози маҳви урани ғанишудаи Эрон = 4,2 миллиард доллар


Аббоси Арақчӣ, ноиби вазири умури хориҷии Эрон
Аббоси Арақчӣ, ноиби вазири умури хориҷии Эрон

Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ба созиш расиданд, ки татбиқи аҳдномаи ҳастаиро аз 20-уми январ оғоз кунанд.

Иёлоти Муттаҳида, Чин ва Русия аз оғози татбиқи аҳдномаи ҳастаии қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон истиқбол карданд. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ризоияти тарафҳоро дар ин маврид “пешрафти чашмгире” номид ва гуфт, ки аз 20-уми январ Эрон амалиёти маҳви захираҳои урани ғанисозишуда ва барчидани бархе аз зербинои ҳастаӣ, аз ҷумла иншооти ғанисозиро оғоз мекунад.

Сухангӯйи вазорати умури хориҷии Чин, Ҳуа Чунюнг рӯзи 13-уми январ дар Пекин гуфт: "Чин аз созиши шаш қудрат ва Эрон сари чораҳои махсуси марҳалаи аввали паймон истиқбол мекунад. Мо ҳамчунин аз талошҳои зарурии тарафҳо ҳимоят мекунем. Мо умедворем, тарафҳои дахлдор талоши муштараки худро барои татбиқи комил ва босамари созишнома идома хоҳанд дод ва ҳамзамон гуфтушуниди баробарҳуқуқро барои тавофуқи ниҳоӣ ҳарчӣ зудтар пеш хоҳанд бурд.”

Пешрафт дар баҳси ҳастаии Эрон?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
Линки мустақим


Ин баёнияҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки рӯзи якшанбе ноиби вазири умури хориҷии Эрон Аббоси Арақчӣ созиши байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки рӯзҳои 9 ва 10-и январ дар Женев ба даст омад, чунин шарҳ дод: "Тавофуқи байни мо ва кишварҳои “панҷ ба изофаи як” дар хусуси наҳваи иҷрои гоми аввал аз барномаи амали муштарак ё ҳамон “созишномаи Женев” ниҳоӣ шуд. Ду тараф ба як бардошти воҳид аз наҳваи иҷрои ин тавофуқ расиданд ва дар торихи 20-уми январ, иншоаллоҳ, гоми аввал дар иҷрои он гузошта хоҳад шуд.”

Созишномае, ки Эрон ва панҷ узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милал – Иёлоти Муттаҳида, Чин, Русия, Бритониё, Фаронса бо иловаи Олмон имзо карданд, танҳо қадамҳои ибтидоии ду ҷонибро пайрезӣ мекунад ва бахше аз созишномаи умумии байни тарафҳо хоҳад буд. Бино бар маълумоте, ки ноиби вазири умури хориҷии Эрон Аббоси Арақчӣ нашр намуд, Эрон ба “рақиқсозӣ” ё табдили урани 20-дарсадӣ ба оксид сар мекунад ва дар иваз 4,2 миллиард доллари Эрон, ки зери таҳримҳо рафтаанд, озод ва ба Эрон баргардонида хоҳанд шуд.

Ин маълумотро Кетрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба таври хаттӣ тасдиқ кард ва гуфт, “шашгона” аз Бунгоҳи байнулмилалии неруи ҳастаӣ хостааст, иҷрои ин созишҳоро зери назорат гирад.

Аммо вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷон Керрӣ дар нишасти хабарӣ дар Порис рӯзи якшанбе гуфт, марҳилаи баъдии гуфтушунид бо Эрон “хеле душвор” хоҳад шуд: "Мо хеле хуб медонем, ки гуфтушунид барои расидан ба созиши фарогир бо душвориҳои бузургтаре рӯбарӯ хоҳад буд. Мо мефаҳмем, ки гуфтугӯе сахте дар пеш хоҳад буд ва талаби мо барои тазмини амнияти байнулмилалӣ ва исботи сулҳомезии барнома рӯшан аст.”

Ҳамзамон вазири умури хориҷии Амрико гуфтушуниди оянда бо Эронро “беҳтарин имконияти ҳалли осоишта ва дарозмуддати ин масъалаи муҳими амният миллӣ” номид.
XS
SM
MD
LG