Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷонфидоии шаҳид" ба ҷойи рубоиёти Хайём дар китобҳои дарсии Эрон?


Умари Хайём ва Муҳсин Ҳуҷоҷӣ
Умари Хайём ва Муҳсин Ҳуҷоҷӣ

Умари Хайём, аз шоирони маъруфи форс, ки солҳои тӯлонӣ дар мактабҳои Эрон фаъолияту рубоиёташро меомӯхтанд, шояд аз китобҳои дарсӣ бардошта шавад.

Бар асоси барномаи нави таълимӣ дар Эрон рубоиёти маъруфи адибро, ки ба забонҳои зиёде тарҷума шудааст, мумкин аст, мисли дигар адибони шинохта аз китобҳои дарсӣ бардоранд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта расонаҳои Эрон хабар доданд ва баҳсҳоро дар бораи ин барнома, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ идома дорад, тасдиқ карданд. Шояд ба ҷойи Хайём дар оянда толибилмон дар мактабҳои Эрон бо зиндагии як размандаи эронӣ ошно шаванд, ки дар Сурия кушта шуд.

Дар ҷанги ҳаштсолаи дохилӣ, ки дар Сурия идома дорад, Эрон режими Башшор Асадро дастгирӣ мекунад. Тағйир дар китобҳои дарсӣ дар Эрон сабаби танқиди зиёде шуд ва Мӯҳсин Ҳоҷӣ Мирзоӣ, вазири маориф маҷбур шуд, дар Твиттер бигӯяд, ки "дастур додам, баррасии коршиносона, дақиқ ва мунсифона сурат бигирад".

Аз замони инқилоби исломии соли 1979 дар Эрон китобҳои дарсиро чанд бор тағйир додаанд, то ки арзишҳои динӣ, инқилобӣ ва исломиро дар байни ҷавонон ривоҷ диҳанд. Ба гуфтаи мақомот, тағйироти ахири пешниҳодӣ, бахше аз талошҳо барои мутобиқ кардани китобҳои дарсӣ бо сиёсатҳои рӯҳониёни ҳоким бар Эрон аст. Онҳо соли 2011 Санади ислоҳоти бунёдии маорифро қабул карданд, ки дар он гуфта шудааст, Эрон “системаи маориферо лозим дорад, ки ғояҳои зиндагии исломӣ, адолати саросарӣ ва тамаддуни исломӣ ва эрониро амалӣ кунад.”

Ҳушанг Ибтиҳоҷ
Ҳушанг Ибтиҳоҷ

Ба навиштаи расонаҳои Эрон, мумкин аст, шеъри Ҳушанг Ибтиҳоҷ, шоири маъруфе, ки баъди инқилоби исломии соли 1979 зиндонӣ шуд, ду шеъри Нимо Юшиҷ, поягузори шеъри сафед дар Эрон ва достонҳои ду нависандаи маъруфи дигар аз китобҳои дарсӣ бардошта шаванд. Бар иловаи ин, ба навиштаи расонаҳои Эрон, номи Маҳмуд Давлатободӣ, адиби шинохта, Муртазо Мушфиқ Козимӣ, муаллифи аввалин достони иҷтимоӣ дар Эронро ҳам аз китобҳои дарсӣ бардоштаанд. Як достони Муҳаммад Алӣ Ҷамолзода Исфаҳонӣ, адиби дигари шинохтаро ҳам таҳрир карда ва номи Содиқ Ҳидоят, адиби маъруфи дигарро аз он бардоштаанд. Осори Содиқ Ҳидоят дар Тоҷикистон ба кириллӣ баргардон шудааст.

Ҳусейн Қосимпур Муқаддам, як масъули таҳияи китобҳои дарсии адабиёт аз вазорати маорифи Эрон рӯзи 3-юми ноябр ба рӯзномаи “Ҳамшаҳрӣ” гуфтааст: “Вақте шумо дар низоми ахлоқӣ зиндагӣ мекунед ва мехоҳед, сиришти онро ҳифз кунед, аз байни ду матн яке ва онеро интихоб мекунед, ки ба эътиқоду арзишҳои низом наздиктар аст.”

Дар мусоҳибаи дигаре баъд аз ин ӯ гуфтааст, аз соли 2005 то кунун китобҳои дарсӣ тағйири зиёде дидаанд ва афзудааст, ки ҳеч номи адиби бузург, ё офаридае аз онҳоро аз китобҳо набардоштаанд.

Ҳуҷаҷӣ аз Саъдиву Ҳофиз бартарӣ дорад?

Айни замон ба қавли Ҳусейн Қосимпур Муқаддам, бояд дар китобҳои дарсӣ ҷой барои афроде мисли Мӯҳсин Ҳуҷаҷӣ бошад, ки аъзои ДОИШ соли 2017 ӯро дар Сурия сар буриданд. Мақомоти Эрон Ҳуҷаҷиро барои “фидо” кардани ҷонаш ба хотири амният дар Эрон бисёр ситоиш кардаанд.

Қосимпур гуфтааст, “мо барои шаҳиде чун Муҳсин Ҳуҷаҷӣ (дар китобҳо) ба ҷой эҳтиёҷ дорем” ва ӯ бояд аз Ҳофизу Саъдӣ, ки дар васфи маъшуқаву ишқу май сурудаанд, “бартарӣ дошта бошад.” Бино ба гузоришҳо, дар баъзе аз китобҳои дарсӣ, осори чанд адибу нависандагони “номаъқул” барои низомро бардоштаанд ва ба ҷойи онҳо, осори адибони ношиносеро ворид кардаанд, ки барои ақидаҳои инқилобиашон рӯҳониёни ҳоким онҳоро меписанданд.

Ҳусейн Муқаддам дар мусоҳибаҳо тасдиқ кардааст, ки ашъори Ҳушанг Ибтиҳоҷро аз китобҳои дарсӣ бардоштанд, чун “муносиб” набуд ва ашъори дигареро, ки “ба ҳадафҳои мо хидмат намекарданд” дар китобҳои дарсӣ ҷой надодаанд. Ба қавли ӯ, дар ҷойи онҳо “шеърҳои беҳтар”-и адиби мазҳабӣ ва инқилобӣ Салмон Ҳиротӣ дар китобҳои дарсӣ илова кардаанд.

Саид Пайвандӣ, ҷомеашинос ва профессори муқими Париж, ки дар бораи системаи маорифи Эрон зиёд навиштааст, мегӯяд, тағйирот дар китобҳои дарсӣ идомаи “исломӣ” кардани маориф дар Эрон аст, ки Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии кишвар онро ташвиқ мекунад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мақомот ба ин назаранд, ки барои ҷалби насли ҷавон бояд тарғиботи мазҳабӣ ва идеологиро дар мактабҳо зиёдтар кунанд. Ба ақидаи онҳо, ба сабаби тарғиботи заиф дар маориф ва матбуот қисмати бузурге аз ҷавонон аз дин ва идеологияи ҳукумат рӯ мегардонад.”

Ба қавли ҷомеашинос, ончӣ ки ба донишҷӯён меомӯзанд, “арзиши адабии ночиз” дорад ва тағйирот дар китобҳои дарсӣ, ғолибан чунин мӯҳтавои камарзишро зиёд мекунад: “Масалан зиндагии шаҳидон, чеҳраҳои мазҳабӣ ва сиёсии писанди ҳукумат, ё тарғиби духтари масеҳие, ки аз динаш даст кашид ва исломро қабул кард.”

Ҳофиз Мусавӣ, адиби муқими Теҳрон ба Радиои Фардо гуфт, тағйир дар китобҳои дарсӣ “қадами дигаре дар роҳи хатост. Ин сиёсати нобуд кардани дигарон аст ва мо дар гузашта дидаем, ки ин сиёсати бенатиҷа аст.” Ба қавли ӯ: “Бо ҳазфи ин номҳо аз китобҳои дарсӣ, мақомот адабиёти форсиро аз хотираи мардуми мо пок намекунанд.”

Аҳмади Шомлуро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам дарс медиҳанд.
Аҳмади Шомлуро дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам дарс медиҳанд.

Ашъору осори адибони шинохтае ба мисли Фурӯғи Фаррухзод, маъруфтарин шоираи Эрон, Аҳмади Шомлу адиби инқилобӣ, ки дар Тоҷикистон ҳам шинохта ҳастанд, солҳост дар китобҳои дарсии Эрон дида намешаванд. Аммо ҳамчунон дар байни бисёре аз эрониён маҳбубанд. Ҳофиз Мусавӣ мегӯяд: “40 соли гузашта нишон дод, ки насли ҷавони мо медонанд, чӣ гуна ба ингуна адабиёт дастрасӣ пайдо кунанд ва бихонанд.”

Аммо дар ниҳоят, ба ақидаи бисёриҳо, аз ҷумла адиби шинохта ва пажӯҳишгар Баҳоуддин Хуррамшаҳрӣ, мумкин аст, тағйири китобҳои дарсӣ ба ҳувияти фарҳангии эрониён осеб расонад. Ӯ ба матбуоти Эрон гуфтааст: "Агар мо донишҷӯёни худро аз имкони ошноӣ бо адабиёти пешин маҳрум кунем, дигар умеде набояд дошт, ки онҳо барои омӯхтани шоҳкориҳои гузашта талош кунанд."

XS
SM
MD
LG