Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ тан аз мусофирони ҳавопаймои эронӣ зинда мондаанд


Пораҳои ҳавопаймо дар наздикиҳо Меҳробод
Пораҳои ҳавопаймо дар наздикиҳо Меҳробод

Хабаргузории ИРНА иттилоъ дод, ки нӯҳ нафар аз мусофирони ҳавопаймои дар наздикии фурудгоҳи “Меҳробод”-и Теҳрон суқуткарда ҷон ба саломат бурдаанд.

Аз ин пеш расонаҳои эронӣ, аз ҷумла, телевизиони давлатӣ хабар дода буданд, ки дар ин ҳодиса ҳамаи 48 нафар мусофир ва аъзои экипаж ба ҳалокат расидаанд.

Расонаҳои давлатии Эрон хабар доданд, ки ҳавопаймои “АН-140”-и ширкати ҳавопаймоии Sepahan Airlines аз пойтахт сӯи шаҳри Табас парвоз мекард. Баъд аз чанд лаҳзаи парвоз сарнишинҳо идораи ҳавопайморо аз даст доданд ва он ба замин сарозер шуд. Бар пояи иттилои пешакӣ, ҳангоми парвоз муҳаррики тарафи рости ҳавопаймо аз кор бозмондааст. Шабакаи давлатии телевизионии Эрон иттилоъ дод, ки халабонҳо дар лаҳзаи ахир тавонистанд, ки ҳавопайморо аз минтақаи аҳолинишин канор баранд.

Солҳои ахир дар Эрон ҳавопаймоҳо зиёд суқут мекунанд ва инро коршиносон бо кӯҳна шудани ҳавопаймоҳо ва бар асари таҳримҳои байнулмилалӣ ба кишвар ворид нашудани ҳавопаймоҳои наву қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо марбут мекунанд. Бори ахир – моҳи январи соли 2011 ҳавопаймои “Боинг-727”-и ширкати давлатии ҳавопаймоӣ ҳангоми фуруди изтирорӣ дар шимолу ғарби Эрон суқут карда буд. Дар он ҳодиса 77 мусофиру аъзои экипаж ҷон бохта буданд.

Соли 2009 як ҳавопаймои сохти Русия дар шимолу ғарби Эрон баъд аз чанд лаҳзаи парвоз суқут кард ва 168 нафарро кушт. Моҳи феврали соли 2003 дигар ҳавопаймоии русии “Ил-76” дар кӯҳистони ҷанубу шарқи Эрон суқут кард. Дар он ҳодиса 302 нафар, аз ҷумла, 76 узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ба ҳалокат расида буданд.

XS
SM
MD
LG