Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафтиши парвандаи Қиёмиддини Ғозӣ ба анҷом расид


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши парвандаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), як рӯҳони шинохтаи солҳои 1990-умро ба анҷом расонидааст. Ӯ моҳи ноябри соли гузашта дар Санкт-Петербурги Русия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Дар хулосаҳои тафтишот гуфта мешавад, ки Саид Қиёмиддини Ғозии 66-сола ба “барангехтани кинаю адовати миллию мазҳабӣ”, “узвият дар

Додгоҳ бояд ҳамкориву иқрор шуданаш ба иттиҳомотро ҳангоми эълони ҳукм бояд ба эътибор бигирад

ҳизби экстремистию террористӣ” ва “кӯмаку маблағгузории терроризм” гумонбар мешавад. Як манбаъ дар сохторҳои тафтишотӣ рӯзи 14-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тафтиши парвандаи ӯ пурра анҷом ёфтааст ва базудӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол мешавад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷараёни боздошташ, ки 6 моҳ идома дошт, Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо тафтишот ҳамкорӣ кардааст, аз ин рӯ, “додгоҳ бояд ҳамкориву иқрор шуданаш ба иттиҳомотро ҳангоми эълони ҳукм бояд ба эътибор бигирад”.

Аммо ин манбаъ ҷузъиёти “ҳамкории Саид Қиёмиддини Ғозӣ бо тафтишот”-ро шарҳ надод. Пайвандонаш қаблан гуфта буданд, ки аз ҷузъиёти иттиҳоми эълоншуда алайҳи ӯ хабар надоранд. Ба гуфтаи назидконаш, Қиёмиддин Ғозиев моҳи ноябр, замоне, ки тариқи Истанбул аз Эрон ба Русия бармегашт, аз ҷониби неруҳои амниятии Русия дар шаҳри Санкт-Петербург боздошт шуда, ба Тоҷикистон истирдод шуд.

Интиқоди президент

Анҷоми тафтиши парвандаи ин рӯҳонӣ дар ҳолест, ки ду рӯз пеш президент Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташ бо аҳли ҷомеаи кишвар зимни интиқод аз ҲНИТ ва пайравии ин ҳизби мамнӯъ аз мазҳаби шиа, ба қазияи Саид Қиёмиддини Ғозӣ ҳам ҷудогона муроҷиат кард. Ӯ аз минбари маҷлис гуфт:

“Ба ном генерал Қиёмиддин, мулло Қиёмиддини Ғозималик, яке аз сабабгорони бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум дастгир карда шуд. Ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо. Боз барои ҳамон амалҳои нопоки худ. Худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст”.

Ин ҳарфҳои президент мавриди баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт. Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои охир фаъолиятҳои мазҳабиро дар ҷомеа таҳти назорати шадид гирифта, ташвиқу таблиғи дин ва ҳам мазҳабҳои ғайр ба ҷуз равияи ҳанафии мазҳаби сунниро иҷозат намедиҳанд.

Аз майдони Шаҳидон то Эрону Русия

Қиёмиддини Ғозӣ охири соли гузашта боздошт ва ҳоло дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони мухолифин буд ва ӯро бо унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард.

Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст. Дар тахминан 15 соли охир ӯ бештар дар хориҷи Тоҷикистон, эҳтимолан дар Русияву Эрон зиста, гардонандаи як вебсайт ба забони тоҷикӣ ҳам буд, ки дар масоили динӣ матолиб нашр мекард. Ба иттилои дигар, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорате ҳам роҳандозӣ карда буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG