Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар СИЗО-и Душанбе нигаҳдорӣ мешавад


Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии маъруфи тоҷик, ки ҳудуди як моҳ қабл дар Русия боздошт ва ба таври мармуз ба Тоҷикистон оварда шуда буд, дар СИЗО-и рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Як мақоми раёсати иҷрои ҷазои ҷинояти Вазорати адлия рӯзи 21-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев) дар охирҳои моҳи ноябр ба ин боздоштгоҳ оварда шуд.

Намояндаи Раёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия дар сӯҳбати ҳузурӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 27-уми ноябр Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба СИЗО-и рақами 1 оварда шуд ва феълан аз ҷониби муфаттишони мавриди пурсиш қарор дорад. Ҳамсӯҳбати мо аммо гуфт нагуфт, ки ин рӯҳонии тоҷик чӣ гуна боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуд, вале афзуд, ки Саид Қиёмиддин Ғозӣ саломат аст ва ҳеҷ гуна зӯроварӣ дар нисбати ӯ ҷой надорад ва пайвандонаш медонанд, ки ӯ дар ҳамин ҷо ҳузур дорад.

Вай дар мавриди бо кадом ҷурм айбдор шудани Ғозиев бехабарӣ кард ва афзуд, ки баъди анҷоми тафтишот мешавад дар ин бора сӯҳбат кард. Аммо манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки ин рӯҳонӣ барои "таблиғи мазҳаби шиа" ва "таҳқири мазҳаби ҳанафӣ", гунаҳкор дониста мешавад.

Хонаводаи Саид Қиёмиддини Ғозӣ қаблан гуфта буданд, ки ӯ ҳангоми сафараш ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия бедарак шуд. Раҷабгул Мусулмонова, ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ, рӯзи 22-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бори охир ду рӯз пеш бо ӯ тамос доштанд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ Саид Қиёмиддини Ғозӣ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шудааст.

Видеоҳои охирин

Нигоҳе ба ҳаёти генерали афғон Абдурозиқ, ки дар сӯиқасде кушта шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG