Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА аз тамомияти арзии Украина ҳимоят кард ва Русияро ба музокира хонд


Ҷон Ҳанстман, сафири Амрико дар Русия
Ҷон Ҳанстман, сафири Амрико дар Русия

Сафири Амрико дар Русия гуфт, Вашингтон ба тааҳҳудаш ба ҳимоят аз тамомияти арзии Украина содиқ аст. Ӯ изҳор дошт, ки ишғоли Қрим аз тарафи Русия ва даргирӣ дар шарқи Украина мояи аслии "сардии муносибот бо Русия аст".

Ҷон Ҳанстман рӯзи 13-уми апрел дар мусоҳиба бо бахши русии Радиои Озодӣ аз Русия хост, ба раванди муфиде, ки ба мардуми Украина имкон медиҳад кишвари худро аз нав бисозанд, ҳамроҳ шавад.

"Мо ҷиддан муроқиби тамомияти арзии Украиана ҳастем, ки шадидан поймол шудааст", - гуфт Ҳанстман. Ӯ афзуд, "ишғоли Қрим аз тарафи Маскав дар соли 2014 ва низои давомдор дар шарқи Украина... ҳал нашудааст. Барои бозсозии Украинаи ягона ва озод ҳеч қадами мусбат бардошта нашудааст."

Ҳанстман гуфт, "замони нишастан бар сари мизи музокира ва ёфтани баъзе аз роҳи ҳалҳо фаро расидааст, ки дар чанд соли гузашта сурат нагирифта буд."

Изҳороти Ҷон Ҳанстман баъди беш аз панҷ соли ишғоли нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия садо дод, ки аксар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид онро напазируфтанд.

Дар моҳи апрели соли 2014, пас аз тасарруфи Қрим, афроди мусаллаҳ ба ишғоли иншооти калидӣ дар Донбасс, минтақаи шарқии Украина, оғоз карданд, ки пас аз он ҷанги васеъмиқёс шурӯъ шуд. Дипломатҳо ва хабарнигорон собит карданд, ҷангиёне, ки аз ҳимояти Русия бархӯрдоранд, бо нерӯҳои давлатии Украина даргир шуданд. Дар ин ҷанг беш аз 13 ҳазор нафар кушта шуд.

Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон дар пайи ишғоли Қрим ва доман задани ҷанг, алайҳи Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд. Ҷон Ҳанстман гуфт, таҳримҳои зидди Русия яке аз камтарин гузинаҳо ҳаст, ки ҷумҳурихоҳон ва демократҳо дар Амрико сад дар сад бо он мувофиқанд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ моҳи ноябри соли 2016 ҳукм кард, ки ҷанг дар шарқи Украина "низои мусаллаҳонаи байналмилалӣ миёни Украина ва Русия" аст.

Бар иловаи Қрим ва низои Донбасс, Ҷон Ҳанстман аз хулосаи истихбороти Амрико иқтибос овард, ки Русия дар миёнаҳои соли 2016 кӯшиши дахолат ба интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаро кардааст. Ӯ ҳамчунин аз қазияи ҳуқуқдони Русия Сергей Магнитский ёдоварӣ кард, ки соли 2009 дар зиндон даргузашт ва боис ба эҷоди як қонун дар Амрико шуд ва хашми Маскавро барангехт.

Ҷон Ҳанстман ҳамчунон пуштибонии Амрикоро аз НАТО баён кард ва гуфт, "ин паймон аз истиқлол ва озодии тақрибан як миллиард нафар, ки арзишҳои муштарак доранд, ҳимоят мекунад".

Қаблан Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, интиқод карда буд, ки бахши асосии будҷаи паймон ба дӯши ИМА бор аст. Вай ҳамчунин унсури муҳими НАТО, яъне "ҳамла ба як узви паймон - ҳамла ба 29 кишвари узв"-ро зери суол бурд.

Ҳанстман гуфт, "фикр мекунам, як миллиард нафар сипосгузор ҳастанд, ки сулҳ ва оромии бисёре аз одамон тавассути муваффақтарин паймони амнияти дастҷамъӣ ҳифз шудааст".

Сафири Амрико дар Русия ба парвандаи ду амрикоӣ дар Маскав ҳам дахл кард ва аз Русия хост, дар робита ба парвандаи Пол Уилан, ки моҳи декабри соли 2018 дастгир шуд ва ба ҷосусӣ муттаҳам аст, далел пешниҳод кунад. Уилан ин иттиҳомро рад мекунад.

Сафир аз қарори додгоҳе дар Маскав тавсиф кард, ки рӯзи 11-уми апрел Майкл Келви, сармоягузори амрикоиро аз боздоштгоҳ раҳо ва ба ҳабси хонагӣ гузаронд.

XS
SM
MD
LG