Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нуралӣ Қурбонов. Тоҷике ки дар Маскав иззат ёфтааст


Нуралӣ Қурбонов.
Нуралӣ Қурбонов.

Ҳоло дар сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматии Тоҷикистон шахсиятҳое кор мекунанд, ки Академияи хадамоти давлатии назди раёсати ҷумҳурии Русияро хатм кардаанд.

Яке аз ташаббускорони имзои қарордоди ҳамкорӣ дар ин самт мегӯяд, ки ин академия танҳо бо Тоҷикистон чунин қарордод дорад. Академияи мазкур дар тарбияи кадрҳо таҷрибаи ҷаҳонӣ дорад ва аксари раҳбарони худи Русия низ ҳамин муассисаи тарбияи раҳбаронро хатм кардаанд.

Нуралӣ Қурбонов - профессори ин академия ва доктори илмҳои иқтисодии Русия дар сарчашмаи имзои қарордоди миёни ду кишвар қарор дошт. Нуралӣ Қурбонов дар солҳои Шӯравӣ котиби якуми Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон буд. Ӯ дар соли 1992, дар авҷи нооромиҳои водии Вахш раҳбарии вилояти ошӯбзадаи Қӯрғонтеппаро бар ӯҳда гирифт. Нуралӣ Қурбонов дар ҳамон солҳо дар баробари ҳазорон тоҷики дигар ба Русия муҳоҷират кард, вале тавонист ҷойгоҳи худро дар Маскав пайдо бикунад. Нуралӣ Қурбонов дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ чунин гуфт:

Гуфтугӯ бо Нуралӣ Қурбонов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:56 0:00
Линки мустақим

Қурбонов: "Дар давраи гузариш тарбияи кадрҳо барои Тоҷикистон бисёр зарур буд, чунки дар садорати давлат ва раҳбарии идораҳои давлатӣ, вазоратҳо ва ноҳияҳо шахсиятҳое омаданд, ки таҷрибаи комили раҳбарӣ надоштанд. Барои ҳамин ман ташаббуси тарбияи кадрҳоро пеш гирифтам. Ин масъаларо маърӯзаи як конфронси илмӣ кардам. Соли 2002 вақте, ки Шӯҳрат Султонов раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳур интихоб гардид, як сафаре ба Маскав дошт. Мо бо якдигар ҳамсӯҳбат шудем. Ман ба вай пешниҳод ва хоҳиш кардам, ки барои тарбияи кадрҳо байни Тоҷикистон ва Русия байни Правленияи Хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон ва Академия мо (Российская Академия Государственной Службы при Президенте РФ) як шартнома ба имзо расад. Султонов баъд аз бозгашт ин пешниҳодро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон расонд ва раиси ҷумҳур розӣ шуд ва ҳатто гуфт, ки ин шартнома бояд бо супориши раиси ҷумҳур ба имзо расад. Шартнома имзо шуд ва имрӯз қариб 250 нафар фарзандони пешқадами Тоҷикистон раҳбарони вазоратҳову ноҳияҳову ҳукмати имрӯзаи Тоҷикистон мебошанд. Масалан, Қоҳир Расулзода-нахуствазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов-муовини аввали нахуствазир, Азим Иброҳим-муовини нахуствазир дар ҳамин академия таҳсил кардаанд. Раҳматии Асадулло Ғуломов-муовини пешинаи нахуствазир, Абдуҷаббор Азизов-мушовири давлатии раиси ҷумҳур оид ба кадрҳо низ аз аввалин хатмкунандагони ҳамин академия буданд. Ман имрӯз ифтихор дорам, ки ҳамин гуна шахсиятҳо масъулияти раҳбарии бахшҳои муҳими ҳаёти Тоҷикистонро бар уҳда доранд."

Озодӣ: Имзои ҳамин шартнома имкони таҳсили онҳоро дар ин академия фароҳам овард?

Нуралӣ Қурбонов

Нуралӣ Қурбонов - профессори ин академия ва доктори илмҳои иқтисодии Русия дар сарчашмаи имзои қарордоди миёни ду кишвар қарор дошт. Нуралӣ Қурбонов дар солҳои Шӯравӣ котиби якуми Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон буд. Ӯ дар соли 1992, дар авҷи нооромиҳои водии Вахш раҳбарии вилояти ошӯбзадаи Қӯрғонтеппаро бар ӯҳда гирифт. Нуралӣ Қурбонов дар ҳамон солҳо дар баробари ҳазорон тоҷики дигар ба Русия муҳоҷират кард, вале тавонист ҷойгоҳи худро дар Маскав пайдо бикунад.
Қурбонов: "Бале, ҳамин тавр. Мехоҳам ёдовар шавам, ки ҳамин масъаларо раиси ҷумҳури Тоҷикистон сахт дастгирӣ кард ва имконият дод, ки кадрҳо дар ҳамин академия таҳсил кунанд. То имрӯз ин шартнома амал мекунад. Масалан, рӯзи ҷумъа ду нафар яке Сангинмурод Ҳакимов - раиси нави ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Ҳокимҷон Холиқов - сардори Департаменти бонки амонатии Тоҷикистон рисолаҳои магистрии худро ҳимоя мекунанд. Таҳсил идома дорад. Баъди аз байн рафтани Иттиҳодӣ Шӯравӣ Тоҷикистон аввалин давлате буд, ки бо академияи мо шартнома баст ва то имрӯз ягона академияе ҳаст, ки дар он фарзандони Тоҷикистон таълим мегиранд."

Озодӣ: Вақте ки шумо мехостед, ин шартнома бо Тоҷикистон ба имзо расад, фикр намекардед, ки шояд ҷониби Русия ба ин пешниҳод розӣ нашавад?

Қурбонов: "Русия дар ин бахш ташаббусро дастгирӣ кард. Дар он шабонарӯз ин пешниҳодро қабул карданд. Имрӯз академия ифтихор мекунад, ки хатмкунандагони ин академия масъулиятҳои раҳбарии бахшҳои гуногуни Тоҷикистонро бар дӯш гирифтаанд."

Озодӣ: Бубинед, чун аз Тоҷикистон омадан ва дар шаҳре мисли Маскав, ки аз шаҳрҳои гарони дунё ба шумор меравад, таҳсил кардан ва зиндагӣ кардан мушкил аст. Оё харҷ ё масорифи ононеро, ки дар ин академия таҳсил мекунанд, аз ҷониби Русия пардохт мешавад ва ё аз ҷониби Тоҷикистон?

Қурбонов: "Дар солҳои аввали иҷрои ин шартнома таҳсил саросар аз ҷониби Русия буд, лекин рафту омади онҳо аз ҷониби Тоҷикистон. Ҳар яки онҳо бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон меомаданд. Махсусан, ҳамин кадрҳо бо имзои президент пешбарӣ карда шуданд. Барои ҳамин пули рафту омади онҳоро Тоҷикистон медод ва пули таҳсилро Русия. Лекин се сол пеш ин имтиёзро Русия бекор кард, барои он, ки мувофиқи Қонуни Асосӣ гирифтани маълумоти олии дуввум бояд, ки пулакӣ бошад. Барои ҳамин бепул хонондан аз байн рафт. Бо вуҷуди ин бо пули худ дохил шуда, академияро тамом карда истодаанд."

Озодӣ: Ҳоло ҳам пешниҳоди довталабони таҳсил дар академия аз ҷониби ҳукмат аст ё худашон ихтиёрӣ меоянд?

Қурбонов: "То се сол пеш пешниҳод аз ҷониби ҳукумат буд. Ҳоло довталабон худашон меоянд."

Озодӣ: Таҳсил дар Русия ба рӯҳияву шахсияти онҳо низ таъсир мегузорад?

Қурбонов: "Онҳо дар ин ҷо на танҳо илм меомӯзанд. Вақте ки дар ин ҷо мехонанд, ҳамкурсҳо дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор мекунанд ва хатмкунандагони Тоҷикистон имрӯз дар сатҳи вазиру раҳбари ташкилотҳои давлатӣ кор мекунанд. Чунин ҳолат имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо бо якдигар наздик шаванд."
XS
SM
MD
LG