Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон дар гуфтӯгу бо Радиои Озодӣ, барканориаш аз қудрат дар соли 2010-ро "табаддулоти мусаллаҳона" номид. Боқиев, ки баъд аз қиёмҳои мардумӣ ба Беларус гурехт, ба бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, дар таъмини амнияти ӯ Барак Обама, Дмитрий Медведев ва Владимир Путин нақш доштанд. Қурмонбек Боқиевро соли 2010 бо гуноҳи даст доштан дар қатли тазоҳургарон ғоибона ба зиндони якумрӣ маҳкум карданд, вале ӯ дар Ҷумҳурии Беларус ҳаққи паноҳандагӣ дорад.
Сӯҳбати видеоӣ бо тарҷумаи тоҷикӣ дар инҷост:
Радиои Озодӣ: Мусоҳиба бо Роза Отунбоеваро хондем ва ӯ мегӯяд, ки президентҳои Қазоқистону Русия ва Амрико қарор карданд, Шуморо аз Қирғизистон берун баранд ва сипас аз президенти Белорус хостанд, бароятон кумак кунад. Шумо дар ин бора чӣ медонед?
Меваҳои инқилоби Қирғизистон баъди 6 сол
Меваҳои инқилоби Қирғизистон баъди 6 сол
Беларус, ки ба Боқиев паноҳгоҳи сиёсӣ додааст, аз таслими ӯ ба Бишкек худдорӣ мекунад.
Қурмонбек Боқиев: "Ба фикри ман, ӯ ҳодисаҳои моҳи апрели соли 2010-ро табаддулот номид, ки дуруст аст. Гӯё Барак Обама дар он вақт аз президентҳои Қазоқистону Русия, дар он вақт Дмитрий Медведев хостааст, ки дар бораи амнияти ману оилаам фикр кунанд. Шояд ингуна гуфтугӯ шуда бошад. Чанде баъд Владимир Путин ба ман занг зад ва гуфт, беҳтар аст, кишварро тарк кунам, зеро агар низои байни минтақаҳо сар занад, маро гунаҳкор хоҳанд кард. Мумкин буд, низоъ шавад, чун гурӯҳҳои алоҳидаи мардум дар ҷануб ҷамъ меомаданд. Норизоиятӣ зиёд буд. Баъдан ба ман Александр Лукашенко занг зад. Садояшро шинохтам. Ӯ бо шухӣ шурӯъ кард, "Қурмонбек ҳоло ҳам зиндаӣ?" Ман гуфтам, Худоро шукр зиндаам. Суоли дувумаш ин буд: "Аз пашша наметарсӣ?" Ба худ гуфтам, ҳоли ман бад аст, вале ӯ шӯхӣ мекунад. Гуфтам, ман дар Русия дар назди дарёи Волга зиндагӣ кардаам ва онҷо пури пашша аст. Ӯ гуфт, "чӣ фикр мекунед, агар Шуморо инҷо биёрем. Ман розӣ шудам, чун инҷо монеаи забонӣ вуҷуд надошт."
Радиои Озодӣ: Бо моликияти Шумо дар Қирғизистон чӣ шуд? Мегӯянд, ки онҳоро давлатӣ карданд ва баъзеро худи мақомоти баландпоя, аз ҷумла раиси ҷумҳур Алмосбек Отамбоев гирифтааст...
Қурмонбек Боқиев: "Ман ин қадар пул надорам. Мардум мегӯянд, Максим писари ман пулдор аст. Ӯ тоҷир аст, ман ҳатто намедонам, ӯ чӣ гуна моликият дорад. Ӯ ба Лондон рафт, ҳуқуқдон аст. Агар аз роҳи ғайриқонунӣ сарват ҷамъ карда бошад, пас, додгоҳи Қирғизистон ба Додгоҳи олии Лондон муроҷиат кунад ва бигӯяд, ки "ин одам ғайриқонунӣ миллионҳову миллиардҳо долларро аз кишвар берун бурдааст ва ҳоло дар хориҷ аз зиндагӣ лаззат мебарад. Чаро онҳо ба Додгоҳи Олии Лондон намераванд ва инро намегӯянд?"