Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳидоят Бишчевич: Сафири ғарбӣ будан дар Тоҷикистон осон нест. ВИДЕО, САДО


Ҳидоят Бишчевич
Ҳидоят Бишчевич

Ҳидоят Бишчевич, раҳбари намояндагии дипломатии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, баъди чаҳор соли маъмурият Душанберо тарк хоҳад кард. Дипломати 66-сола рӯзи 14-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар бораи таҷрибаи кораш дар Тоҷикистон, дидгоҳҳояш ба ояндаи ин кишвар ва нақшаҳои худ изҳори назар кард.

Мақомоти Тоҷикистон диди рушди иқтисодиро доранд, аммо дар мавриди ҳалли риёзии ин вазифа миқдори зарурии мутахассисонро дар ихтиёр надоранд.

Радиои Озодӣ: То ду ҳафтаи дигар маъмурияти Шумо дар Тоҷикистон поён меёбад. Бардоштатон аз кор дар Тоҷикистон чӣ аст? Агар аз рӯи ҷадвали даҳбаллӣ баҳо диҳед, рушди Тоҷикистон аз назари озодиҳои сиёсиву ҷамъиятӣ дар куҷост?

Ҳидоят Бишчевич: Чаҳор сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дорам. Рӯзҳои охир худам низ дар фикри он ҳастам, ки дар тӯли ин чаҳор сол ба чӣ дастовардҳое ноил шудаам. Агар Иттиҳодияи Аврупо дар тӯли чаҳор соли охир ба Тоҷикистон кумак кардааст, ин ёриҳо ба чӣ наҳва расидаанд? Фикр мекунам, Тоҷикистон дар ин муддат дар шароити ҷаҳони бӯҳронӣ тавонист сулҳу субот дар кишварро ҳифз кунад. Аз лиҳози таърихӣ ин дастоварди муҳимтарин мебошад. Зеро, ҷаҳон ба як марҳилаи муносиботи байналмилалие ворид шудааст, ки бархе кишварҳо дар давоми як ҳафта ҳам аз байн бурда мешаванд. На танҳо кишварҳо, балки минтақаҳо низ қурбонии чунин марҳилаи хушунатомези ҷаҳонӣ шудаанд. Дар чунин вазъият дастоварди мақомот ва мардуми Тоҷикистон ҳифзи сулҳу субот дар кишвар аст. Ҳарчанд, ба бовари ман, ҳаводиси рӯзҳои ахир аз вуҷуди нерӯҳое паём медиҳанд, ки мухолифи чунин раванди рушди Тоҷикистон мебошанд. Яъне, рушди Тоҷикистон ба гунаи як кишвари дунявии дорои иқтисоди мустақил. Метавонам ҳатто бигӯям, ки ин поёни як муҳориба барои ҳуввияти кишвар буд. Эҳтимол дорад, чунин наҳваи рушди Тоҷикистон ба касе хуш намеояд. Вале ба унвони намояндаи Иттиҳодияи Аврупо метавонам бигӯям, ки мо дар Тоҷикистон ҳастем ва аз чунин самти рушди Тоҷикистон пуштибонӣ мекунем. Ҳарчанд, масоиле дар ин кишвар вуҷуд дорад, ки ҳалли он ё

пешравӣ дар ин заминаро мо ҳамчунон интизорем. Ин масоил марбути риояи ҳуқуқи инсон, озодии сухан ва матбуот ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Мо дарк мекунем, ки ҳалли ин масоил ба рушди таърихии кишвар низ вобаста аст. Ҳар яке аз ин мавзӯъро бояд дар пасманзари рушди кулли кишвар баррасӣ кард. Масъулияти ояндаи кишвар танҳо бар дӯши мақомот нест, балки ҳамаи ҷомеа бояд ба он ҷавобгар бошад. Агар дар ҷомеа якдигарфаҳмӣ набошад, мо дидем, ки бархе аз кишварҳо ба мисли Сурия, ба чӣ сарнавиште гирифтор шуданд. Ҳадафи асосии Иттиҳодияи Аврупо ба таъмини субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ вобаста аст. Вале ҳамзамон мо риояи арзишҳои умумбаширӣ ба монанди озодиҳои иқтисодиву сиёсӣ, гуногунандешӣ ва ҳуқуқи инсонро канор намегузорем.

Навори видеоро дар инҷо тамошо кунед:

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:13 0:00

Радиои Озодӣ: Ба саволи ман дар бораи арзёбӣ тибқи ҷадвали даҳдараҷаӣ посух надодед...

Ҳидоят Бишчевич

Дипломати хорват 66 сол дошта, зодаи шаҳри Сараевои Югославияи собиқ аст. Дар гузашта ба ҳайси журналист ва сардабири нашрияи "Vjesnik" ва таҳлилгари сиёсӣ ва масоили байналмилалӣ кор кардааст. Муаллифи китоб ва таҳқиқоти сиёсӣ роҷеъ ба сабабҳои пошхӯрии Югославия, инқилоби исломии Эрон ва ҷанги Эрону Ироқ аст. Дар соли 1992 ба фаъолияти дипломатӣ гузашт ва корро дар вазорати хориҷаи Хорватия аз мақоми раиси департаменти Осиё ва кишварҳои арабӣ шурӯъ кард. Баъди ин солҳои мухталиф дар вазифаҳои сафири Хорватия дар Туркия ва Русия кор кардааст. Аз соли 2014 то охири августи 2018 - раҳбарии намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистонро ба ӯҳда доштааст.

Ҳидоят Бишчевич: Ҳмм, саволи душвор. Росташро мегӯям, посух ба ин савол бароям душвор аст. Агар шаш бигӯям, камтар мешавад. Агар баҳои ҳашт гузорам, сахт баланд аст... Дар арзёбии мавзӯи озодиҳои сиёсӣ бояд рушди сиёсии таърихии Тоҷикистон дар 25 соли охирро ба инобат бигирем. Намегӯям, ки аз озодиҳои сиёсӣ бояд сарфи назар кард, вале воқеиятҳоро набояд фаромӯш кард.

Радиои Озодӣ: Оё дар Тоҷикистон сафири як кишвари ғарбӣ будан осон аст?

Ҳидоят Бишчевич: Не. Росташро мегӯям, дар Тоҷикистон сафири як кишвари ғарбӣ будан душвор аст. Танҳо дар он вақт осон мебуд, ки ман ба унвони сафири ғарбӣ ба Тоҷикистон биёям ва бо дарназардошти ақибмонии кишвар дар ҳама арсаҳо назди вазире бидароям ва бигӯям, ки "ана ин камбудиҳо ҳаст ва бояд ислоҳ кунед". Яъне, агар вазифаи сафир танҳо аз интиқоди мақомот иборат бошад, он вақт осон мебуд. Вале ман ҳамеша мухолифи чунин тарзи корбарӣ будам. Чунин вазъиятро ман дар кишвари худам – Хорватия, минтақаи худ ва Украина низ вохӯрдаам. Бар ин хулоса расидаам, ки ҳар кишвар бояд аз ин марҳила убур карда, ба сатҳи баландтаре бирасад. Танҳо интиқод роҳи сарбастаест, ки дар ниҳоят самар намедиҳад. Аммо ҳаминро дастоварди худ медонам, ки дар ду соли ахир ҳамдигарфаҳмии миёни Брюссел ва Душанбе ва Тоҷикистону кишварҳои аврупоӣ ба сатҳи баланде расид. Ҳатто агар ҷонибҳо мавқеи гуногун дошта бошанд ҳам, метавонанд паси мизи музокирот мушкилеро баррасӣ кунанд. Ба унвони мисол, раҳбарияти мо дар Брюссел аз тасвиби қонуни танзим сахт нигарон буданд, зеро муқаррароти он ҳарими хусусиро нақз мекунад. Ман барояшон фаҳмонидам, ки агар мехоҳед ин мушкилро дарк кунед, пас, бояд ҳадди ақал 6 моҳ дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, вазъи зиндагии тоҷиконро аз наздик бубинед. Онҳо маҷбур мешаванд барои баргузории як тӯи арӯсӣ аз хешовандону бонкҳо қарз бигиранд. Дар натиҷа, муваффақ шудем раванди муколама ва эҳтироми ҳамдигарро ҳифз кунем.

Радиои Озодӣ: Дар гузашта аз сангин будани сатҳи андоз дар Тоҷикистон танқид карда будед. Оё мақомоти тоҷик ба ин назари Шумо вокуниш нишон доданд?

Ҳидоят Бишчевич
Ҳидоят Бишчевич

Ҳидоят Бишчевич: Фикр мекунам бо мусоидати Иттиҳодияи Аврупо ва шарикони дигари рушд дар Тоҷикистон аҳамияти ин мушкил хеле рӯшан шуд. Мақомот дарк карданд, ки барои ҷалби бештари сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон бояд сиёсати андозбандиро шаффоф ва сабуктар кунанд. Зеро, бидуни ҷалби сармояи хориҷӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд намекунад. Агар Тоҷикистон мехоҳад, ки сармоягузорони аврупоӣ вориди иқтисоди ин кишвар шаванд, бояд сиёсати андозбандиашро мушшахасу шаффоф карда, тоҷиронро аз санҷишҳои бешумор озод кунад.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, мо иттилоъ дорем, ки Шумо бо президент Раҳмон дар бораи барномаи рушди иқтисодии Тоҷикистон то соли 2030 сӯҳбати тӯлоние доштед. Оё метавонед баъзе аз ҷузъиёти ин суҳбатро барои мо рӯшан созед?

Ҳидоят Бишчевич: Ҳанӯз дипломате вуҷуд надорад, ки ҷузъиёти суҳбатҳояш бо мақомоти кишвареро ифшо созад. Аз суҳбатҳо бо президент Раҳмон ва вазирони умури хориҷиву молия ва рушди иқтисод дарк кардам, ки Тоҷикистон чанд марҳилаи рушди иқтисодиро паси сар кардааст. Марҳилаи аввал – ҷустуҷӯи масири рушд, марҳилаи дувум – ҷанги шаҳрвандӣ ва севум - бозсозӣ. Аммо, марҳилаи чаҳорумро марҳилаи рукуд номидан мумкин аст, зеро Тоҷикистон рушд намекарду ҳар лаҳза метавонист ба коми яке аз кишварҳои наҳанги иқтисодӣ биравад. Мақомот дарк карданд, ки як барномаи воқеии рушди иқтисодӣ зарур аст. Иттиҳодияи Аврупо низ дар таҳияи ин барнома мусоидат кардааст. Ҳоло мақомоти Тоҷикистон Иттиҳодияи Аврупоро барои мусоидат дар иҷрои ин барномаи иқтисодӣ даъват кардааст. Коршиносони мо аллакай ним сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Мақомоти тоҷик диди рушди иқтисодиро доранд, аммо дар мавриди ҳалли риёзии ин вазифа миқдори зарурии мутахассисони ҳирфаиро дар ихтиёр надоранд.

Радиои Озодӣ: Иттиҳодияи Аврупо хостори бозбинии ҳукми хабарнигор Хайрулло Мирсаидов шуд. Шумо ӯро бегуноҳ меҳисобед?

Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Ҳидоят Бишчевич
Лаҳзае аз суҳбати Искандари Фирӯз бо Ҳидоят Бишчевич

Ҳидоят Бишчевич: Ман ҳақ надорам ҳукми додгоҳии кишвареро шарҳ бидиҳам. Аммо мо - се сафири аврупоӣ дар Тоҷикистон пешниҳод карда будем, ки ин ҳукм бозбинӣ шавад. На танҳо дар масъалаи Хайрулло Мирсаидов, балки нисбат ба масоили дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон тасмимҳои дигаре гирифта шавад. Ин ҳама ба суди Тоҷикистон хоҳад шуд. Ба унвони мисол, ҳоло Тоҷикистон мехоҳад мақоми шарики тиҷоратии боимтиёзи Иттиҳодияи Аврупоро соҳиб шавад. Агар мо ин масъаларо ба вакилони аврупоӣ пешниҳод кунем, онҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон ба унвони узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат бояд 27 конвенсияро тасвиб кунад, ки яке аз онҳо ба озодии сухан марбут аст. Дар акси ҳол вакилон метавонанд мухолифи додани чунин имтиёз ба Тоҷикистон шаванд.

Радиои Озодӣ: Оё дар робита ба фоҷиаи рухдода бо сайёҳон дар ноҳияи Данғара иттилои тозае дар даст доред? Зеро, дар ин ҳодиса сайёҳони аврупоӣ низ кушта шудаанд.

Ҳидоят Бишчевич: Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо ниҳоди тафтишотӣ нест ва ба ин далел иттилои наве дар ин замина надорем. Вале мо сипосгузорем аз ҳукумати Тоҷикистон ва бавижа Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, ки ба мо ҳар як ҳолати нави ошкоршуда дар ин қазияро ироа мекунанд. Фикр мекунам, ин ҳодиса танҳо ҳамла ба дучархасаворон набуд. Аз ин ҳама чанд паёмеро метавон дид. Нахуст, ҳамла дар ноҳияи Данғара сурат гирифт. Ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ буд. Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли рушди сайёҳӣ мехоҳад дар ин арса фоидаи бештареро ба даст оварад. Ҷавонон, ки ин ҷиноятро содир кардаанд, дар меҳвари асосии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд. Чанд ҳафта қабл аз вуқӯи ин ҷиноят Тоҷикистон мизбони ҳамоиши байналмилалии мубориза бо терроризм буд. Дастандаркорони ин ҳамла мехостанд бо як иқдом тамоми авлавиятҳои сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро зери савол гузоранд.

Радиои Озодӣ: Шумо ба маҳалли анҷоми ин ҷиноят ишора кардед. Манзуратон зодгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст?

Бо худ аз Тоҷикистон санг мебарам. Санги оддӣ, на гаронбаҳо. Тӯли чаҳор соле, ки дар Тоҷикистон будам, аз ҳар минтақа бо худ санге меовардам ва болояш исми ҳамон маҳаллро менавиштам. Чанд рӯз қабл ин сангҳоро бо почта ба Хорватия фиристодам ва вазнаш ҳудуди 150 кило шуд.

Ҳидоят Бишчевич: Бале. Тоҷикистон дар ҳоли пешравист, вале ин ҳама ба касе маъқул нест. Онҳо хостанд ба ҷаҳониён паём диҳанд, ки на ҳама дар кишвар бо чунин вазъ розӣ аст. Набояд фаромӯш кард, ки баъди як ё якуним соли дигар дар Тоҷикистон интихоботи навбатӣ бояд баргузор шавад. Ин ҳама омилҳо тасодуфӣ нестанд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби сафир, ҷойгузини Шумо дар курсии сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон кӣ мешавад?

Ҳидоят Бишчевич: Раҳбари сиёсии Иттиҳодияи Аврупо хонум Моғиринӣ аллакай номзадии сафири навро эълон кард ва Душанбе ин номзадро қабул дорад. Ин диплопат аз Шветсия хонум Мерлин Йозефсон аст. Аввали моҳи сентябр баъд аз рафтани ман ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Радиои Озодӣ: Ба ҷойгузини худ барои тақвияти ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо чӣ машварат медиҳед?

Ҳидоят Бишчевич: Бо Мерлин Йозефсон дар тамос ҳастам ва барояш машварат додам, ки барои ҳифзи сатҳи баланди муносибатҳои миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон талош бикунад. Танҳо дар ин сурат ҳарду ҷониб ба қуллаҳои баландтаре хоҳанд расид.

Сафири Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон меравад - Гуфтугӯ бо Ҳидоят Бишчевич
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Аз Тоҷикистон ёдгорие бо худ мебаред?

Ҳидоят Бишчевич: Ман хеле сари ин мавзӯъ фикр кардам ва ба хулосае расидам, ки бо худ чизе намебарам, аммо аз худам дар ин ҷо ёдгорие мегузорам.

Радиои Озодӣ: Яъне, чӣ?

Ҳидоят Бишчевич: Дар Тоҷикистон ҳамзамон бо иҷрои вазифаам ман рассомӣ ҳам мекардам. Дар тӯли чаҳор сол ҳудуди 50 наққошӣ офаридаам. Дар як музояда ман ин наққошиҳоро ба фурӯш гузошта, ҳудуди 2 ҳазор евро ба даст овардам. Ин маблағро барои хайрия ба муассисаҳои томактибиву ятимхонаҳо дар Душанбеву Норак сарф кардам. Бо худ аз Тоҷикистон санг мебарам. Санги оддӣ, на гаронбаҳо. Тӯли чаҳор соле, ки дар Тоҷикистон будам, аз ҳар минтақа бо худ санге меовардам ва болояш исми ҳамон маҳаллро менавиштам. Чанд рӯз қабл ин сангҳоро бо почта ба Хорватия фиристодам ва вазнаш ҳудуди 150 кило шуд. Баъд аз бозгашт ба ватан бознишаста мешавам ва мехоҳам як Академияи хусусии дипломатӣ таъсис бидиҳам.

XS
SM
MD
LG