Пайвандҳои дастрасӣ

Тафсилоти болоравии нархи Интернет дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон таърифаҳои нави худро барои гуфтугӯҳои мобилӣ ва истифода аз интернет эълон карданд.

Як тағйироти дигар ин аст, ки аз 18-уми апрел ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон интернети "номаҳдуд" ва бе лимити мобилӣ надоранд.

Нархи нави интернети мобилӣ дар Тоҷикистон аз 18-уми апрел ҷорӣ мешавад. Якбора ду баробар гарон шудани нархи интернет бисёре аз корбаронро дар Тоҷикистон дар дуроҳа қарор додааст: истифодаи интернетро шадидан кам кунанд ё пурра аз он даст кашанд?

"Шералӣ" ё "Алишер" - фарқ дар чист?

Фармони рақами 31-и Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон аз 4-уми марти имсол анбуҳи таърифаҳо ва бастаҳои интернетии ширкатҳои мобилиро, ба истилоҳ, "дарзмол" кард.

Ширкатҳои мобилӣ аз 13-уми апрел яке пайи дигар таърифаҳои нави худро эълон карданд. Ширкати Бабилон таърифаҳои худро "Муносиб"; Мегафон - "Оддӣ"; Тселл - "Салом" ва Билайн - “Қулай” ном гузоштанд. Аммо дар асл нархи таърифаҳои чаҳор ширкати мобилӣ аз ҳам фарқ надоранд.

Новобаста ба он ки Шумо муштарии кадоме аз ин ширкатҳо ҳастед, аз 18-уми апрел барои ҳар як мегабайт интернет 6,2 дирам пардохт хоҳед кард. Ба ибораи дигар, 1 гигабайт интернети мобилӣ на кам аз 62 сомонӣ хоҳад буд.

Шарҳро бо рақамҳо дар ин навор бинед:

Тафсилоти болоравии нархи интернет ва гуфтугӯи мобилӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

"Як рӯзи дигар барои интернети арзон"

Дар фосилаи як рӯзи дигар то ба иҷро даромадани нархномаи нави интернет, ширкатҳои мобилӣ бастаҳои 10, 20 ва 100-гигабайтии интернетро ба муштариён пешниҳод доранд.

Нархи ҳар мегабайт интернети ин бастаҳо барои Шумо аз 0,06 то 0,012 дирам меафтад ва онро то охири сол ҳақ доред истифода баред. Пас аз 18-уми апрел нархи 1 мегабайт интернет 6,2 дирам хоҳад шуд.

Ҳамсуҳбати мо дар яке аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон нархҳои нави интернетро чунин тасвир кард: "То кунун ҳолатҳое рух медоданд, ки бастаҳои интернетии муштариён тамом мешуд ва онҳо бехабар аз ин истифодаи интернетро давом медоданд. Маблағи суратҳисобашон зуд тамом шуда, асабонӣ ба ширкат занг мезаданд. Ҳоло агар мехоҳед аз интернет истифода кунед, ҳамон ҳолати бастаҳои тамомшударо ба ёд биёред. Фақат фарқ дар он аст, ки нархи интернет аз он ҳам ба маротиба болотар аст."

"Алвидоъ, интернети номаҳдуд"

Як тағйироти дигар ин аст, ки аз 18-уми апрел ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон интернети "номаҳдуд" ва бе лимити мобилӣ надоранд. Бархе аз истифодабарандагони модем ва ё wi-fi роутерҳо, ки то ба ҳол аз таърифаҳои бе лимити интернети мобилӣ баҳра мебурданд, аз он маҳрум мешаванд.

Агар Шумо модем ва дастгоҳи wi-fi доред, ки бо интернети беноқил тавассути сим-корт пайваст аст, пас, мувозиб бошед, ки ҳар мегабайти он 6,2 дирам аз ҷайби Шуморо кам мекунад.​

Нархи гуфтугҳои мобилӣ чанд хоҳад буд?

Аз 18-уми апрел нархи гуфтугӯҳои оддӣ низ тариқи телефони мобил дигар мешавад. Ширкатҳо дар маҷмӯъ се таърифаро бо номҳои гуногун, аммо нархҳои яксон ба муштариёнашон пешниҳод мекунанд.

Таърифаи 1:

Пардохти абонентӣ - 25 сомонӣ. Муоширати номаҳдуд дар дохили шабака ва 20 дақиқа гуфтугӯ ва 20 SMS ба ширкатҳои дигари Тоҷикистон.

Таърифаи 2:

Пардохти абонентӣ - 30 сомонӣ. 200 дақиқа гуфтугӯ дар дохили шабака ва 30 дақиқа ба ширкатҳои дигар. SMS/MMS – бемаҳдуд дар қаламрави Тоҷикистон.

Таърифаи 3:

Пардохти абонентӣ - 35 сомонӣ. 100 дақиқа гуфтугӯ ва 330 SMS/MMS ба ҳама ширкатҳои Тоҷикистон.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG